ترجمة معاني سورة الدّخان باللغة الطاجيكية من كتاب الترجمة الطاجيكية .
من تأليف: خوجه ميروف خوجه مير .

1. Ҳо, Мим. (Зикри ҳарфҳои муқаттаъа дар аввали сураи Бақара гузашт).
2. Аллоҳ савганд ёд мекунад: Савганд ба ин китоби равшангар (ҳам дар лафз ва ҳам дар маъно)!
3. Ҳароина, Мо Қуръонро дар моҳи рамазон дар шаби муборак, ки шаби Қадр аст, нозил кардем. Ҳароина, Мо бимдиҳанда будаем мардумонро аз чизҳое ки онҳоро фоида ва зарар мерасонад.
4. Дар шаби Қадр ҳар фармоне мувофиқи ҳикмат содир мешавад ва ҳар чизе, ки дар як сол баъд рӯй медиҳад; аз зиндагӣ, марг, тавонгарӣ, фақр, хайр ва шар ва ғайра ҳамаро менависад,
5. Ин фармоне аз ҷониби Мо буд. Ба ҳароина, Мо паёмбаронро фиристода будем, ки мардумро аз дастуроти Аллоҳ хабар диҳанд.
6.       Фиристодани паёмбарон раҳматест аз ҷониби Парвардигорат ва албатта, Парвардигори ту эй Расул шунаво ва доност, ки ҳама садоҳоро мешунавад ва ҳамаи умури зоҳирӣ ва ботиниро медонад.
7.       Парвардигори осмонҳо ва замин ва ҳар чи миёни онҳост, агар аҳли яқин ҳастед.
8.       Бидонед, ки нест маъбуди барҳақ ба ҷуз Ӯ касе сазовори ибодат нест. Зинда мекунаду мемиронад. Парвардигори шумову Парвардигори падарони пешини шумост. Пас маъбуди барҳақро ибодат кунед, ки Ӯ танҳо метавонад зарар ё фоида бирасонад, на маъбудони ботили шумо.(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 22\12
9.       Балки, он мушрикҳо аз ҳақиқати Қуръон дар шакканд ва бозӣ мекунанд ва ба он бовар надоранд!(1)
____________________
1. Тафсири ибни Касир 7\246
10.   Эй Расул чашминтизори рӯзе бош, ки осмон дуди ошкореро падидор мекунад.
11.   Ва он дуд ҳамаи мардумро дар худ фурӯ пӯшад.
Ва барои мушрикон гуфта мешавад: ин азоби дардоварест.
12.   Баъд аз он мегӯянд: «Эй Парвардигори мо, ин азобро аз мо дур гардон, ки ҳароина, мо имон овардагонем».
13.   Аз куҷо панд мепазиранд баъд аз он ки азоб бар онҳо фуруд омад? Ҳол он ки чун паёмбари равшангар бар онҳо фиристода шуда буд.
14.   Аз Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) рӯйгардон шуданд ва гуфтанд: Ӯ девонаест таълимёфта! (Яъне одамӣ ё коҳине ба ӯ таълим додааст, ӯ паёмбар нест!)(1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 7\230
15.   Ҳароина, Мо азобро андаке бармедорем ва ба зудӣ, ки шумо, албатта, боз ба куфру ширки худ бармегардед.
16.   Рӯзе ҳамаи он кофирҳоро дар қиёмат ба гирифтории бузурге сахт фурӯ гирем(1), ки ҳароина, Мо аз он кофирон интиқомгирандаем!(2)
____________________
1. Яъне, ба азоби сахте азоб кунем. 2. Тафсири Табарӣ 22\23
17.   Ва ҳароина, пеш аз он мушрикҳо қавми Фиръавнро озмудем ва паёмбаре бузургвор (Мӯсо алайҳиссалом) наздашон омад, вале ӯро дурӯғ бароварданд ва ҳалок гаштанд. Пас инчунин интиқом мегирем аз душманони ту эй Расул, агар имон наоранд
18.   Мӯсо барояшон гуфт: ки бандагони Аллоҳро ба ман бисупоред, то Аллоҳи ягонаро ибодат кунанд, ки ҳаройина, ман бар рисолати Парвардигорам паёмбари аминам(1).
____________________
1. Тафсири ибни Касир 7\251
19.   Ва низ бар Аллоҳ бартарӣ маҷӯед(1), ки ҳароина, ман бо ҳуҷҷати равшане назди шумо омадаам.
