وَقَالَ ٱلَّذِي ٱشۡتَرَىٰهُ مِن مِّصۡرَ لِٱمۡرَأَتِهِۦٓ أَكۡرِمِي مَثۡوَىٰهُ عَسَىٰٓ أَن يَنفَعَنَآ أَوۡ نَتَّخِذَهُۥ وَلَدࣰاۚ وَكَذَٰلِكَ مَكَّنَّا لِيُوسُفَ فِي ٱلۡأَرۡضِ وَلِنُعَلِّمَهُۥ مِن تَأۡوِيلِ ٱلۡأَحَادِيثِۚ وَٱللَّهُ غَالِبٌ عَلَىٰٓ أَمۡرِهِۦ وَلَٰكِنَّ أَكۡثَرَ ٱلنَّاسِ لَا يَعۡلَمُونَ ٢١
Yusuf 12:21
سورة يوسف
Meccan
Verse: 21/111
Page 237
-
Arifi
الترجمة الطاجيكية - عارفي
Ва он шахс аз [мардуми] Миср [Азиз], ки ӯро харида буд, ба ҳамсараш гуфт: «Мақомашро гиромӣ бидор. Умед аст, ки бароямон судманд бошад ё ӯро ба фарзандӣ бигирем». Ва инчунин буд, ки Юсуфро дар [он] сарзамин арҷманд [-у муқтадир] гардонидем, то ба ӯ таъбири хоб биёмӯзем; ва Аллоҳ таоло бар кори хеш [тавоно ва] чира аст, вале бештари мардум намедонанд -
Тоҷикӣ translation
الترجمة الطاجيكية
21. Ва касе аз мардуми Миср (яъне азизи Миср), ки ӯро харида буд, ба занаш гуфт: «То дар ин ҷост, гиромияш бидор, шояд ба мо суде бирасонад ё ӯро ба фарзандӣ бипазирем». Ва ҳамчунин Юсуфро дар замини Миср мартабаи баланд додем ва ӯро молики хазинаҳои Миср гардонидем, то ба ӯ таъбири хоб омӯзем. Ва Аллоҳ бар кори хеш ғолиб аст. Вале бештари мардум намедонанд!(1)
1. Тафсири Бағавӣ 4\226 -
Tajik - Tajik translation
Касе аз мардуми Миср, ки ӯро харида буд, ба занаш гуфт: «То дар ин ҷост, гиромияш бидор, шояд ба мо суде бирасонад, ё ӯро ба фарзандӣ бипазирем». Ва инчунин Юсуфро дар замин ҷой додем, то ба ӯ таъбири хоб омӯзем. Ва Худо бар кори хеш ғолиб аст. Вале бештари мардум намедоканд!
Yusuf 12:21
Loading the recitation…
0:00