Бидонед, ки расулуллоҳ миёни шумост [ва салоҳатонро беҳтар медонад]; агар дар бисёре аз умур аз [майлу назари] шумо пайравӣ кунад, дучори заҳмат мешавед; вале Аллоҳ таоло имонро маҳбуби шумо намуд ва онро дар қалбҳоятон биёрост [то ислом биёваред] ва куфру нофармонӣ ва саркаширо дар назаратон нохушоянд гардонд. Онон [ки ороста ба ин авсофанд] пӯяндагони роҳи ҳидоят ва камоланд
الترجمة الطاجيكية - عارفي
7.Ва бидонед, ки ҳароина, паёмбари Аллоҳ дар миёни шумост, ҳурмати ӯро нигаҳ доред. Агар дар бисёре аз корҳо шуморо итоъат кунад, ба машаққат хоҳед афтод. Вале Аллоҳ имонро маҳбуби шумо сохт ва онро дар дилатон биёрост ва куфру фисқу исёнро дар назаратон нописанд ва зишт гардонид. Инҳо худ ба ҳақ роҳёфтагонанд.
الترجمة الطاجيكية
وَٱعۡلَمُوٓاْ أَنَّ فِيكُمۡ رَسُولَ ٱللَّهِۚ لَوۡ يُطِيعُكُمۡ فِي كَثِيرٖ مِّنَ ٱلۡأَمۡرِ لَعَنِتُّمۡ وَلَٰكِنَّ ٱللَّهَ حَبَّبَ إِلَيۡكُمُ ٱلۡإِيمَٰنَ وَزَيَّنَهُۥ فِي قُلُوبِكُمۡ وَكَرَّهَ إِلَيۡكُمُ ٱلۡكُفۡرَ وَٱلۡفُسُوقَ وَٱلۡعِصۡيَانَۚ أُوْلَـٰٓئِكَ هُمُ ٱلرَّـٰشِدُونَ
Ва бидонед, ки паёмбари Худо дар миёни шумост. Агар дар бисёре аз корҳо аз шумо фармон бибарад, ба ранҷ меафтед. Вале Худо имонро маҳбуби шумо сохт ва онро дар дилатон биорост ва куфру фисқу нофармониро дар назаратон бад гардонид. Инҳо худ роҳёфтагонанд.
Tajik - Tajik translation