ﮝ
ترجمة معاني سورة الإسراء
باللغة الطاجيكية من كتاب الترجمة الطاجيكية - عارفي
.
من تأليف:
فريق متخصص مكلف من مركز رواد الترجمة بالشراكة مع موقع دار الإسلام
.
ﰡ
Поку муназзаҳ аст он [Парвардигоре] ки бандааш [Муҳаммад]-ро шабонгоҳ аз масҷиду-л-ҳаром ба сӯйи Масҷид-ул-ақсо – ки перомунашро баракат додаем – сайр дод, то бархе аз нишонаҳои [қудрати] хешро ба ӯ бинмоёнем. Бе тардед, Ӯ ҳамон шунавои биност
Ва Мо ба Мӯсо китоби [Таврот] додем ва онро [мояи] ҳидояти Бани Исроил сохтем [ва фармудем], ки: «Ҷуз ман коргузоре [барои худ] барнагузинед»
Эй фарзандони касоне, ки бо Нуҳ [бар киштӣ] саворашон кардем, ба ростӣ ӯ [Нуҳ] бандае шукргузор буд
Ва дар китоби [Таврот] ба Бани Исроил ваҳй кардем, ки ҳатман, ду бор дар замин фасод хоҳед кард ва ҳатман, саркашӣ [ва туғёни] бузурге хоҳед намуд
Пас, ҳар гоҳ ваъдаи нахустин аз он ду [бор] фаро расид, гурӯҳе аз бандагони бисёр неруманд [ва пайкорҷӯйи] худро бар шумо бармеангезем, то миёни хонаҳо [-ятон барои қатлу ғорати шумо] ба ҷустуҷӯ дароянд; ва ин ваъдаи анҷомшуданӣ [ва қатъӣ] буд
Он гоҳ [пас аз муддате] шуморо бар онон мусаллат мегардонем ва бо амволу фарзандон ёриатон мекунем, ва [теъдоди] нафароти шуморо бештар [аз душман] мегардонем
Агар [дар гуфтору рафтор] некӣ кунед, ба худ некӣ кардаед; ва агар бадӣ кунед, [боз ҳам ба] худ кардаед. Пас, ҳангоме ки ваъдаи дигар фаро расид [душман ончунон хоратон месозад], ки осори ғаму андӯҳ дар чеҳраҳоятон зоҳир мешавад ва ҳамон гуна ки бори нахуст ворид шуданд [ин бор низ ҳамла меоваранд], то ба Масҷид[-ул-ақсо] дохил шаванд ва то бар ҳар чи даст ёбанд, яксара нобуд кунанд
[Эй Бани Исроил агар тавба кунед] Умед аст, ки Парвардигоратон бар шумо раҳмат оварад ва агар [ба табоҳӣ] бозгаштед, Мо низ бозмегардем ва дузахро зиндони кофирон кардаем
Ба ростӣ, ки ин Қуръон ба устувортарин роҳ ҳидоят мекунад ва ба муъминоне, ки корҳои шоиста мекунанд, мужда медиҳад, ки барояшон подоше бузург [дар пеш] аст
Ва барои касоне, ки ба охират имон намеоваранд, азобе дарднок муҳайё кардаем
Инсон [дар ҳангоми хашм, аз рӯи нодонӣ ва шитоб нафрин мекунад ва] бадиро металабад, ҳамон гуна ки некиро мехоҳад; ва инсон ҳамвора шитобзада аст
Шабу рӯзро ду нишона [-и қудрату ягонагии хеш] қарор додем; ва нишонаи шабро маҳв [ва тира] кардем ва нишонаи рӯзро ошкору равшан қарор додем, то аз Парвардигоратон рӯзӣ биҷӯед ва шумори солҳо ва ҳисоб [-и вақоеъ]-ро бидонед; ва ҳар чизеро ба тафсил баён кардем
Ва [сарнавишти] рафтори ҳар инсонеро [то лаҳзаи ҳисобрасӣ] дар гарданаш бастаем ва рӯзи қиёмат барояш навиштае берун меоварем, ки онро кушода мебинад
[Ба ӯ мегӯем] «Номаатро бихон. Кофӣ аст, ки имрӯз худ ҳисобгари хеш бошӣ»
