فَٱصۡبِرۡ إِنَّ وَعۡدَ ٱللَّهِ حَقࣱّۚ فَإِمَّا نُرِيَنَّكَ بَعۡضَ ٱلَّذِي نَعِدُهُمۡ أَوۡ نَتَوَفَّيَنَّكَ فَإِلَيۡنَا يُرۡجَعُونَ ٧٧
Ghafir 40:77
سورة غافر
Meccan
Verse: 77/85
Page 475
-
Arifi
الترجمة الطاجيكية - عارفي
[Эй паёмбар, бар озори мушрикон] Шикебо бош, ки ваъдаи илоҳӣ ҳақ аст ва агар бархе аз муҷозотҳоеро, ки ба онон ваъда додаем, [дар зиндагӣ] ба ту бинамоем ё [пеш аз нузули азоб] ҷони туро бигирем, дар ҳар ҳол ба пешгоҳи мо бозгардонда мешаванд [ва роҳи гурезе аз азоб надоранд] -
Тоҷикӣ translation
الترجمة الطاجيكية
77. Эй Расул, пас, сабр кун ва дар роҳи даъвати худ давомат кун албатта, ваъдаи Аллоҳ рост аст. Он чӣ ба ту ваъда додаем, зуд аст, ки барои ту онро иҷро намоем, ё баъзе аз он чизҳоро(1), ки ба он мушрикон ваъда додаем, ба ту нишон медиҳем, то онро мушоҳида кунӣ, ё туро пеш аз фаро расидани азоб бар онҳо бимиронем, пас рӯзи
қиёмат онҳо ба назди Мо бозгардонида шаванд ва ба сабаби куфре, ки варзидаанд, онҳоро зуд ба азоби сахте бичашонем.(2)
1. Яъне, азобро. 2. Тафсири Табарӣ 21\418 -
Tajik - Tajik translation
Пас сабр кун, албатта, ваъдаи Худо рост аст. Е баъзе аз он чизҳоро, ки ба онҳо ваъда додаем, ба ту нишон медиҳем ё туро бимиронем ва онҳо ба назди Мо бозгардонида шаванд.
Ghafir 40:77
Loading the recitation…
0:00