فَلَمۡ يَكُ يَنفَعُهُمۡ إِيمَٰنُهُمۡ لَمَّا رَأَوۡاْ بَأۡسَنَاۖ سُنَّتَ ٱللَّهِ ٱلَّتِي قَدۡ خَلَتۡ فِي عِبَادِهِۦۖ وَخَسِرَ هُنَالِكَ ٱلۡكَٰفِرُونَ ٨٥
Ghafir 40:85
سورة غافر
Meccan
Verse: 85/85
Page 476
-
Arifi
الترجمة الطاجيكية - عارفي
Аммо имон оварданашон ба ҳангоми мушоҳидаи азоб ҳеҷ суде надошт. Ин суннати илоҳӣ [ки дар ҳангоми азоб тавбаи касе пазируфта намегардад, ҳамвора] дар мавриди бандагони Аллоҳ таоло ҷорӣ будааст ва дар ин ҷо кофирон зиёнкор шуданд -
Тоҷикӣ translation
الترجمة الطاجيكية
85. Аммо он ҳангом ки азоби Маро диданд, дигар имонашон барояшон фоидае набахшид. Зеро имонашон аз рӯи ночорӣ ва маҷбурӣ буд, на аз рӯи ихтиёрӣ. Ин суннати Аллоҳ аст, ки миёни бандагонаш гузоштааст,
ки имон овардан ҳангоми мушоҳидаи азоб ба ҳолашон фоидае надорад. Ва кофирон дар он рӯз аз чашондани азоб зиён мебинанд! -
Tajik - Tajik translation
Аммо ба он ҳангом, ки азоби Моро диданд, дигар имонашон барояшон суде набахшид, Ин суннати Худост дар рафтор бо бандагонаш. Ва кофирон дар он рӯз зиён карданд!
Ghafir 40:85
Loading the recitation…
0:00