Ҳар ки роҳ [-и рост] ёфт, ҷуз ин нест, ки ба суди хеш роҳ ёфтааст ва ҳар ки гумроҳ шуд, яқинан ба зиёни худ гумроҳ шудааст; ва ҳеҷ гунаҳкоре бори гуноҳи дигареро барнамедорад; ва мо ҳаргиз [қавмеро] муҷозот нахоҳем кард, магар он ки [миёнашон] паёмбаре мабъус карда бошем [то вазоифашонро баён кунад]
Ва чун бихоҳем, [мардуми] шаҳреро нобуд кунем, [нахуст] ба сарватмандони cаркаши он ҷо фармони] итоат аз Аллоҳ таоло ва пайравӣ аз паёмбарон] медиҳем, сипас вақте дар он ҷо ба фасод [ва мухолифат] бархостанд, ваъдаи [азоби илоҳӣ бар] он муҳаққақ мегардад; пас, ононро ба сахтӣ нобуд мекунем
Ва чи бисёр наслҳоеро, ки пас аз Нуҳ [зиндагӣ мекарданд] ҳалок кардем ва [ҳамин] кофӣ аст, ки Парвардигорат аз гуноҳони бандагонаш огоҳ [ва нисбат ба онон] биност
Ҳар ки хоҳони [дунёе] зудгузар аст, ҳар чи бихоҳем [ва] ба ҳар ки бихоҳем [баҳрае] аз он медиҳем; он гоҳ дузахро насибаш мекунем, ки дар он ҷо хору рондашуда ворид мегардад
Ва ҳар ки [зиндагии] охиратро бихоҳад ва барои [расидан ба] он бо ҷиддият бикӯшад ва муъмин бошад, пас, инонанд, ки аз талошашон қадрдонӣ хоҳад шуд
Ҳамаро - [хоҳ] ин гурӯҳи [бадкор] ва [ё] он гурӯҳи [накукор] - аз бахшиш [ва неъматҳои дунявии] Парвардигорат баҳраманд месозем ва бахшиши Парвардигорат [аз касе] манъ нашудааст
Бингар, ки чигуна бархе аз ононро [аз лиҳози молу мақом] бар бархи дигар бартари додаем ва қатъан охират [дар муқоиса бо дунё] аз назари дараҷот, бузургтар ва аз лиҳози фазилат, бартар аст [пас муъмин бояд ба он иштиёқ варзад]
[Эй инсон, ҳаргиз ҳеҷ] Маъбуди дигареро бо Аллоҳ таоло [шарик] қарор надеҳ, ки накуҳида ва беёвар хоҳӣ монд
Ва Парвардигорат чунин фармон додааст, ки: «Ҷуз Ӯро напарастед ва ба падару модар некӣ кунед. Ҳар гоҳ яке аз он ду ё ҳар дуи онҳо дар канори ту ба синни пирӣ расиданд, ҳатто камтарин иҳонате ба эшон накун ва бар сарашон фарёд назан ва бо онон ба некӣ [ва меҳрубонӣ] сухан бигӯ
Ва аз рӯйи меҳрубонӣ дар баробарашон фурӯтан бош ва бигӯ: «Парвардигоро, ҳамон гуна ки [бар ман раҳмат оварданд ва] дар кӯдакӣ парваришам доданд, [Ту низ] ба онон раҳмат овар»
Парвардигори шумо ба он чи дар дилҳоятон аст, огоҳтар аст. Агар шоиста бошед, яқинан Ӯ дар ҳаққи тавбакорон омурзанда аст
Ва ҳаққи хешовандро ба ӯ бидеҳ [силаи раҳим ба ҷой овар] ва тиҳидаст ва дарроҳмонда [-ро ёрӣ кун] ва ҳеҷ исрофкорӣ накун
Дар ҳақиқат, исрофкорон бародарони шаётин ҳастанд ва шайтон нисбат ба Прарвардигораш ҳамвора носипос будааст
Ва агар ба умеди раҳмат ва [кушоиши рӯзӣ] аз ҷониби Парвардигорат [ба ночор] аз онон рӯй мегардонӣ, пас, ба эшон сухане нарм бигӯ
Ва [ҳаргиз] даст аз инфоқ набанд ва [низ] кушодадастии бисёр накун, ки маломатшуда ва ҳасратзада мегардӣ
Бе гумон, Парвардигорат [неъмат ва] рӯзиро бар ҳар кӣ бихоҳад, густурда медорад ва ё танг мегирад. Бе тардид, Ӯ ҳамвора ба [аҳволи] бандагонаш огоҳ ва биност
Ва фарзандонатонро аз бими тангдастӣ накушед. Мо ба эшон ва шумо рӯзӣ мебахшем. Яқинан куштани онҳо ҳамвора хатое бузург аст.
