ﯖ
ترجمة معاني سورة فصّلت
باللغة الطاجيكية من كتاب الترجمة الطاجيكية
.
من تأليف:
خوجه ميروف خوجه مير
.
ﰡ
ﭑ
ﰀ
1. Ҳо, Мим. (Зикри ҳарфҳои муқаттаъа дар аввали сураи Бақара гузашт.)
2. Ин Қуръон китобест, ки аз ҷониби он бахшояндаи меҳрубон бар паёмбараш Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) нозил шудааст.
3. Китобест, ки оятҳояш бо тафсилу фаҳмо баён шуда, Қуръонест, ки ба забони арабӣ, осонфаҳм барои мардуме, ки забони арабиро медонанд
4. Ҳам муждадиҳанда аст ин китоб мӯъминро ба подоши дунё ва охират ва ҳам бимдиҳанда кофирро ба азоби дунё ва охират. Бештарини мардум аз он рӯй гардонидаанд ва онҳо намешунаванд.
____________________
5. Шунидане, ки аз он қабул ва иҷобати он мужда ҳосил шавад. Тафсири Саъдӣ 1/744
____________________
5. Шунидане, ки аз он қабул ва иҷобати он мужда ҳосил шавад. Тафсири Саъдӣ 1/744
5. Кофирон ба паёмбар Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) гуфтанд:
Дилҳои мо аз он чӣ моро ба он даъват мекунӣ, дар парда аст ва гӯшҳоямон вазнин аст ва миёни мову ту (эй Муҳаммад) ҳиҷобест. Пас амал кун ту ба дини худ, албатта мо ҳам амалкунандаем ба дини ҳуд. (1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 7/161

6. Бигӯ (эй Паёмбар): «Ман инсоне ҳастам монанди шумо. Ба ман ваҳй шуда, ки маъбуди шумо, Аллоҳи яктост, ки лоиқи ибодат аст. Пас, ба Ӯ рӯй оваред ва аз
Ӯ омӯрзиш бихоҳед. Ва вой (азоб), бар мушрикон:
Ӯ омӯрзиш бихоҳед. Ва вой (азоб), бар мушрикон:
7. Онҳое, ки ба ғайри Аллоҳ бутонеро парастиш карданд, ки фоида ва зараре нарасонанд ва нафсҳояшонро ба тавҳид ва ихлос пок накарданд ва намоз нахонданд ва закот надоданд ва ба охират (яъне ба баъс, ҷаннат ва дӯзах) имон надоранд.
____________________
Тафсири Саъдӣ 1/744
____________________
Тафсири Саъдӣ 1/744
8. Ҳамоно онон, ки ба Аллоҳу Расулаш ва Китобаш имон овардаанд ва корҳои шоиста карданд, барояшон подошест (мукофотест) тамомношуданй.
9.Бигӯ эй Паёмбар ба он мушрикон: Оё ба Аллоҳе, ки заминро дар ду рӯз офаридааст, кофир мешавед ва барои Ӯ шарикҳо қарор медиҳед? Ӯст Парвардигори тамоми ҷаҳониён!
10.Ӯ зотест, ки офарид дар болои замин кӯҳҳои устуворро ва баракат(1) ниҳод дар он ва муайян сохт дар рӯи замин ризқу рӯзӣ (аҳли онро) дар муддати чаҳор рӯз(2), ин тафсилот барои суолкунандагон аст.
____________________
1. Яъне, сарсабзу хуррам гардонид. 2. Яъне, ду рӯз заминро офарид ва ду рӯзи дигар дар он куҳҳоро офарид. Тафсири Саъдӣ 1/745
____________________
1. Яъне, сарсабзу хуррам гардонид. 2. Яъне, ду рӯз заминро офарид ва ду рӯзи дигар дар он куҳҳоро офарид. Тафсири Саъдӣ 1/745
11.Сипас Аллоҳи пок ба осмон мутаваҷҷиҳ
шуд ва он дудмонанд буд. Пас, ба осмону замин гуфт: «Хоҳ ё нохоҳ биёед(1)». Гуфтанд: «Фармонбардор омадем»(2).
____________________
1. Яъне, таслими ҳукми Ман шавед Тафсири Саъдӣ 1/745 2- Яъне, нашояд иродаи мо мухолифи иродаи Ту бошад.

