قُلۡ يَٰٓأَيُّهَا ٱلنَّاسُ قَدۡ جَآءَكُمُ ٱلۡحَقُّ مِن رَّبِّكُمۡۖ فَمَنِ ٱهۡتَدَىٰ فَإِنَّمَا يَهۡتَدِي لِنَفۡسِهِۦۖ وَمَن ضَلَّ فَإِنَّمَا يَضِلُّ عَلَيۡهَاۖ وَمَآ أَنَا۠ عَلَيۡكُم بِوَكِيلࣲ ١٠٨
Yunus 10:108
سورة يونس
Meccan
Verse: 108/109
Page 221
-
Arifi
الترجمة الطاجيكية - عارفي
Бигӯ: «Эй мардум, ҳақ аз ҷониби Парвардигоратон бароятон омадааст, пас, ҳар ки ҳидоят ёбад, ба суди хеш ҳидоят меёбад ва ҳар ки гумроҳ гардад, ба зиёни хеш гумроҳ мегардад ва ман [муроқибу] коргузори шумо нестам» -
Тоҷикӣ translation
الترجمة الطاجيكية
108. Бигӯ: «Эй мардум, паёми ростин, ки Қуръон аст аз ҷониби Парвардигоратон тавассути паёмбари содиқи охирзамон бароятон омадааст. Пас, ҳар кас, ки ба роҳи рост ҳидоят ёбад, ҳидоят ба фоидаи ӯст. Ва ҳар кӣ аз ҳақ гумроҳ гардад, ба зиёни хеш ба гумроҳӣ афтодааст. Ва ман ӯҳдадори муроқиби аъмол ва масъули назорат бар афъоли шумо нестам ва қудрати онро надорам, ки шуморо аз куфр боздорам ва ба пазириши имон водор созам».
1. Тафсири Табарӣ 15\220 -
Tajik - Tajik translation
Бигӯ: «Эй мардум, паёми ростин аз ҷониби Парвардигоратон бароятон, фаро расид. Пас ҳар кас, ки ба роҳи рост ҳидоят ёбад, ҳидоят ба суди ӯст. Ва ҳар ки гумроҳ гардад, ба зиёни худ ба гумроҳӣ афтодааст. Ва ман ӯҳдадори шумо нестам».
Yunus 10:108
Loading the recitation…
0:00