Ва ба зино наздик нашавед. Бе тардид, он [кор] бисёр зишту роҳе нописанд аст
Ва касеро, ки Аллоҳ таоло [куштанашро] ҳаром кардааст, ҷуз ба ҳақ накушед; ва ҳар ки ба ситам кушта шавад, ба валии ӯ қудрат [ва ҳаққи қисос] додаем; пас, вай низ набояд дар [кайфари] қатл зиёдаравӣ кунад. Бе тардид, ӯ [валии дам] таҳти ҳимоя [-и Аллоҳ таоло ва шаръи муқаддас] қарор дорад
Ва ба моли ятим – ҷуз шевае, ки накутар аст – наздик нашавед, то он гоҳ ки ба ҳадди [рушд ва] булуғаш бирасад ва ба паймон [-и хеш] вафо кунед; чаро ки [аз шумо] дар бораи паймон пурсида хоҳад шуд
Ва ҳангоме ки [дар хариду фурӯш аҷносро] паймона мекунед, паймонаро комил [-у тамом] бидиҳед ва [онҳоро] бо тарозуи дуруст вазн кунед. Ин [кор] барои шумо беҳтар ва саранҷомаш накутар аст
Ва аз он чи дар борааш донише надорӣ, пайравӣ накун. Бе тардид, [дар қиёмат] гӯшу чашм ва дил аз ҳама инҳо бозхост хоҳад шуд
Ва дар замин бо такаббур роҳ нарав. Ту ҳаргиз наметавонӣ [бо роҳ рафтани ғуруромезат] заминро бишкофӣ ва дар баландӣ [ва гарданфарозӣ низ] ба кӯҳҳо намерасӣ
Ҳамаи инҳо назди Парвардигорат нописанд аст.
Ин аз он ҳикмат [-ҳое] аст, ки аз ҷониби Парвардигорат ба ту ваҳй шудааст; ва бо Аллоҳ таоло маъбуди дигаре қарор надеҳ, ки накуҳида ва рондашуда ба дузах хоҳӣ афтод
Оё [шумо мушрикон гумон мекунед, ки] Парвардигоратон [доштани] писаронро ба шумо ихтисос додааст ва худ аз [миёни] фариштагон духтароне баргирифтааст? Ба ростӣ, ки сухане бисёр бузург [ва нораво] мегӯед
Ва бе тардид, Мо дар ин Қуръон [аҳкому андарзҳоро бо шеваҳои] гуногун баён кардем, то [мардум] панд бигиранд; ва[-ле ин суханон] ҷуз дурӣ [аз ҳақ] бар онон намеафзояд
[Эй паёмбар] Бигӯ: «Агар [бар фарзи маҳол] чунон ки [мушрикон] мегӯянд, бо Ӯ [Аллоҳ таоло] маъбудоне [дигар] буд, дар ин сурат, онон [барои тақарруб ва касби хушнудии Парвардигор] ба сӯи [Аллоҳ таоло] соҳиби Арш роҳе меҷустанд»
Ӯ поку муназзаҳ аст ва аз он чи онон мегӯянд, басе бартар аст
Осмонҳои ҳафтгонаву замин ва ҳар ки дар онҳост, Ӯро ба покӣ меситоянд; ва ҳеҷ чиз нест, магар он ки Ӯро ба покӣ ёд мекунад; вале шумо тасбеҳи ононро дарнамеёбед. Бе тардид, Ӯ ҳамвора бурдбор [ва] омурзанда аст
Ва [эй паёмбар] ҳангоме ки Қуръон мехонӣ, миёни ту ва касоне, ки ба охират имон надоранд, пардае пӯшида қарор медиҳем
Ва бар дилҳояшон пӯшише қарор додем, то [паёми] онро дарнаёбанд ва дар гӯшҳояшон сангинӣ [ниҳодем, то ҳақро нашнаванд]; ва чун Парвардигоратро дар Қуръон ба ягонагӣ ёд мекунӣ, бо нафрат пушт мекунанд [ва мегурезанд]