12.Он гоҳ ҳафт осмонро дар ду рӯз офарид. Ва ба ҳар осмоне фармони лозимаашро ваҳй кард(1). Ва осмони дунёро ба чароғҳое (ситорагоне) биёростем ва ҳифзаш кардем(2). Ин аст тадбири (Аллоҳи) ғолибу доно.
____________________
1- Яъне, ба ҳамин тариқ осмонҳову заминҳоро дар шаш рӯз халқ кард. Ва ҳикмати офариниши онҳоро худаш медонад, ҳол он, ки қодир буд дар як лаҳзае онҳоро биофарад. 2. Яъне, аз шайтонҳо, ки хабари осмонро надузданд. Тафсири Бағавӣ 7/166

13. Пас, агар рӯй гардонанд он мушрикон, баъд аз он, ки сифатҳои Қуръони накӯ ва сифатҳои Аллоҳи бузург ба онҳо баён шуд. Пас бигӯ ба онҳо: Шуморо аз раъду барқе метарсонам, монанди раъду барқе, ки бар Оду Самуд (ҳангоми кофир шуданашон) фурӯд омад.
14. Он гоҳ ки расулон аз пешу паси онҳо (пай дар пай) наздашон омаданд ва гуфтанд, ки ҷуз Аллоҳи барҳақро мапарастед, (ба паёмбаронашон) гуфтанд: «Агар Парвардигори мо мехост, ки Ӯро ягона ибодат кунем ҳароина, фариштагонеро ба сифати паёмбарон аз осмон нозил мекард. Пас мо ба он чӣ шумо ба он фиристода шудаед, аз имон овардан ба Аллоҳи ягона бовар надорем.(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 21/443
____________________
1. Тафсири Табарӣ 21/443
15. Пас аммо Од (қавми Ҳуд) ба ноҳаққӣ дар рӯи замин гарданкашӣ карданд ва (мағрурона) гуфтанд: «Чӣ касе аз мо нерӯмандтар аст?» Оё намедиданд,
ки албатта, Аллоҳе, ки онҳоро офаридааст, аз онҳо нерӯмандтар аст ва оёту ҳуҷҷатҳои Моро инкор мекарданд?
ки албатта, Аллоҳе, ки онҳоро офаридааст, аз онҳо нерӯмандтар аст ва оёту ҳуҷҷатҳои Моро инкор мекарданд?
16. Пас Мо низ боди сахти хунуки овоздор дар рӯзҳое шум бар сарашон фиристодем, то дар дунё азоби хориро ба онҳо бичашонем. Ва албатта, азоби охират хоркунандатар аст ва ҳеҷ касе барои манъ кардани азоб ба ёриашон барнахезад!
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 7/169
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 7/169
17. Ва аммо Самуд (қавми Солеҳ)-ро, пас ҳамоно роҳи ҳақ ва рушдро барояшон баён кардем. Пас онҳо кӯриро бар ҳидоят ихтиёр карданд, пас ба хотири гуноҳҳое(1), ки мекарданд, оташаки азоби хоркунанда онҳоро фурӯ гирифт.
____________________
1. Ба Аллоҳ куфр меоварданд ва паёмбаронро дурӯғ мебароварданд.
____________________
1. Ба Аллоҳ куфр меоварданд ва паёмбаронро дурӯғ мебароварданд.
18. Ва Мо касонеро, ки имон оварда буданд ва парҳезгор буданд, аз азобе, ки Оду Самудро фаро гирифт, наҷот додем.
19. Ва рӯзе, ки барангехта шаванд душманони Аллоҳ, пас онҳоро ронанд фариштаҳои азобкунанда ба сӯи дӯзах.
20. Чун ба канори оташ оянд, аз иқрори гуноҳҳои худ саркашӣ кунанд, ин ҳангом гӯшу чашмҳо ва пӯстҳояшон ба аъмоле, ки дар дунё кардаанд, бар зиддашон шаҳодат диҳанд.(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1/747
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1/747
21. Ва он душманони Аллоҳ ба пӯстҳои худ гӯянд: «Чаро бар зидди мо шаҳодат додед?». Гӯянд пӯстҳояшон: «Он Аллоҳе, ки ҳар чизеро ба сухан меоварад ва шуморо нахустин бор биёфарид ва ҳеҷ чиз набудед ва баъд аз марг барои ҳисобу китоб ба сӯй У бозгашт мекунед, моро ба сухан овардааст».
