ﯡ
ترجمة معاني سورة الطور
باللغة الطاجيكية من كتاب الترجمة الطاجيكية - عارفي
.
من تأليف:
فريق متخصص مكلف من مركز رواد الترجمة بالشراكة مع موقع دار الإسلام
.
ﰡ
ﮞ
ﰀ
Савганд ба кӯҳи Тур
ﮠﮡ
ﰁ
ва савганд ба китоби навишташуда
Дар саҳифаҳои кушуда
ﮧﮨ
ﰃ
Ва савганд ба «Байту-л-маъмур» [ки фариштагон дар он ба ибодати Парвардигор машғуланд]
ﮪﮫ
ﰄ
Ва савганд ба [осмони баланд ҳамон] сақфи барафрошта [бар замин]
ﮭﮮ
ﰅ
Ва савганд ба дарёи оганда [аз об]
Ки бе тардид, азоби Парвардигорат ба вуқуъ хоҳад пайваст
Ва ҳеҷ боздорандае онро бознадорад
Рӯзе, ки осмон ба сахтӣ дар ҷунбиш ва изтироб афтад
Ва кӯҳҳо ба ҳаракате шадид равон шаванд
Дар он рӯз вой ба ҳоли такзибкунандагон
Ҳамон касоне, ки дар беҳудагӯӣ саргарми бозианд
Рӯзе, ки бо хушунат ба сӯйи оташи дузах ронда мешаванд
[Ба онон гуфта мешавад] «Ин [ҳамон] оташест, ки онро дурӯғ мепиндоштед
Оё ин [оташу азоби] ҷодуст ё [ҳанӯз ҳам онро] намебинед?
Ба оташ дароед [ва бисӯзед], ки шикебоӣ ва ношикебоии шумо [дар баробари шуълаҳои сӯзонаш] бароятон яксон аст; танҳо дар баробари он чи кардаед, муҷозот мешавед»
Ба ростӣ, ки парҳезкорон дар боғҳои биҳишт дар нозу неъматанд
Ва аз бахшишҳои [бедареғи] Парвардигорашон ва аз ин ки аз азоби дузах нигоҳашон доштааст, шодмонанд
[Ба онон гуфта мешавад] «Ба подоши кирдоратон [дар дунё инак] гуворо бихӯред ва биошомед»
Дар ҳоле ки бар тахтҳое радифшуда такя задаанд ва ҳурони ғизолчашмро ба ҳамсарии онон дармеоварем
Муъминоне, ки фарзандонашон дар имон пайрави онон буданд, фарзандонашонро [низ дар биҳишт] ба онон мулҳақ хоҳем кард ва аз [подоши] амалашон заррае намекоҳем; чаро ки [сарнавишти] ҳар кас дар гарави дастоварди худи ӯст
[Дар биҳишт аз] Ҳар навъ мева ва гӯште, ки бихоҳанд, пайдарпай дар дастрасашон қарор медиҳем.
Дар он ҷо ҷомҳои шаробе аз дасти якдигар мегиранд, ки на муҷиби беҳудагӯӣ аст ва на гуноҳ;
Ва навҷавононе [ки барои хидмат] перомунашон дар рафту омаданд, гӯӣ [аз зебоӣ ва сапедрӯӣ] ҳамчун марвориде дар садаф ҳастанд
[Биҳиштиён] Ба якдигар рӯ меоваранд ва аз [дунё ва аҳволи гузаштаи] худ суол мекунанд
Мегӯянд: «Мо дар дунё дар хонаводаи худ [аз азоби илоҳӣ] метарсидем
Аллоҳ таоло [бо неъмти ислом] бар мо миннат ниҳод ва аз азоби сӯзон [-и дузах] ҳифзамон кард
Мо дар зиндагии дунё ҳамвора Ӯро [парастиш мекардем ва ба рубубият] мехондем. Бе тардид, Ӯ накукору меҳрубон аст
Пас, [эй Паёмбар, бо оёти Қуръон ба мардум] андарз бидеҳ, ки ба лутфи Парвардигорат [ту бар хилофи иддаои кофирон] на коҳинӣ ва на маҷнун
Оё мегӯянд: «[Муҳаммад] Шоирест, ки мунтазирем, то маргаш фаро расад [ва аз суханонаш раҳоӣ ёбем]?»
Бигӯ: «Мунтазир [-и марги ман] бошед; ман низ бо шумо мунтазир хоҳам монд [то азобатонро ба чашм бинам]»
Оё ақлҳояшон ба [баёни] ин [суханони ботил] ҳукм мекунад, ё [асосан] мардуме саркаш ҳастанд?
Оё мегӯянд: «[Муҳаммад] Қуръонро ҷаъл кардааст?». [Ҳаргиз чунин нест] Балки [ғарқ дар такаббуранд, ки] имон намеоваранд
Агар рост мегӯянд, сухане монанди он биёваранд
Оё онон аз ҳеҷ офарида шудаанд ё худ офаринандаи хешанд?
Оё онон осмонҳо ва заминро офаридаанд? [На] Балки онон яқин надоранд [ки Аллоҳ таоло офаринандаи мутлақ аст]
Оё ганҷинаҳои [неъмат ва ҳидояти] Парвардигорат назди эшон аст? Оё [бар ҳама чиз] тасаллут доранд?
Оё нардбоне доранд, ки ба василаи он [гуфтори фариштагони ваҳйро] мешунаванд? Пас, ҳар ки шунидааст, бояд далеле равшан биёварад
Оё Аллоҳ таоло фарзандони духтар дорад ва шумо писар?
[Эй паёмбар] Оё аз онон подоше дархост мекунӣ, ки [аз пардохташ дар ранҷанд ва харҷаш] барояшон [гарону] сангин аст?
Оё аз илми ғайб огоҳанд ва [хабарҳои ниҳонро] менависанд?
Оё қасди найранг[ва нақшаи палиде бароят] доранд? Вале кофирон худ гирифтори найранг [ва тадбири илоҳӣ] ҳастанд
Оё онон маъбуде ғайр аз Аллоҳ таоло доранд? Аллоҳ таоло аз он чи бо Ӯ шарик қарор медиҳанд, поку муназзаҳ аст
[Ин кофирон, ҳатто] Агар порае аз осмонро низ дар ҳоли суқут бубинанд, [боз ҳам имон намеоваранд ва] мегӯянд: «Абре мутароким аст»
Пас, ононро [ба ҳоли худ] раҳо кун, то бо рӯзи мавъудашон, ки [бо нахустин дамидани сур] мадҳуши марг мегарданд, мувоҷеҳ шаванд
Рӯзе, ки найрангашон судманд нахоҳад буд ва [аз ҳеҷ сӯ] ёрӣ намешаванд
Ситамгорон [дар дунё низ ба дасти муъминон] ба азоби дигаре гирифтор хоҳанд шуд; вале бештарашон намедонанд
[Эй Паёмбар] Дар баробари ҳукми Парвардигорат шикебо бош; зеро ту таҳти назар ва ҳифозати Моӣ; ва ҳангоме ки [аз хоб ё ба қасди ибодат] бармехезӣ, Парвардигоратро ба покӣ ситоиш кун
Ва низ [дар посе] аз шаб Ӯро ситоиш кун [ва намоз бигузор] ва ба ҳангоми нопадид шудани ситорагон [дар сапедадам низ намози субҳ бигузор]