surah.translation .

ЗУМАР


Нозил шудани ин китоб аз ҷониби Худои пирӯзманди ҳаким аст.

Мо ин китобро ба ростӣ бар ту нозил кардем (фиристодем). Пас Худоро бипараст ва дини худ барои Ӯ холис гардон!

Огоҳ бош, ки дини холис аз они Худост ва онон, ки ғайри Ӯ дигареро ба худои гирифтанд, гуфтанд: «Инонро аз он рӯ мепарастем, то василаи наздикии мо ба Худои якто шаванд. Ва Худо дар он чӣ ихтилоф мекунанд, миёнашон ҳукм хоҳад кард. Худо онро, ки дурӯғгӯву носипос бошад, ҳидоят намекунад.

Агар Худо мехост, ки барои худ фарзанде баргирад, аз миёни махлуқоти худ ҳар чиро, ки мехост, интихоб мекард. Пок аст. Ӯст Худои яктои қаҳҳор!

Осмонҳову заминро ба ҳақ биёфарид. Шабро бар рӯз дохил мекунад ва рӯзро бар шаб. Ва офтобу моҳро ром гардонид ва ҳар як то замоне муъайян дар ҳаракатанд. Огоҳ бош, ки Ӯст пирӯзманду омурзанда!

Шуморо аз як тан биёфарид. Ва аз он як тан занашро офарид. Ва бароятон аз чорпоён ҳашт чуфт биёфарид. Шуморо дар шиками модаратон дар чанд марҳала дар даруни торикиҳои сегона офариниш бахшид. Ин аст Худои якто, Парвардигори шумо. Фармонравоӣ аз они Ӯст. Худое ҷуз Ӯ нест. Пас чӣ гуна рӯйгардонатон месозанд?

Агар носипосӣ кунед, Худо аз шумо беҳоҷат аст ва носипосиро (ношукриро) барои бандагонаш намеписандад. Меписандад, ки сипосгузор бошед. Ва ҳеҷ кас бори гуноҳи дигареро бар душ намекашад. Бозгашти ҳамаи шумо назди Парвардигоратон аст. Ӯ шуморо аз корҳое, ки мекардаед, огоҳ мекунад, Ӯ ба он чӣ дар дилҳо мегузарад, огоҳ аст.

Чун ба одамӣ дарду ранҷе бирасад, ба Парвардигораш рӯй меоварад ва Ӯро мехонад. Он гоҳ чун ба ӯ неъмате бахшад, ҳамаи он дуъоҳоро, ки пеш аз ин карда буд, аз ёд мебарад ва барои Худо ҳамтоёне қарор медиҳад, то мардумро аз тариқи Ӯ гумроҳ кунанд. Бигӯ: «Андаке аз куфрат баҳраманд шав, ки ту аз дӯзахиён хоҳӣ буд!»

Оё он кас, ки дар ҳамаи соъати шаб ба ибодат пардохта ё дар суҷуд аст ё дар қиём ва аз охират бимнок аст ва ба раҳмати Парвардигораш умедвор аст, бо он ки чунин нест, яксон аст? Бигӯ: «Оё онҳое, ки медонанд бо онҳое, ки намедонанд, баробаранд?» Танҳо хирадмандон панд мегиранд.

Бигӯ: «Эй бандагони Ман, ки имон овардаед, аз Парвардигоратон битарсед. Барои онон, ки дар ҳаёти инҷаҳонӣ некӣ кардаанд, подоши (ҷазои) нек аст. Ва замини Худо паҳновар аст. Музди собирон беҳисобу комил адо мешавад!»

Бигӯ: «Ман амр шудаам, ки Худоро бипарастам ва барои Ӯ дар дин ихлос кунам.

Ва маро фармудаанд, ки нахустини мусалмонон бошам».

Бигӯ: «Агар Парвардигорамро нофармонӣ кунам, аз азоби он рӯзи бузург метарсам».

Бигӯ: «Худоро мепарастам ва барои Ӯ дар дини худ ихлос меварзам.

Бипарастед ҳар чизи дигареро ҷуз Ӯ». Бигӯ: «Зиёнкунандагон касоне ҳастанд, ки дар рӯзи қиёмат худ ва хонадонашонро аз даст бидиҳанд. Бахуш бошед, ки ин зиёне ошкор аст.

Болои сарашон табақоти оташ аст ва дар зери пояшон табақоти оташ». Ин чизест, ки Худо бандагони худро бо он метарсонад. Пас, эй бандагони Ман, аз Ман битарсед!