Ва он гоҳ ки [кофирон] ба ту гӯш месупоранд, Мо беҳтар медонем, ки ба чи [манзур ва чи гуна] гӯш медиҳанд ва [низ] он гоҳ ки наҷво мекунанд [Мо аз суханонаншон огоҳем]; он гоҳ ки ситмакорон [-и мушрик ба мардум] мегӯянд: «Шумо ҷуз аз марди ҷодушудае пайравӣ намекунед»
Бингар, ки чи гуна бароят мисолҳо задаанд, пас, гумроҳ шуданд ва дар натиҷа наметавонанд роҳе [ба сӯйи ҳақ] бибаранд
Ва [мушрикон] гуфтанд: «Оё ҳангоме ки устухонҳое [пӯсида ва] пароканда шудем, дубора бо офариниши ҷадид барангехта мешавем?»
Бигӯ: «[Ҳатто агар] Санг бошед ё оҳан
Ё [Ҳар] Офаридае, ки дар хотиратон бузург менамояд [боз ҳам Аллоҳ таоло метавонад шуморо зинда кунад]. Пас, хоҳанд гуфт: «Чи касе моро бозмегардонад?». Бигӯ: [Ҳамон Парвардигоре, ки] ки нахустин бор шуморо офарид». Он гоҳ сарҳояшонро [ба нишонаи нобоварӣ] муқобилат такон медиҳанд ва мегӯянд: «Он [ҳодиса] кай хоҳад буд?». Бигӯ: «Чи басо наздик бошад
Рӯзе, ки [Аллоҳ таоло] шуморо [ба саҳрои маҳшар] фаро мехонад ва шумо бо сипосу ситоиш иҷобаташ мекунед ва мепиндоред, ки ҷуз андаке [дар дунё] ба сар набурдаед»
Ва [эй Паёмбар] бандагонамро бигӯ бо беҳтарин [алфоз бо якдигар] суҳбат кунанд [ва аз баддаҳонӣ бипарҳезанд; чаро ки] бе тардид, шайтон миёнашон душманӣ меафканад. Ба ростӣ, ки шайтон барои инсон душмане ошкор аст
[Эй мардум] Парвардигоратон ба [аҳволи] шумо донотар аст; агар бихоҳад, бар шумо раҳмат меоварад ё агар бихоҳад, азобатон мекунад; ва [эй Паёмбар] Мо туро [барои онон нигаҳбон ва] муроқиб нафиристодаем
Парвардигорат ба [ҳар чи ва] ҳар ки дар осмонҳо ва замин аст, донотар аст; ва ба ростӣ, [Мо] бархе паёмбаронро [бо афзунии пайравон ва додани китоб] бар бархе [дигар] бартарӣ бахшидем ва ба Довуд Забур додем
[Эй Паёмбар, ба мушрикон] Бигӯ: «Касонеро, ки ба ҷойи Ӯ [маъбуд ва корсози хеш] пиндоштаед, фаро бихонед; пас, [хоҳед дид, ки] наметавонанд газандеро аз шумо дур кунанд ва на қодиранд, онро [сӯйи дигаре] бигардонанд»
Касонеро, ки онон мехонанд, худ [бо парастиш ва накукорӣ] василае [барои тақарруб] ба Парвардигорашон меҷӯянд [ва дар рақобатанд, то бидонанд] кадом як аз аз онон [ба парастиши Аллоҳ таоло] наздиктаранд ва ба раҳматаш умедворанд ва аз азобаш метарсанд; [чаро ки] бе тардид, азоби Парвардигорат ҳамвора шоистаи парҳез аст
Ва ҳеҷ шаҳре нест, ки магар ин ки [дар сурати нофармонӣ мардуми] онро пеш аз рӯзи қиёмат нобуд мекунем ё ба азобе сахт гирифтор месозем. Ин [кайфар] дар китоби илоҳӣ [Лавҳи Маҳфуз] сабт аст
[Чизе] Моро аз фиристодани муъҷизот [дархости мушрикон] бознадошт, магар ин ки пешиниён онро дурӯғ пиндоштанд; ва Мо ба Самуд [қавми Солеҳ] он модашутурро ба унвони нишонаи равшан додем; пас, ба он ситам карданд ва Мо нишонаҳо [ва муъҷизот]-ро ҷуз барои бим додан [-и мардум] намефиристем.