22. Ва аз ин ки гӯшу чашмҳо ва пӯстҳоятон ба зиёни шумо шаҳодат медиҳанд, ҳангоме ки гуноҳ мекардед чизеро пинҳон намедоштед валекин мепиндоштед, ки Аллоҳ бар бисёре аз корҳои гуноҳеро, ки мекунед, огоҳ нест.
23. Ва ин бадгумоние(1), ки дар ҳаққи Парвардигоратон доштед, ҳалокатон кард ва (дӯзахӣ шуда) дар шумори зиёнкардагон гардидед.
____________________
1. Гумонатон ба ин ки Аллоҳ бисёре аз амалҳоятонро намедонад, пас ба ҳамин сабаб ба гуноҳ шитоб кардед ва ҳамин амр шуморо ҳалок гардонид. Тафсири Табарӣ 21/456
____________________
1. Гумонатон ба ин ки Аллоҳ бисёре аз амалҳоятонро намедонад, пас ба ҳамин сабаб ба гуноҳ шитоб кардед ва ҳамин амр шуморо ҳалок гардонид. Тафсири Табарӣ 21/456
24. Пас, агар сабр кунанд ва бар азоб ҳам тобу тоқат варзанд, пас ҷойгоҳашон дар оташ аст ва агар ҳам толиби афв шаванд(1), касе онҳоро афв накунад.
____________________
1. Яъне, ин, ки ду бора ба дунё оянд ва амали шоиста кунанд, пас қабул карда нашавад ин талабашон. Тафсири Саъдӣ 1/747
____________________
1. Яъне, ин, ки ду бора ба дунё оянд ва амали шоиста кунанд, пас қабул карда нашавад ин талабашон. Тафсири Саъдӣ 1/747
25. Ва барои он мушрикон
ҳамнишинҳои бад муқаррар кардем аз шаётини инс ва ҷин, пас барои онҳо аъмоли зишташонро дар дунё дар назарашон биёростанд ва низ барояшон ояндаашонро оростанд(1). Ва бар онҳо низ ҳамонанди пешиниёнашон аз ҷинну инс азоб муқаррар шуд. Ҳамоно онҳо ба сабаби амалҳои бади хеш зиёнкор буданд дар дунё ва низ зиён карданд рӯзи қиёмат. (2)
____________________
1. Яъне, он чӣ ваъда мешавад дар охират аз қиёмат, ҳисоб, ҷаннат ва дузах ва ғайра дар назарашон дур ё, ки воқеъ нашаванда нишон доданд. 2- Тафсири Саъдӣ 1/747

26. Ва гуфтанд кофирон ба якдигар: «Ба ин Қуръон гӯш мадиҳед ва амрҳои онро итоъат накунед ва сухани беҳуда гӯед дар вақти Қуръон хондани Муҳаммад, шояд, ки ба ин роҳ пирӯз шавед бар Муҳаммад ва аз хондани Қуръон бозистад!»(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 21/460
____________________
1. Тафсири Табарӣ 21/460
27. Пас ҳароина, кофиронро азоби сахт мечашонем дар дунёву охират ва ҳамоно сазо медиҳем онҳоро дар охират мувофиқи бадтарин куфру исёне, ки дар дунё мекарданд.
28. Ин аст ҷазои душманони Аллоҳ, оташ. Дар даруни он хонаи ҳамешагӣ доранд. Ин ҷазои онҳост, зеро оёти Моро дар дунё инкор мекарданд.(1)
____________________
1. Ин оят далолат мекунад ба бузургии гуноҳи шахсе, ки одамонро аз Қуръон ва ҳидоят ба ҳар роҳе боз дорад.
____________________
1. Ин оят далолат мекунад ба бузургии гуноҳи шахсе, ки одамонро аз Қуръон ва ҳидоят ба ҳар роҳе боз дорад.
29. Ва кофирон дар дӯзах гӯянд: «Эй Парвардигори мо, он ду танро аз ҷину инс, ки моро гумроҳ карданд, ба мо нишон деҳ, то, ки онҳоро зери пой кунем, то ки бошанд аз зертарини қаъри дӯзах!»
30.Ҳамоно онҳое, ки гуфтанд: «Парвардигори мо Аллоҳ аст» баъд аз он дар шариъати У пойдорӣ варзиданд, дар вақти марг фариштагон фуруд меоянд ва мегӯянд: Матарсед аз марг ва ғамгин мабошед бар гузашта, шуморо мужда аст ба биҳиште, ки ба шумо ваъда дода мешуд.(1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 7/173
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 7/173
31.Фариштагон ба онҳо мегӯянд: Мо ба амри Аллоҳ дар дунё дӯстон ва муҳофизи шумо будем ва низ дар охират дӯстони шумоем. Ва дар биҳишт ҳар чӣ дилатон бихоҳад ва ҳар чӣ талаб кунед, бароятон фароҳам аст(1).