____________________
1. Такаббур ва гарданкашӣ накунед.
20.   Ҳароина, ман ба Парвардигори худ ва Парвардигори шумо паноҳ мебарам, аз ин ки маро сангборон кунед
21.   ва агар ба паёмбарии ман имон намеоваред, аз ман канорагирӣ кунед ва маро озору азият надиҳед.
22.Чун Фиръавн ва қавмаш ба ӯ имон наоварданд. Пас, Мӯсо Парвардигорашро ба дуъо хонд, ки ин мушрикҳо мардуми гунаҳкоранд.
23.Аллоҳ ба Мӯсо амр намуд, ки бандагони Маро ҳангоми шаб равона кун, ҳароина, шумо аз тарафи Фиръавн ва лашкараш дунболагирӣ карда мешавед.(1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 7\231
24.Баҳрро, ки ором аст, пушти сар гузор, (яъне, баҳрро бар ҳамон шакле, ки баъд аз гузаштанат аз он қарор дорад, вогузор), то Фиръавн ва қавмаш бо итминон вориди он шаванд, ки ҳароина, онҳо лашкаре ғарқшаванда ҳастанд.(1)
____________________
1. Тафсири Ибни Касир 7\252
25.Он Фиръавниёни гарқшуда баъд аз худ чӣ боғҳову чашмасорҳо бар ҷой гузоштанд
26.ва киштзорҳову хонаҳои некӯро
27.ва неъмате, ки дар он ғарқи шодмонӣ буданд.
28.Инчунин буд кори азоб ва даргирифти Мо ва Мо он неъматҳоро баъд аз Фиръавн
ва қавмаш ба мардуми дигар вогузоштем.
29.   На осмон бар онҳо Фиръавн ва лашкараш гирист ва на замин ва на ба онҳо мӯҳлат дода шуд, ки азоб аз онҳо ба таъхир афтад(1).
____________________
1. Тафсири Ибни Касир 7\253
30.   Ва ҳароина, мо бани Исроилро аз он азоби хоркунанда, ки Фиръавниён фарзандони писарашонро кушта ва занонашонро барои хидмат зинда нигоҳ медоштанд, наҷот додем.(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\773
31.   Онҳоро аз чанги Фиръавн наҷот додем, ҳароина, ӯ аз мутакаббирони ситамкор
буд.
32.   Ва ҳароина, бани Исроилро дониста бар оламиён баргузидем ва ононро миллати баргузидаи асри худашон кардем(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 27\37
33.   Ва оёте аз муъҷизоти Мӯсо ба онҳо ато кардем, ки дар он имтиҳони ошкоре буд.
34.   Албатта, инҳо мушрикони қавми ту мегӯянд:
35.   Поёни кор ҷуз ҳамин марги нахустин чизи дигаре нест ва мо дигар бор баъд аз маргамон барои ҳисоб ва савоб ва азоб зинда намешавем.(1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 7\233
36.   Эй Муҳаммад, мушрикон ба ту ва қавмат мегӯянд: агар рост мегӯед, ки мо ду бора зинда мешавем, пас падарони моро ба ҷаҳон бозоваред.(1)
____________________
1. Яъне, онҳоро зинда кунед. Тафсири Бағавӣ 7\233
37.   Оё ин мушрикҳо беҳтаранд ё қавми Туббаъ(1) ва касоне, ки пеш аз онҳо буданд, чун Од ва Самуд ва монанди онҳо? Ҳамаро ҳалок кардем, ки ҳароина, онҳо гунаҳгорон буданд. Пас ҳалок сохтани мушрикон, ки дар қудрату тавоноӣ аз онҳо поёнтаранд, ҳеҷ шакке нест, ки бар Аллоҳ осон аст.(2)
____________________
1. Қуртубӣ раҳматуллоҳи алайҳ мегӯяд: мурод аз Туббаъ шоҳони Ямананд, зеро лақаби шоҳонашон “Туббаъ" буд. "Туббаъ" лақабшуморӣ аз шоҳони Ҳимяри Арабистони ҷанубӣ дар асрҳои чорум ва панҷуми милодӣ буд. 2. Тафсири Табарӣ 22\40
38.   Мо ин осмонҳову замин ва он чиро миёни онҳост, ба бозӣ беҳуда ва беҳадаф наёфаридаем.