Ва касонеро, ки аз парастиши бутон парҳез кардаанд ва ба Худо рӯй овардаан. д, башорат (хабари хуш) аст. Пас бандагони Маро башорат деҳ:

он касоне, ки ба сухан гӯш медиҳанд ва аз беҳтарини он пайравӣ мекунанд, онҳоянд касоне, ки Худо ҳидояташон карда ва онҳо хирадмандонанд.

Оё касеро, ки ҳукми азоб бар ӯ бароварда шуда, ту метавонӣ ӯро, ки дар оташ аст, бираҳонӣ?

Аммо барои онон, ки аз Худо метарсанд, ғурфаҳоест (иморатҳоест) бар болои ҳам сохта, ки аз зерашон ҷӯйборон равон аст. Ин ваъдаи Худост ва Худо ваъдаи худ хилоф нахоҳад кард!

Оё надидаӣ, ки Худо аз осмон борон фиристод ва онро чун чашмасорҳое дар замин равон гардонид, он гоҳ ба он киштаҳои рангоранг бирӯёнид, сипас ҳама хушк мешаванд ва мебинӣ, ки зард шудаанд, он гоҳ хурдашон месозад? Албатта хирадмандонро дар он пандест!

Оё касе, ки Худо дилашро бар рӯи ислом кушод ва ӯ дар партави нури Парвардигораш ҷой дорад, ҳамонанди касест, ки имон надорад? Пас вой бар сахтдилоне, ки ёди Худо дар дилҳояшон роҳ надорад, ки дар гумроҳии ошкор ҳастанд.

Худо беҳтарин суханро нозил кардааст. Китобе муташобеҳ ва дуто-дуто, ки аз тиловати он касонеро, ки аз Парвардигорашон метарсанд, аз тарс тан биларзад. Сипас тану ҷонашон ба ёди Худо биёромад. Ин роҳи Худост, ки ҳар киро бихоҳад, ба он роҳнамоӣ мекунад ва ҳар киро Худо гумроҳ кунад, ӯро ҳеҷ роҳнамое нахоҳад буд!

Оё он кас, ки дар рӯзи қиёмат бо чеҳраи худ азоби сахти қиёматро аз худ бозмедорад, монанди касест ки биҳиштист? Ба ситамкорон гуфта мешавад: «Ба кайфари (ҷазои) корҳое, ки мекардаед, азобро бичасшед!»

Пешиниёнашон дурӯғ бароварданд ва азоб аз ҷое, ки намедонистанд, бар сарашон расид.

Худо дар ин ҷаҳон расвояшон сохт, вале агар бидонанд, азоби охират бузургтар аст.

Мо дар ни Қуръон барои мардум ҳар гуна мисоле овардем, шояд панд гиранд.

Қуръоне ба забони арабӣ бе ҳеҷ (нуқсону) каҷӣ. Шояд парҳезгорӣ кунанд,

Худо масале мезанад: «Мардеро, ки чанд тан дар ӯ шариканд ва бар сари ӯ ихтилоф доранд. Ва марде, ки танҳо аз они яке бошад. Оё ин ду бо ҳам баробаранд? Шукру сипос Худоро. На, бештарашон намедонанд.

Ту мемирӣ ва онҳо низ мемиранд.

Сипас ҳама дар рӯзи қиёмат назди Парвардигоратон бо якдигар ҳусумат хоҳед кард.

Пас кист ситамкортар аз он, ки бар Худо дурӯғ мебандад ва сухани ростеро, ки бар ӯ омадааст, дурӯғ мебарорад. Оё кофиронро дар ҷаҳаннам ҷойгоҳе нест?

Ва касе, ки сухани рост овард ва тасдиқаш кард, онон парҳезгоронанд.

Барояшон ҳар чӣ бихоҳанд, дар назди Парвардигорашон муҳайёст. Ин аст подоши (мукофоти) некӯкорон,

то Худо бадтарин амалҳоеро, ки кардаанд, аз онон нобуд кунад ва ба беҳтар аз он чӣ мекардаанд, мукофоташон диҳад.

Туро ба касоне, ки ғайри Худо ҳастанд, метарсонанд. Оё Худо барои нигаҳдории бандааш кофӣ нест? Ва ҳар касро, ки Худо гумроҳ созад, ҳеҷ роҳнамое нахоҳад буд.

Ҳар касро, ки Худо роҳнамоӣ кунад, гумроҳкунандае нест. Оё Худо ғолибу интиқомгиранда нест?

