ﯗ
surah.translation
.
ﰡ
ﭑ
ﰀ
ШУРО
Ҳо, мим.
ﭓ
ﰁ
Айн, син, қоф.
Худованди ғолибу ҳаким ба ту ва касоне, ки пеш аз ту буданд, инчунин ваҳй мефиристад:
аз они Ӯст, ҳар чӣ дар осмонҳову замин аст. Ва Ӯст он баландмартабаи бузургвор!
Наздик аст, ки осмонҳо ба болои якдигар дар ҳам шикананд ва фариштагон ба ситоиши Парвардигорашон тасбеҳ мегӯянд ва барои сокинони замин бахшоиш металабанд. Огоҳ бошед, ки Худо бахшояндаву меҳрубон аст!
Худо муроқиби (нозири) аъмоли касонест, ки ғайри Ӯро ба дӯстӣ гирифтанд. Ва ту вакили онҳо нестӣ.
Ва низ ин Қуръонро ба забони арабӣ бар ту ваҳй кардем то уммулқуро ва сокинони атрофашро бим диҳй. Ҳамчунин ононро аз рӯзи қиёмат, ки дар он шакке нест, битарсонӣ, ки гурӯҳе дар биҳиштанд ва гурӯҳе дар оташи сӯзон.
Агар Худо мехост, ҳамаро як уммат карда буд. Вале Ӯ ҳар киро ки бихоҳад, ба раҳмати худ дароварад ва ситамкоронро ҳеҷ дӯсту ёваре нест!
Оё ғайри Худоро ба дӯстӣ гирифтанд? Дӯсти ҳақиқӣ Худост. Ва Ӯст, ки мурдагонро зинда мекунад ва Ӯст, ки бар ҳар коре тавоност!
Дар ҳар чӣ ихтилоф мекунед, ҳукмаш бо Худост. Ин Худои якто Парвардигори ман аст. Бар Ӯ таваккал кардам ва ба Ӯ рӯй меоварам.
Офаридгори осмонҳову замин аст. Барои шумо, ҳам аз шумо ҳамсароне биёфарид. Ва низ барои чорпоён ҷуфтҳое падид овард. Во офариниши ҳамсарон бар шуморатон меафзояд. Ҳеҷ чиз монанди Ӯ нест ва Ӯст, ки шунавову биност!
Калидҳои осмонҳову замин аз они Ӯст. Дар рӯзии ҳар кӣ бихоҳад, кушоиш медиҳад ё танг мегирад ва Ӯ ба ҳар чизе доност!
Барои шумо дину оине муқаррар кард аз ҳамон гуна, ки ба Нӯҳ тавсия карда буд ва аз он чӣ бар ту ваҳй кардаем ва ба Иброҳиму Мӯсо ва Исо тавсия кардаем, ки динро барпой нигаҳ доред ва дар он фирқа-фирқа машавед. Таҳаммули он чӣ ба он даъват мекунед, бар мушрикон душвор аст. Худо ҳар киро хоҳад, барои пайғамбарии Худ интихоб мекунад ва ҳар киро ба ӯ бозгардад, ба Худ роҳ менамояд.
Аз рӯи ҳасаду адоват фирқа-фирқа шуданд, аз он пас, ки ба дониш даст ёфтанд. Ва агар Парвардигори ту аз пеш муқаррар накарда буд, ки онҳоро то замоне муъайян мӯҳлат аст, бар онҳо ҳукми азоб мерафт. Ва касоне, ки баъд аз онҳо вориси китоби Худо шудаанд, дар бораи он сахт ба шубҳа афтодаанд.
Барои он даъват кун ва чунон ки фармон ёфтаӣ, пойдорӣ кун ва аз паи хоҳишҳояшон марав ва бигӯ: «Ба китобе, ки Худо нозил кардааст, имон дорам ва ба ман фармон додаанд, ки дар миёни шумо ба адолат рафтор кунам. Худои якто Парвардигори мо ва Парвардигори шумост. Аъмоли мо аз они мо ва аъмоли шумо аз они шумо. Миёну мову шумо ҳеҷ муҳоҷҷае (душмание) нест. Худо моро дар як ҷо ҷамъ меоварад ва бозгашт ба сӯи Ӯст!»