39.   Магар ин ки он ду чизро барҳақ офаридаем, вале бештаринашон,
ки мушриконанд инро намедонанд ва дар офариниши инҳо намеандешанд, чун умед ба савоб надоранд ва аз иқоби Ӯ наметарсанд.(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 22\41
40.   Ҳароина, ваъдагоҳи ҳама барои ҷудо сохтани некӯкор аз бадкор дар рӯзи доварӣ, (қиёмат) аст.
41.   Рӯзе, ки ҳеҷ дӯсте барои дӯсти худ судманд набошад ва наметавонад ба наздиконаш ҳеҷ гуна нафъе бирасонад ва барояш аз сӯи касе ёрӣ нашавад,
42.   магар касе, ки Аллоҳ бар ӯ раҳм кардааст, шафоъат карда мешавад дар назди Парвардигораш, баъд аз он ки Аллоҳ барояш рухсат диҳад. Ҳароина, Ӯст пирӯзманд дар интиқом гирифтан бар душманонаш ва меҳрубон аст ба дӯстони итоъаткори худ.(1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 7\235
43.   Ҳароина, дарахти Заққум, ки дар ҷаҳаннам мерӯяд,
44.   таъоми гунаҳкорон аст. Ва аз бузургтарин гуноҳҳо шарик овардан ба Аллоҳ аст.
45.   Монанди миси гудохта дар шикамҳои мушрикон меҷӯшад.
46.   Монанди сахт ҷӯшидани оби сӯзон.
47.   Ба фариштагони нигаҳбони дӯзах гуфта мешавад: Бигиред ин гунаҳкорро ва ба сахтӣ ба миёни ҷаҳаннамаш бикашед(1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 7\236
48.   ва бар болои сари ин гунаҳкор оби ҷӯшон бирезед, то шиканҷа шавад.(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 22\48
49.   Ба ин гунаҳкори бадбахт гуфта шавад: Бичаш, ин азобро, ки ту гумон доштӣ, ки дар қавми худ пирӯзманду бузургвор ҳастӣ!(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\774
50.   Ҳароина, ин азоб ҳамон чизест, ки дар он шак мекардед ҳангоме ки дар дунё будед ва ба он боварии яқин надоштед.(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 22\50
51.   Ҳароина, Парҳезгорон, ки дар дунё фармонҳои Аллоҳро ба ҷо оварданд ва аз манъкардашудаҳояш дур шуданд дар ҷои амне ҳастанд, ки аз тамоми ҳаросу ғамҳо осудахотиранд,(1)
____________________
1. Тафсири ибни Касир 7\261
52.   дар боғҳо ва чашмасорҳои равон,
53. либосҳои аз сундусу истабрақ(1) мепӯшанд ва рӯ ба рӯи ҳамдигар менишинанд, то бо ҳам бештар унс бигиранд.(2)
____________________
1. Сундус: абрешими нозук ва "истабрақ": абрешими дурушт. 2. Тафсири Саъдӣ 1/774
54.   Чунонки парҳезгоронро
дар охират гиромӣ доштем бо даромадани боғҳо ва пӯшидани либосҳои абрешим, ҳамчунин ҳурулъийн (ҳурони шаҳлочашм)-ро ба никоҳи онҳо дармеоварем.(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 22\52
55.   Парҳезгорон дар он ҷо ҳар меваеро, ки бихоҳанд, осудахотир металабанд.
56.   Парҳезгорон дар он ҷо таъми маргро намечашанд, ғайри ҳамон марги нахустин, ки дар дунё чашида буданд. Ва онҳоро Аллоҳ аз азоби ҷаҳаннам нигоҳ доштааст.
57. Ин фазлу бахшишест аз ҷониби Парвардигори ту. Ин аст комёбии бузург!
58. Пас ҳароина, Мо адои сухани хеш Қуръонро ба забони ту эй Расул осон кардем, то панд бигиранд!(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 22\53
59. Эй Расул, ту мунтазир бош пирӯзиеро, ки Аллоҳ ба ту ваъда додааст бар он мушрикон ва азоберо ки бар онҳо фарогирандааст, ки ҳароина, онҳо низ марги туро мунтазиранд. Ба зудӣ хоҳанд донист, ки ғалаба дар дунёву охират ба ҷониби туст эй Расул ва касоне, ки пайравӣ туанд.(1)
____________________
1. Тафсири ибни Касир 7\263