Ва [ба ёд овар] ҳангоме ки ба ту гуфтем: «Яқинан, Парвардигорат бар мардум иҳота дорад»; ва он руъёеро, ки [дар шаби меъроҷ] ба ту намоёндем; ва [ҳамчунин] он дарахти лаънатшуда [-и зақум] дар Қуръонро ҷуз барои озмоиши мардум қарор надодем; ва Мо ононро бим медиҳем, вале ҷуз бар cаркашии бештарашон намеафзояд
Ва [ёд кун аз] ҳангоме ки ба фариштагон гуфтем: «Барои Одам саҷда кунед»; пас, [ҳамагӣ] саҷда карданд, ба ҷуз Иблис, ки гуфт: «Оё барои касе саҷда кунам, ки [ӯро] аз гил офаридаӣ?»
[Ва] Гуфт: «Ба ман хабар бидеҳ, ин аст он ки бар ман [бартарӣ додӣ ва] гиромӣ доштӣ? Агар ба ман то рӯзи қиёмат муҳлат диҳӣ, фарзандонашро – ҷуз иддаи каме- [маҳорзада ва] решакан хоҳам кард»
[Аллоҳ таоло] Фармуд: «Бирав, ки ҳар як аз эшон аз ту пайравӣ кунад, пас, яқинан дузах подошатон хоҳад буд, ки подоше комил аст
Ва аз эшон ҳар киро тавонистӣ, ба овози худ барангез [ва ба сӯйи гуноҳ бикаш] ва ба саворону пиёдагонат бар онон бонг бизан [то олудаи гуноҳ гарданд] ва дар амволу фарзандон шарикашон шав ва ба онон ваъда[-ҳои воҳӣ] бидеҳ; ва[-ле] шайтон ба онон ваъда намедиҳад, магар ба фиреб
[Эй шайтон] Ту ҳаргиз бар бандагони ман тасаллуте нахоҳӣ дошт»; ва [эй Паёмбар] ҳамин бас, ки Парвардигорат [коргузору] нигаҳбони онон [муъминон] бошад
[Эй мардум] Парвардигори шумо касест, ки киштиро дар дарё бароятон ба ҳаракат дармеоварад, то аз фазлаш баҳраманд гардед. Бе тардид, Ӯ ҳамвора нисбат ба шумо меҳрубон аст
Ва он гоҳ ки дар дарё газанде ба шумо мерасад, ҳар киро [ба ҳоҷатхоҳӣ] мехонед, нопадид [ва фаромӯш] мегардад, магар [зоти поки] Ӯ; аммо вақте шуморо [аз хатари марг] раҳонад ва ба хушкӣ расонад, [аз яктопарастӣ] рӯйгардон мешавед; ва инсон ҳамвора носипос аст
Оё [мепиндоред] аз ин ки [Аллоҳ таоло] шуморо дар канораи хушкӣ [дар замин] фурӯ барад ё тӯфони сахте ба сӯятон бифиристад [ва сангборонатон кунад] эмин шудаед? Он гоҳ барои худ ҳеҷ [коргузор ва] нигаҳбоне намеёбед
Ё эмин аз ин шудаед, ки бори дигар шуморо ба дарё бозгардонад ва тундбоде кӯбанда ба сӯятон бифиристад ва ба сазои куфратон шуморо ғарқ кунад? Он гоҳ барои худ дар баробари Мо ҳеҷ бозпурсе намеёбед [ки далели корамонро ҷӯё шавад]
Ва ба ростӣ, Мо фарзандони Одамро гиромӣ доштем ва ононро дар хушкӣ ва дарё [бар васоили сафар] савор кардем ва аз анвои [неъматҳои] покиза ба онон рӯзӣ додем ва ононро бар бисёре аз мавҷудоте, ки офаридаем, бартарии бисёр бахшидем