Ва касоне, ки дар бораи Худо ҷидол мекунанд, пас аз он ки даъвати Ӯро иҷобат кардаанд, назди Парвардигорашон ҳуҷҷаташон ночиз аст. Бар онҳост хашми Худо ва бар онҳост азобе сахт!
Худост, ки ин китоби бархақ ва тарозуро нозил кардааст. Ва ту чӣ медонӣ? Шояд қиёмат наздик бошад.
Онон, ки бовараш надоранд, (омадани) онро ба шитоб металабанд ва онон, ки имон овардаанд, аз он бимноканд ва медонанд, ки ҳақ аст. Огоҳ бош, касоне, ки дар бораи қиёмат ҷидол мекунанд, сахт дар гумроҳӣ ҳастанд.
Худо бо бандагонаш меҳрубон аст. Ҳар киро бихоҳад, рӯзӣ медиҳад. Ва Ӯ тавонову ғолиб аст!
Ҳар кас кишти охиратро бихоҳад, ба киштааш меафзоем ва ҳар кас кишти дунёро бихоҳад, ба ӯ ато мекунем, вале дигар дар кишти охираташ насибе нест.
Оё мушриконро бутонест, ки дине барояшон овардаанд, ки Худо рухсати онро надодааст? Ва агар қасди таъхири (ба дер партофтани) азобашон набуд, корашон ба поён омада буд ва ситамкоронро азобест дардовар!
Ситамкоронро бинӣ, ки аз ҳосили корҳояшон бимноканд. Ва албатта, ба ҷазои худ хоҳанд расид. Вале онҳо, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд, дар боғҳои биҳиштанд. Ҳар чӣ бихоҳанд, назди Парвардигорашон ҳаст. Ва ин фазлу бахшоисти бузургест!
Ин аст он чизе, ки Худо он гурӯҳ аз бандагокашро, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд, ба он мужда медиҳад. Бигӯ: «Бар он таблиғи Қуръон музде аз шумо ҷуз дӯст доштани хешовандон намехоҳам». Ва ҳар кӣ кори неке кунад, ба некӯияш меафзоем, зеро Худо бахшояндаву шукрпазир аст!
Ё мегӯянд, ки бар Худо дурӯғ мебандад. Агар Худо бихоҳад, бар дили ту мӯҳр мениҳад. Ва Худо ба калигмоти худ ботилро маҳв мекунад ва ҳақро собит мегардонад. Ӯ бар ҳар чӣ дар дилҳо мегузарад, доност!
Ва Ӯст, ки тавбаи бандагонашро мепазирад ва аз гуноҳон афвашон мекунад ва ҳар чӣ мекунед, медонад,
Ва дуьои касонеро, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд, иҷобат мекунад ва аз фазли худ ононро бисёр медиҳад. Ва кофиронро азобе сахт аст!
Агар Худо рӯзии бандагонашро бисёр кунад, дар замин фасод мекунанд, вале ба миқдоре, ки бихоҳад, рӯзӣ мефиристад. Зеро бар бандагони худ огоҳу биност!
Ва Ӯст он Худое, ки баъд аз ноумедияшон борон мефиристад ва раҳмати Худро ба ҳама ҷо пароканда мекунад ва Ӯст корсозу соҳиби ҳамду сано.
Ва аз нишонаҳои қудрати Ӯ офариниши осмонҳову замин ва парокандани ҷунбандагон дар он дӯст. Ва ҳар гоҳ бихоҳад, бар ҷамъ оварданашон тавоност!
Агар шуморо мусибате расад, ба хотири корҳоест, ки кардаед. Ва Худо бисёре аз гуноҳонро афв мекунад.
Шумо натавонед дар рӯи замин аз Ӯ бигурезед ва шуморо ғайри Ӯ корсозу ёваре нест!
Аз нишонаҳои қудрати Ӯ киштиҳоест чун кӯҳ ки дар дарёҳо равонанд.
Агар бихоҳад, бодро нигаҳ медорад, то киштиҳо бар рӯи дарё аз рафтан бозмонанд. Албатта дар ин барои сабркунандагони шукргузор ибратҳоест.
Ё онҳоро ба хотири амалҳояшон ғарк мекунад ва бисёреро низ мебахшояд.
