وَمَا ظَنُّ ٱلَّذِينَ يَفۡتَرُونَ عَلَى ٱللَّهِ ٱلۡكَذِبَ يَوۡمَ ٱلۡقِيَٰمَةِۗ إِنَّ ٱللَّهَ لَذُو فَضۡلٍ عَلَى ٱلنَّاسِ وَلَٰكِنَّ أَكۡثَرَهُمۡ لَا يَشۡكُرُونَ ٦٠
Yunus 10:60
سورة يونس
Meccan
Verse: 60/109
Page 215
-
Arifi
الترجمة الطاجيكية - عارفي
Ва касоне, ки бар Аллоҳ таоло дурӯғ мебанданд, [дар бораи] рӯзи қиёмат чи мепиндоранд? Бе гумон, Аллоҳ таоло бар [ҳамаи] мардум фазл [-у бахшиш] дорад, вале бештарашон сипос намегузоранд -
Тоҷикӣ translation
الترجمة الطاجيكية
60. Онон, ки дар бораи рӯзи қиёмат ба Аллоҳ дурӯғ мебанданд, чӣ гумон кардаанд? Оё гумон мекунанд, ки бо ин кирдорашон гуноҳонашон омурзида мешавад? Аллоҳ фазли худро ба мардумон арзонӣ медорад, ки онҳоро зуд ба азоб намегирад, балки дар дунё мӯҳлаташон медиҳад, вале бештаринашон шукр намегӯянд ва ба худ вазнинӣ меоранд ва ҳалолкардаи Аллоҳро бар худ ҳаром мекунанд!(1)
1. Тафсири Ибни Касир 4\276 -
Tajik - Tajik translation
Онон, ки ба Худо дурӯғ мебанданд, дар бораи рӯзи қиёмат чӣ гумон кардаанд? Худо фазли худро ба мардумон арзонӣ медорад, вале бештаринашон шукр намегуянд!
Yunus 10:60
Loading the recitation…
0:00