Ва [ёд кун аз] рӯзе, ки ҳар гурӯҳеро бо пешвояшон фаро мехонем; пас, касоне, ки нома [и аъмол]-ашон ба [дасти] росташон дода мешавад, инон номаи худро [бо шодмонӣ] мехонанд ва кучактарин ситаме намебинанд; [ҳатто ба андозаи риштаи миёни ҳастаи хурмо]
Ва[-ле] касе, ки дар ин [дунё аз дидани ҳақ] нопайдо будааст, дар охират [низ] нобино ва гумроҳтар аст
[Эй Паёмбар] Наздик буд онҳо туро [бо васвасаҳои худ] аз он чи бар ту ваҳй кардаем, бифиребанд, то [алфозе] ғайр аз онро [ки ваҳй кардаем] ба дурӯғ ба Мо нисбат диҳӣ ва онгоҳ туро ба дӯстӣ бигиранд
Ва агар [Мо] туро собитқадам намекардем, ба ростӣ, наздик буд андаке ба онон гароиш биёбӣ
Дар он сурат, ҳатман, ду чандон [азоб дар ин] зиндагӣ ва ду чандон [пас аз] марг ба ту мечашондем ва он гоҳ барои хеш дар баробари мо ёваре намеёфтӣ
Ва наздик буд [ки кофирон бо найранг ва душманӣ] туро аз сарзамин [-и Макка] баркананд, то аз он ҷо берунат кунанд ва [агар чунин мекарданд] дар он сурат онон [низ] пас аз ту ҷуз [замони] андаке намемонданд [ва гирифтори азоб мешуданд]
Ин [шеваи бархӯрд бо миллатҳои носипос] суннати [Мо дар бораи] паёмбароне аст, ки пеш аз ту фиристодем; ва [ҳаргиз] дар суннати Мо [дигаргунӣ ва] тағйире намеёбӣ
Намозро аз заволи хуршед [ҳангоми зуҳр] то ниҳояти торикии шаб [нимаи шаб] бар по дор ва [ба вижа] намози субҳро. Ба ростӣ, ки намози субҳ [ва тиловати Қуръон дар ин вақт] мавриди мушоҳида [ва дар ҳузури фариштагони рӯзу шаб] аст
Ва [эй Паёмабр] посе аз шабро [аз хоб] бархез ва намоз бигузор. Ҳатман, [ин намози шаб] барои афзунии мақому мартабаи туст. Умед аст, Парвардигорат туро ба мақоме писандида [шафоат] барангезад
Ва бигӯ: «Парвардигоро, маро [дар ҳар коре] ба дурустӣ дохил намо ва ба дурустӣ хориҷ соз [чунон ки мавриди ризои туст]; ва аз ҷониби хеш барои ман [дар баробари душманонам] далеле ёрибахше қарор бидеҳ»
Ва бигӯ: «Ҳақ [ислом] омад ва ботил [ширк] нобуд шуд. Ба ростӣ, ки ботил нобудшуданӣ аст»
Ва аз Қуръон он чи дармони [ширку куфр] ва раҳмате барои муъминон аст, нозил мекунем ва [ин китоб] бар ситамгорони [мушрик] ҷуз зиён намеафзояд
Ва чун ба инсон неъмат [-и сарват ва саломатӣ] медиҳем, рӯй мегардонад ва [аз шукргузорӣ ва парастиш] дурӣ мекунад ва чун бадӣ [ва газанде] ба ӯ мерасад, [аз раҳмати илоҳӣ] ноумед мегардад
[Эй Паёмбар] Бигӯ: «Ҳар кас тибқи равиши хеш [ва мутаносиб бо ҳидоят ё гумроҳияш] рафтор мекунад; ва Парвардигоратон беҳтар медонад, ки чи касе ҳидоятёфтатар аст»