Ва то бидонанд, касоне, ки дар оёти Мо ҷидол мекунанд. Ононро ҳеҷ гурезгоҳе нест.
Он чӣ шуморо додаанд, баҳраи ин зиндагии дунявист. Ва он чӣ дар назди Худост, барои онҳо, ки имон овардаанд ва ба Парвардигорашон таваккал мекунанд, беҳтару пояндатар аст.
Ва он касоне, ки аз гуноҳони бузург ва зиштиҳо парҳез мекунанд ва чун дар хашм шаванд, хатоҳоро мебахшоянд;
ва онон, ки даъвати Парвардигорашонро қабул мекунанд ва намоз мегузоранд ва корашон бар пояи машварат бо якдигар аст ва аз он чӣ ба онҳо рӯзӣ додаем, садақа мекунанд;
ва онон, ки чун ситаме ба онҳо расад, интиқом мегиранд.
Ҷазои ҳар бадӣ бадиест монанди он. Пас касе, ки афв кунад ва оштӣ кунад, муздаш бо Худост, зеро Ӯ ситамкоронро дӯст надорад.
Бар касоне, ки пас аз зулме, ки бар онҳо рафта бошад, интиқом мегиранд, маломате нест.
Маломат бар касонест, ки ба мардум зулм мекунанд ва ба ноҳақ дар рӯи замин саркашӣ мекунанд. Барои онҳост азобе дардовар!
Ва он ки сабр кунад ва аз хато даргузарад, ин аз корҳои писандида аст.
Ҳар касро, ки Худо гумроҳ кунад, аз он пас ҳеҷ дӯсте нахоҳад дошт. Ва золимонро мебинӣ, ки чун азобро бингаранд, мегӯянд: «Оё моро роҳи бозгаште ҳаст?»
Онҳоро мебинӣ, ки ба ҷаҳаннам мебаранд. Тарсону хор аз гӯшаи чашм нигоҳе дуздида мекунанд. Касоне, ки имон оварда буданд, мегӯянд: «Инҳо худ ва касонашонро дар рӯзи қиёмат барбод доданд». Огоҳ бош, ки ситамкорон дар азоби доим хоҳанд буд!
Ғайри Худо ёру мададгоре надоранд ва ҳар касро, ки Худо гумроҳ кунад, ҳеҷ роҳе барояш нест!
Пеш аз он ки рӯзе биёяд, ки аз ҷониби Худо бозгаште надорад, ба Парвардигоратон ҷавоби қабул диҳед. Дар он рӯз на паноҳе хоҳед дошт ва на касе аз шумо муҳофизат тавонад кард!
Агар рӯй гардонанд, туро нафиристодаем, ки нигаҳбонашон бошӣ. Бар ту ғайри расонидани пайғом ҳеҷ нест. Ва Мо чун ба инсон аз раҳмати Худ бичашонем, шодмон мегардад ва агар ба хотири корҳое, ки кардааст, норавоӣ ба ӯ расад, носипосӣ мекунад.
Аз они Худост фармонравоии осмонҳову замин. Ҳар чӣ бихоҳад, меофаринад. Ба ҳар кӣ бихоҳад, духтар мебахшад ва ба ҳар кӣ бихоҳад, писар мебахшад.
Ва ё ҳам писар диҳад ва ҳам духтар. Ва ҳар касро бихоҳад, ақим (нозо) мегардонад, зеро Ӯ донову тавоност!
Ҳеҷ башареро нарасад, ки Худо ҷуз ба ваҳй ё аз он сӯи парда бо ӯ сухан гӯяд. Ё фариштае мефиристад то ба фармони Ӯ ҳар чӣ бихоҳад, ба ӯ ваҳй кунад. Ӯ баландпояву ҳаким аст!
Ҳамчунин каломи Худро ба фармони Худ ба ту ваҳй кардем. Ту намедонистӣ китобу имон чист. Вале Мо онро нуре сохтем то ҳар як аз бандагонамонро, ки бихоҳем, ба он ҳидоят кунем ва ту ба роҳи рост роҳ нишон медиҳӣ,
роҳи он Худое, ки аз они Ӯст ҳар чӣ дар осмонҳову замин аст. Огоҳ бошед, ки ҳамаи корҳо ба Худо бозмегардад!