surah.translation .
من تأليف: خوجه ميروف خوجه مير .

1.       Эй Расул, оё хабари қиёмат, ки бо сахтиҳояш одамонро фаро мегирад ба ту расидааст?
2.       Чеҳраҳои кофирон дар он рӯз ба азоб хор хоҳанд буд
3.       талошкардаву ранҷдида,
4.       оташи сӯзон ба он мерасад,
5.       аз чашмаи бисёр гарм нӯшонда мешаванд,
6.       онон хӯрокеро ҷуз хори талх надоранд,
7.       ки на фарбеҳ мекунад ва на гуруснагиро аз байн мебарад.
8.       Чеҳраҳои мӯъминон дар он рӯз хуррам ва тоза хоҳанд буд.
9.       Ва аз кӯшиши худ ва амале, ки дар дунё кардаанд, дар охират розӣ хоҳанд буд,
10.   дар биҳиште олимақом,
11. ки дар он ҷо ҳеҷ сухани беҳуда нашунавӣ
12. ва дар он чашмасорҳо равон бошанд
13. ва дар он ҷо тахтҳои баланд ва олӣ аст
14. ва кӯзаҳое ниҳода барои нӯшандагон
15. ва болиштҳое дар канори ҳам чида
16. ва фаршҳои нафиси паҳнкарда.
17. Оё кофирон ба шутур наменигаранд, ки чӣ гуна офарида шудааст?
18. Ва ба осмон, нигоҳ намекунанд, ки чӣ гуна бардошта шудааст?
19. Ва ба кӯҳҳо, наменигаранд, ки чӣ гуна барқарор гардидаанд?
20. Ва ба замин, наменигаранд, ки чӣ гуна густурда шудааст?
21. Пас панд деҳ эй Расул, ки ту панддиҳандае ҳастӣ. Ва ғамгин мабош аз он касоне, ки ҳақро қабул надоранд!
22. Ту бар онон фармонраво нестӣ, то ононро ба имон овардан маҷбур кунӣ.
23.    Магар, он кас кӣ рӯй гардонд аз панду насиҳат ва кофир шуд ва бар куфраш давомат
кард.
24.    Аллоҳ бо бузургтарин азоб ӯро азоб мекунад.
25.    Албатта бозгашташон баъди марг ба сӯи Мост.
26.    Онгоҳ ҳисоби онон бар ӯҳдаи Мо аст.