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 7/173
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 7/173
32.Меҳмоннавозист аз ҷониби Аллоҳи омӯрзандаи меҳрубон.
33.Ва кист некӯтар (ба эътибори сухан) аз сухани он, ки ба сӯи тавҳид ва ибодати Аллоҳи ягона даъват мекунад ва корҳои шоиста мекунад ва мегӯяд, албатта, ки ман аз мусалмононам?(1)
____________________
1. Ин оят баёнгари бузургии уламоест, ки аз рӯи басират ва мувофиқи суннат даъват мекунанд. Тафсири Саъдӣ 1/749
____________________
1. Ин оят баёнгари бузургии уламоест, ки аз рӯи басират ва мувофиқи суннат даъват мекунанд. Тафсири Саъдӣ 1/749
34. Ҳаргиз шахсони имондори нек хулқ ва шахсони кофири бад хулқ баробар нестанд. Бартараф кун, (яъне ҷавоб гардон ҳар гуна бадиро) ба муъомалаву хислати беҳтару некӯтар ва мебинй, ки ногоҳ касе, ки миёни ту ва ӯ душманист гӯё ӯ ба ту дӯсту хешованд аст.(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 21/470
____________________
1. Тафсири Табарӣ 21/470
35. Ва бархурдор нашаванд аз ин хислати некӯ магар касоне, ки босабр бошанд ва касоне, ки соҳиби насиби бузурганд дар дунё ва охират.
36. Ва чун аз ҷониби шайтон гирифтори васвасае гардӣ(1), пас ба Аллоҳ паноҳ бибар, ки албатта, Ӯ таъоло шунавову доност ба корҳои халқаш!
____________________
1. Барои анҷом додани бадиро бо бади. Тафсири Табарӣ 21/473
____________________
1. Барои анҷом додани бадиро бо бади. Тафсири Табарӣ 21/473
37. Ва аз нишонаҳои қудрат ва ягонагии Ӯ пайи ҳам омадани шабу рӯз ва офтобу моҳ аст. Ба офтобу моҳ саҷда макунед, ки онҳо махлуқанд. Ва ба Аллоҳи барҳақ, ки онҳоро офаридааст, саҷда кунед, агар хос Ӯро итоъат мекунед ва мепарастед!(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 21/473
____________________
1. Тафсири Табарӣ 21/473
38. Пас агар он мушрикон аз саҷда кардани барои Аллоҳ такаббур меварзанд, пас ҳамоно фариштагоне, ки дар назди Парвардигори ту ҳастанд, такаббур намеварзанд, балки бехастагиву дилгиршавӣ, шабу рӯз тасбеҳи Ӯ мегӯянд.(1)
____________________
1. Ояти мазкур саҷдаи навбатист, ки бар хонандаву шунаванда як бор саҷда кардан воҷиб мешавад.
____________________
1. Ояти мазкур саҷдаи навбатист, ки бар хонандаву шунаванда як бор саҷда кардан воҷиб мешавад.
39. Ва аз аломоти ягонагӣ ва қудрати Ӯ он, ки ту заминро хушк мебинӣ. Пас чун об бар он бифиристем, ба ҷунбиш ояд ва гиёҳ бирӯёнад.
Он Зоте, ки заминро пас аз хушк шудан зинда мекунад, албатта, қодир аст, ки мурдагонро баъд аз маргашон зинда кунад.
Ва ҳароина, Ӯ бар ҳар чизе тавоност! Пас чунон ки аз зинда кардани замин оҷиз намемонад, инчунин аз зинда кардани мурдагон оҷиз намемонад.