Ва [эй Паёмбар, кофирон] аз ту дарбораи Рӯҳ мепурсанд; бигӯ: Рӯҳ аз [ҷумлаи умури ғайбӣ ва бархоста аз] фармони Парвардигори ман аст ва ба ҷуз андаке дониш ба шумо надодаанд»
Ва агар мехостем, ҳатман, он чиро ба ту ваҳй кардаем, [аз ёдат] мебурдем; он гоҳ дар баробари Мо барои худ ҳеҷ [коргузор ва] нигаҳбоне намеёфтӣ [ки монеи фаромӯшиат гардад]
Вале [чунин накардем ва ин лутф ба хотири] раҳмате аз ҷониби Парвардигори туст. Бе тардид, ҳамвора бахшиши Ӯ бар ту бисёр аст
[Эй Паёмбар] Бигӯ: «Агар инсу ҷин [ҳамагӣ] ҷамъ шаванд, то ҳаммонанди ин Қуръонро биёваранд, [ҳаргиз] ҳаммонандашро нахоҳанд овард; ҳарчанд онон пуштибони якдигар бошанд»
Ва ба ростӣ, Мо дар ин Қуръон барои мардум аз ҳар мисол [ва андарзу достон] овардем, вале бештари мардум [аз пазириши он] худдорӣ карданд [ва] ҷуз сари инкор надоштанд
Ва гуфтанд: «Мо ҳаргиз ба ту имон намеоварем, магар ин ки аз замин [-и Макка] бароямон чашмае ҷорӣ кунӣ
Ё боғе аз нахл ва ангур дошта бошӣ ва минёни [дарахтони он] ҷӯйҳо равон гардонӣ
Ё чунончи иддао кардӣ, аз осмон пораҳое [аз азоб] бар сарамон бияфканӣ ё Аллоҳ таоло ва фариштагонро дар баробарамон ҳозир кунӣ [то ба ростгӯият гувоҳӣ диҳад]
Ё хонае [ороста аз тилло дошта бошӣ ё дар осмон боло равӣ; ва ҳаргиз боло рафтанатро бовар намекунем, магар он ки навиштае бар мо фуруд оварӣ, ки онро бихонем». Бигӯ: «Парвардигорам муназзаҳ аст. Оё ман ҷуз башаре фиристодашуда ҳастам?»
Ва [чизе] имон овардани мардум нашуд–он гоҳ ки ҳидоят барояшон омад–ҷуз ин ки гуфтанд: «Оё Аллоҳ таоло як инсонро ба паёмбарӣ барангехта аст?»
[Эй Паёмбар] Бигӯ: «Агар дар замин [ба ҷойи инсон] фариштагоне буданд, ки [ҳамчун шумо] бо оромиш роҳ мерафтанд, ҳатман, аз осмон фариштаеро [аз ҷинси худашон ба унвони] паёмбар бар онон нозил мекардем»
Бигӯ: «Кофист, ки Аллоҳ таоло миёни ману шумо гувоҳ бошад. Бе тардид, Ӯ ҳамвора [нисбат] ба бандагонаш огоҳ [ва] биност
Ва ҳар киро Аллоҳ таоло ҳидоят кунад, ӯ ҳидоятёфта [-и воқеӣ] аст ва ҳар киро гумроҳ созад, ҳаргиз барояшон ба ҷуз Ӯ [Аллоҳ таоло] дӯстоне нахоҳӣ ёфт; ва ононро дар қиёмат нобино ва гунг ва ношунаво маҳшур мегардонем, [дар ҳоле ки] бар суратҳояшон [кашида мешаванд]; ҷойгоҳашон дузах аст [ки] ҳар гоҳ шуълааш фурӯ нишинад, шарорае бар онон меафзоем
Ин ҷазои онон аст; чаро ки оёти Моро инкор карданд ва гуфтанд: «Оё ҳангоме ки устухонҳое [пӯсида ва] пароканда шудем, дубора бо офаринише ҷадид барангехта мешавем?»
