ثُمَّ بَعَثۡنَا مِنۢ بَعۡدِهِۦ رُسُلًا إِلَىٰ قَوۡمِهِمۡ فَجَآءُوهُم بِٱلۡبَيِّنَٰتِ فَمَا كَانُواْ لِيُؤۡمِنُواْ بِمَا كَذَّبُواْ بِهِۦ مِن قَبۡلُۚ كَذَٰلِكَ نَطۡبَعُ عَلَىٰ قُلُوبِ ٱلۡمُعۡتَدِينَ ٧٤
Yunus 10:74
سورة يونس
Meccan
Verse: 74/109
Page 217
-
Arifi
الترجمة الطاجيكية - عارفي
Сипас баъд аз ӯ паёмбароне ба сӯйи қавмаш фиристодем ва муъҷизоти равшан [бар эшон] оварданд, вале онҳо бар он набуданд, ки ба чизе имон биёваранд, ки аз пеш онро дурӯғ шумурда буданд. Бад-ин сон, бар дилҳои таҷовузкорон [аз ҳудуди илоҳӣ] муҳр мениҳем -
Тоҷикӣ translation
الترجمة الطاجيكية
74. Сипас баъди Нӯҳ паёмбароне ( чун Ҳуд, Солеҳ, Иброҳим, Лут ва Шуайб ва дигаронро) бар қавмашон фиристодем ва онон далелҳои равшане оварданд бар ҳақ будани паёмбариашон, вале мардум ба он чӣ пеш аз он дурӯғ бароварда буданд, насиҳатҳои паёмбаронро қабул накарданд ва имон наоварда буданд. Ҳамчунин бар дилҳои таҷовузкорон мӯҳр мениҳем!(1)
1. Тафсири Табарӣ 15\154 -
Tajik - Tajik translation
Он гоҳ пас аз ӯ паёмбароне бар қавмашон фиристодем ва онон далелҳое равшан оварданд, вале мардум ба он чӣ пеш аз он дурӯғ бароварда буданд, имон оваранда набуданд. Бар дилҳои таҷовузкорон инчунин мӯҳр мениҳем!
Yunus 10:74
Loading the recitation…
0:00