Агар аз онҳо бипурсӣ: «Чй касе осмонҳову заминро офаридааст?» Хоҳанд гуфт: «Худои якто». Бигӯ: «Пас инҳоеро, ки ғайри Ӯ мепарастед, чӣ гуна мебинед? Агар Худои якто бихоҳад ба ман ранҷе бирасонад, оё инҳо метавонанд он ранҷро дафъ кунанд? Ё агар бихоҳад ба ман раҳмате ато кунад, метавонанд он раҳматро аз ман боздоранд?» Бигӯ; «Худо барои ман бас аст. Таваккалкунандагон ба Ӯ таваккал мекунанд».

Бигӯ: «Эй қавми ман, мувофиқи имкони худ амал кунед. Ман низ амал мекунам. Ва ба зуди хоҳед донист, ки

чӣ касе ба азобе, ки ӯро хор месозад, гирифтор мешавад ё азоби ҷовид бар сари ӯ фуруд меояд».

Мо ин китобро ба ҳақ барои ҳидояти мардум бар ту нозил кардем. Пас ҳар кас, ки ҳидоят ёфт, ба нафъи худи ӯст ва ҳар кӣ гумроҳ шуд, ба зиёни худ ба гумроҳӣ афтода ва ту вакили онҳо нестӣ.

Худо ҷонҳоро ба ҳангоми мурданашон мегирад ва низ ҷони касонеро, ки дар хоби худ намурдаанд. Ҷонҳоеро, ки ҳукми марг бар онҳо ронда шуда, нигаҳ медорад ва дигаронро то замоне, ки муъайян аст, бозмефиристад. Дар ин ибратҳост барои онҳое, ки меандешанд.

Оё ғайри Худо шафеъоне ихтиёр карданд? Бигӯ: «Хатто агар он шафеъон қудрат ба коре надошта бошанд ва чизеро дарнаёбанд?»

Бигӯ: «Шафоъат саросар аз они Худост. Аз они Ӯст фармонравоии осмонҳову замин. Сипас ҳама ба назди Ӯ бозгардонда мешавед».

Чун Худоро ба яктоӣ ёд кунанд, дилҳои он касон, ки ба қиёмат имон наёвардаанд, нафрат гирад ва чун номи дигаре ғайри Ӯ бурда шавад, шодмон шаванд.

Бигӯ: «Бор Худое, Туӣ офаринандаи осмонҳову замин, донои ниҳону ошкор, Ту миёни бандагонат дар ҳар чӣ дар он ихтилоф (зиддият) мекардаанд, довари хоҳӣ кард».

Агар ҳар чӣ дар рӯи замин аст ва ҳамонанди он аз они ситамкорон мебуд, дар рӯзи қиёмат худро бо он аз азоби дарднок бозмехариданд. Ва аз Худо барояшон чизҳое ошкор мешуд, ки ҳаргиз ҳисобашро намекарданд.

Ҷазои бади амалҳое, ки мекарданд, барояшон ошкор шуд ва он чӣ масхарааш мекарданд, гирдорирдашонро бигирифт.

Чун одамиро ранҷе расад, Моро мехонад ва чун аз ҷониби худ неъмате арзонияш дорем, гӯяд: «Ба сабаби доноиям ин неъматро ба ман додаанд». Ин озмоише бошад, вале бештаринашон намедонанд.

Ин сухане буд, ки пешиниёнашон ҳам мегуфтанд, вале ҳар чӣ ҷамъ оварда буданд, ба ҳолашон нафъ накард.

Уқубати амалҳояшон домангирашон шуд. Ва аз ин миён ба онҳо, ки роҳи куфр пеш гирифтаанд, уқубати амалҳояшон хоҳад расид ва наметавонанд аз Мо бигурезанд.

Оё ҳанӯз надонистаанд, ки Худост, ки рӯзии ҳар касро, ки бихоҳад афзун месозад ё тангрӯзиаш мекунад? Ва дар ин худ ибратҳост барои мардуме ки имон меоваранд.

Бигӯ: «Эй бандагони Ман, ки бар зиёни худ исроф кардаед, аз раҳмати Худо ноумед нашавед. Зеро Худо ҳамаи гуноҳонро мебахшояд. Ӯст бахшояндаву меҳрубон!

Пеш аз он ки азоб фаро расад ва касе ба ёриатон барнахезад, ба Парвардигоратон рӯй оред ва ба Ӯ таслим шавед.

Ва пеш аз он ки баногоҳ ва бехабар азоб бар шумо фуруд ояд, ба беҳтарин чизе, ки аз ҷониби Парвардигоратон нозил шудааст, пайравӣ кунед,

то касе нагӯяд: «Эй ҳасрато бар ман, ки дар кори Худо кутоҳӣ кардам ва аз масхаракунандагон будам».