Оё надонистанд Аллоҳро, ки осмонҳо ва заминро офарида аст, метавонад ҳаммонанди ононро биёфаринад ва барояшон аҷале таъйин кардааст, ки ҳеҷ тардиде дар он нест? Ва [-ле] ситамгорон ҷуз инкор [-и чизеро] напазируфтанд
[Эй Паёмбар, ба мушрикон] Бигӯ: «Агар шумо молики ганҷинаҳои [бахшишу] раҳмати Парвардигорам будед, [боз ҳам] аз бими харҷ кардан [ва тангдастӣ] аз инфоқ худдорӣ мекардед; ва инсон ҳамвора бахил [ва тангназар] аст»
Ва ба ростӣ, Мо нуҳ муъҷизаи равшан [-ро ба унвони нишонаҳои паёмбарӣ] ба Мӯсо додем; пас, аз Бани Исроил бипурс, он гоҳ ки [Мӯсо] наздашон омад ва Фиръавн ба ӯ гуфт: «Эй Мӯсо, яқинан туро афсуншуда мепиндорам»
[Мӯсо] Гуфт: «Ту, ҳатман, медонӣ, ки инҳо [муъҷизот]-ро [касе] ҷуз Парвардигори осмонҳо ва замин нафиристодааст. [Ин муъҷизот] Далоили равшан [дар бораи қудрату ягонагии Аллоҳ таоло ва ростгӯии паёмбараш ҳастанд]; ва, эй Фиръавн, ба ростӣ, ки туро ҳалокшуда [ва зиёндида] мепиндорам»
Пас, [Фиръавн] хост, ки онон [Бани Исроил]-ро аз он сарзамин берун кунад; ва[-ле Мо] ӯ ва тамоми касонеро, ки ҳамроҳаш буданд, ғарқ кардем
Ва пас аз [нобудии] ӯ ба Бани Исроил гуфтем: «Дар сарзамин [-и Шом] сокин шавед ва ҳангоме ки ваъдаи охират фаро расид, ҳамаи шуморо бо ҳам [ба сарои маҳшар] меоварем»
Ва ин [Қуръон]-ро бар ҳақ нозил кардем ва бар ҳақ [ва бидуни ҳеҷ таҳрифу тағйире] нозил шуд; ва [эй Муҳаммад] туро ҷуз башоратгар ва бимдиҳанда нафиристодем
Ва Қуръон [-и гаронқадр]-ро бахш-бахш [ва ба мурур бар ту] нозил кардем, то онро бо диранг [ва оҳистагӣ] барои мардум бихонӣ ва онро ба тадриҷ [ва бар ҳасби рӯйдодҳои мухталиф] нозил кардем
[Эй Паёмбар, ба кофирон] бигӯ: «[Чи] Ба он имон биёваред ё наёваред [фарқе ба ҳолатон надорад]. Бе тардид, касоне, ки қабл аз [нузули] он дониш [-и китобҳои осмонии пешинро] ёфтаанд, чун [оёти Қуръон] бар онон хонда шавад, саҷдакунон [ бар замин] меафтанд»
Ва мегӯянд: «Парвардигорамон поку муназзаҳ аст. Яқинан, ваъдаи Парвардигорамон анҷомшуданӣ аст»
Ва [он гоҳ] гирякунон бар [замин] меафтанд ва [тиловати Қуръон ва тадаббур дар оёташ] бар фурӯтаниашон меафзояд
Бигӯ: «Аллоҳ таоло»-ро бихонед ё «Раҳмон»-ро бихонед; ҳар кадомро, ки бихонед, накутарини номҳо барои Ӯст». Ва [эй Паёмбар] намозатро [ончунон] ба садои баланд нахон [ки мушрикон бишнаванд] ва онро [он қадр низ] оҳиста нахон [ки ҳатто асҳобат нашнаванд]; ва миёни ин [ду ҳолат] роҳе [миёна] биҷӯй
Ва бигӯ: «Ситоиш махсуси Аллоҳ таоло аст, ки фарзанде [барои хеш] барнагузидааст ва дар фармонравоӣ ҳеҷ шарике надорад ва ҳаргиз хору нотавон намегардад, ки [ниёз ба дӯст ва] корсоз дошта бошад» ва Ӯро бузург бидор; бузургдоште шоиста