40. Ҳамоно касоне, ки аз ҳақ дур мешаванд ва ба Қуръон кофир мешаванду онро дигаргун мекунанд, бар Мо пӯшида нестанд. Оё он мулҳиде(1), ки ба оташ афканда мешавад, беҳтар аст ё касе, ки биёяд эмин шуда дар рӯзи қиёмат? Ҳар чӣ мехоҳед эй мулҳидон бикунед, ҳароина, Ӯ ба кард ва кирдорҳоятон биност!(2)
____________________
1. Яъне, мункирон ё таҳриф кунандаҳои оятҳои Аллоҳ. Тафсири Саъдӣ 1/750 2. Яъне, мебинад амали шуморо ва тибқи он мукофот медиҳад ба шумо. Тафсири Саъдӣ 1/750
____________________
1. Яъне, мункирон ё таҳриф кунандаҳои оятҳои Аллоҳ. Тафсири Саъдӣ 1/750 2. Яъне, мебинад амали шуморо ва тибқи он мукофот медиҳад ба шумо. Тафсири Саъдӣ 1/750
41. Ҳамоно онҳое, ки ба Қуръон чун бар онҳо нозил шуд инкор карданд, кофир шуданд ва дар баробари куфри хеш, ҳалокшавандаву азоб кардашуда мебошанд. Ва ҳамоно ин Қуръон китоби арҷманду гиромиқадр аст
ва аз ҳар тағйиру табдил маҳфуз аст.
ва аз ҳар тағйиру табдил маҳфуз аст.
42. Ҳаргиз аз пешу паси ӯ ботил роҳ намеёбад. Нозилшуда аз ҷониби Аллоҳе, ки доност ба корҳои бандагонаш ва соҳиби ҳамду саност ба сифатҳои камол.
43. Ҳар чӣ дар бораи ту (эй Паёмбар он мушрикон) мегӯянд, дар бораи паёмбарони пеш аз ту низ гуфтаанд. Пас сабр кун ва дар даъвати худ устувор бош! Албатта, Парвардигори ту ҳам омӯрзандаи тавбакунандагон аст ва ҳам соҳиби азоби дардовар аст кофиронро!(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1/750
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1/750
44. Ва агар ин Қуръонро (эй паёмбар) ба забони Аҷам (ғайри араб) мефиристодем, ҳароина, мушрикон мегуфтанд: «Чаро оёташ ба равшанӣ баён нашудааст то, ки онро бифаҳмем? Китобе бо забони Аҷам ва паёмбаре араб?» Бигӯ ба онҳо эй паёмбар: «Ин Қуръон барои онҳое, ки имон оварданд ҳидоят аз гумроҳӣ ва шифо аз шаку шубҳа аст. Ва касоне, ки имон намеоранд ин Қуръон вазнинии гӯшҳояшон ва кӯрии чашмонашон аст, пас ҳидоят намеёбанд. Ҳоли он мушрикон ба мисли онҳоест, ки онҳоро аз ҷои дур нидо мекунанд. (1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 21/482
____________________
1. Тафсири Табарӣ 21/482
45. Ва ҳароина, ба Мӯсо китоби Таврот додем, ҳамчунон ки ба ту Қуръонро додем, пас дар он қавми ӯ ихтилоф карданд, баъзеяшон имон оварданд ва баъзеяшон кофир шуданд. Ва агар набуд он калимае(1), ки Парвардигорат пеш гуфта буд, ҳароина, миёнашон кор ба поён меомад. Ва албатта, ҳанӯз мушрикон дар шакку шубҳаи сахтанд аз Қуръон.
____________________
1. Яъне, таъхири азоб аз қавмат то рӯзи қиёмат, дар ҳол азоб карда мешуданд. Тафсири Саъдӣ 1/751
____________________
1. Яъне, таъхири азоб аз қавмат то рӯзи қиёмат, дар ҳол азоб карда мешуданд. Тафсири Саъдӣ 1/751
46. Ҳар кас, ки кори шоистае кунад ва итоъати Аллоҳу Расулаш кунад, ба фоидаи худи ӯст ва ҳар кӣ бад кунад ва нофармонии Аллоҳу Расулаш кунад, ба зиёни ӯст. Ва Парвардигори ту ба бандагон ситам раво намедорад.(1)
____________________
1. Яъне, дар додани сазову ҷазо. Тафсири Табарӣ 21\487
____________________
1. Яъне, дар додани сазову ҷазо. Тафсири Табарӣ 21\487
47. Сӯӣ Аллоҳи ягона бармегардад илми вуқӯъи қиёмат (яъне, соати барпошавии қиёматро танҳо Аллоҳ медонад). Ва ҳеҷ мевае аз ғилофи хеш берун намеояд ва ҳеҷ модае ҳомила намешаваду намезояд, магар он ки Ӯ таъоло ба он огоҳ аст. Ва рӯзи қиёмат, ки Аллоҳ мушриконро нидо диҳад, ки шарикони Ман куҷоянд(1)? Гӯянд: «Огоҳат кардем, ки нест ҳеҷ касе аз мо хувоҳӣ диҳад, ки Ту бо худ шарике дорй ва имрӯз мо ҳама яктопараст ҳастем!