Ё бигӯяд: «Агар Худо маро ҳидоят мекард, ман аз парҳезгорон мебудам».

Ё чун азобро бубинад, бигӯяд: «Агар бори дигар ба дунё бозмегардидам, аз некӯкорон мешудам!»

Оре, оёти ман барои ту нозил шуд ва ту гарданкашӣ кардӣ ва аз кофирон буди.

Дар рӯзи қиёмат касонеро, ки ба Худо дурӯғ бастаанд, мебинӣ, рӯяшон сиёҳ шудааст. Оё мутакаббиронро дар ҷаҳаннам ҷойгоҳе нест?

Худо парҳезгоронро ба сабаби роҳи наҷотёбӣ, ки дар пеш гирифта буданд, мераҳонад. Ба онҳо ҳеҷ бадӣ нарасад ва аз андӯҳ дур бошанд.

Худост, ки офаридгори ҳар чизест ва Ӯ нигаҳбони ҳар чизе.

Калидҳои осмонҳову замин назди Ӯст ва онҳо, ки ба оёти Худо кофир шудаанд, зиёндидагон ҳастанд.

Бигӯ: «Эй нодонон, оё маро фармон медиҳед, ки ғайр аз Худоро бипарастам?»

Ба ту ва паёмбарони пеш аз ту ваҳй шудааст, ки агар ширк биёваред, амалҳоятон ночиз гардад ва худ аз зиёнкунандагон хоҳед буд.

Балки Худоро бипараст ва шукргузори Ӯ бош!

Худоро нашинохтанд, ончунон ки лоиқи шинохти Ӯст. Ва дар рӯзи қиёмат замин якҷо дар қабзаи Ӯст ва осмонҳо дар ҳам печида дар яди қудрати Ӯ. Пок аст ва бартар аз ҳар чӣ шарики Ӯ мепиндоранд.

Ва дар сӯр дамида шавад. Пас ҳар кӣ дар осмонҳо ва ҳар кӣ дар замин аст, — ғайри онҳо, ки Ӯ бихоҳад, — беҳуш мешаванд. Ва бори дигар дар он дамида шавад, ногаҳон аз ҷой бармехезанд ва менигаранд.

Ва замин ба нури Парвардигораш равшан шавад ва номаҳои аъмолро биниҳанд ва паёмбарону гувоҳонро биёваранд ва дар миёни мардум ба ҳақ довари шавад ва бар касе ситаме наравад.

Ҷазои ҳар кас баробари кирдораш ба тамомӣ адо шавад, дар ҳоле ки Худо ба корҳое, ки мекардаанд, огоҳтар аст.

Ва кофиронро гурӯҳ-гурӯҳ ба ҷаҳаннам биронанд. Чун ба ҷаҳаннам расанд, дарҳояш кушода шавад ва нигаҳбонони оташ гӯянд: «Оё паёмбароне аз худи шумо бар шумо фиристода нашудаанд, то оёти Парвардигоратонро бароятон бихонанд ва шуморо аз дидор бо чунин рӯзе битарсонанд?» Мегӯянд: «Бале». Вале бар кофирон азоб ҳатмӣ шуда буд.

Гуфта шавад: «Аз дарҳои ҷаҳаннам дохил шавед, ҳамеша дар он ҷо хоҳед буд». Ҷойгоҳи саркашон чӣ бад ҷойгоҳест!

Ва ононро, ки аз Парвардигорашон тарсидаанд, гурӯҳ-гурӯҳ ба биҳишт мебаранд. Чун ба биҳишт бирасанд, дарҳояш кушода шавад. Ва дарбонҳои бихишт гӯяндашон: «Салом бар шумо, биҳиштатон хуш бод, ба дарун биёед, ҳамеша дар ин ҷо хоҳед буд!»

Мегӯянд: «Шукр Худоеро, ки ҳар ваъда, ки ба мо дод, рост буд. Он заминро ба мерос ба мо дод. Ва акнун дар ҳар ҷои биҳишт, ки бихоҳем, макон мегирем». Амалкунандагонро чӣ музди некӯест!

Ва фариштагонро мебинӣ, ки гирди арши Худо ҳалқа задаанд ва ба ситоиши Парвардигорашон тасбеҳ мегӯянд. Миёни онҳо низ ба ҳақ довари гардад ва гуфта шавад, ки ситоиш аз они Худоест, ки Парвардигори ҷаҳониён аст!