____________________
1. Яъне, онҳоеро, ки дар ибодати Ман шарик мекардед. Тафсири Табарӣ 21/488
____________________
1. Яъне, онҳоеро, ки дар ибодати Ман шарик мекардед. Тафсири Табарӣ 21/488
48. Ва мушрикон он чиро пеш аз ғайри Аллоҳ мепарастиданд, аз даст доданд ва донистанд, ки аз азоби Аллоҳ роҳи гурезе надоранд.
49. Дилгиру хаста намешавад инсон аз талаби хайр аз Парвардигораш, (яъне, аз талаби молу давлат, бахту саъодат). Ва агар бирасадаш сахтӣ (яъне камбағалӣ ва сахтӣ). Пас ӯ аз раҳмати Аллоҳ ноумед аст, ва бадандеш аст.(1)
____________________
1. Яъне, ба нисбати Парвардигораш.Тафсири Саъдӣ 1/752
____________________
1. Яъне, ба нисбати Парвардигораш.Тафсири Саъдӣ 1/752
50. Агар пас аз ранҷе, ки ба инсон расида, раҳмате ба ӯ бичашонем, шукри Аллоҳ намекунад, балки гуноҳ карда мегӯяд: «Ин ҳаққи ман аст ва бовар надорам, ки қиёмат барпо шавад(1). Ва агар ҳам маро назди Парвардигорам баргардонанд, албатта назди Ӯ ҳолате хуштар (ҷаннате бароям) бошад». Пас, ҳатман, кофиронро рӯзи қиёмат ба аъмоле, ки кардаанд, огоҳ мекунем ва ба онҳо азоби сахте мечашонем.(2)
____________________
1. Яъне, ба рӯзи (баъс) аз нав зинда шудан бовар надорам. 2. Тафсири Табарӣ 21/491
____________________
1. Яъне, ба рӯзи (баъс) аз нав зинда шудан бовар надорам. 2. Тафсири Табарӣ 21/491
51. Ва чун ба одамӣ неъмате (саломатӣ ё ризқу рузӣ) инъом кунем, рӯйгардон мешавад ва бо такаббур гардан боло мекунад. Ва агар ба ӯ балое бирасад, дар ҳол ба Парвардигораш дуъову илтиҷои бисёре кунад.(1)
____________________
1. Яъне, ӯ Парвардигорашро дар сахтиҳо мешиносад ва дар осониҳо намешиносад.
____________________
1. Яъне, ӯ Парвардигорашро дар сахтиҳо мешиносад ва дар осониҳо намешиносад.
52. Бигӯ эй Паёмбар ба мушрикон: «Хабар диҳед ба ман, агар ин Қуръон, аз ҷониби Аллоҳ бошад, сипас шумо онро дурӯғ бароварда боз кофир шавед, дар ин ҳол ҳеҷ кас -ба сабаби адоват ва ситезии шумо бо ҳақ- аз шумо гумроҳтар нест.
53. Ба зудӣ, нишон хоҳем дод ба ин мункирон нишонаҳои қудрати худро аз футуҳот ва зоҳир шудани Ислом дар атрофи олам ва дар вуҷуди худашон, то барояшон возеҳу равшан шавад, ки ҳароина, Қуръоне, ки аз назди Парвардигори оламиён ваҳй шудааст, ҳақ аст. Оё кофӣ нест барои онҳо гувоҳии Парвардигори ту бар ин, ки Қуръон ҳақ аст ва касе, ки онро овардааст ростқавл аст. Пас ба дурустӣ, Ӯ таъоло шоҳидӣ додааст ба ҳақ барои ӯ. Ва Ӯ таъоло бар ҳама чиз шоҳид аст ва шаҳодати Ӯ таъоло аз ҳама шаҳодатҳо бузургтар аст.(1)
____________________
1.Тафсири Саъдӣ 1/752
____________________
1.Тафсири Саъдӣ 1/752
54. Огоҳ бош, ки ҳароина, кофирон аз дидори Парвардигорашон ва аз ду бора зинда шудан дар шубҳаанд. Огоҳ бош, ки Ӯ ҳароина, (аз рӯи илм ва қудрат ва иззат) бар ҳар чизе иҳота дорад. Ҳеҷ чизе дар замину осмон аз Ӯ пинҳон нест.(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1/752
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1/752