ﯭ
                    surah.translation
            .
            
    
                                    من تأليف: 
                                            فريق متخصص مكلف من مركز رواد الترجمة بالشراكة مع موقع دار الإسلام
                                                            .
                                                
            ﰡ
Он чи дар осмонҳо ва он чи дар замин аст, ҳама тасбеҳи Аллоҳ таоло мегӯянд. Фармонравоӣ аз они Ӯст ва сипос [-у ситоиш низ] аз они Ӯст ва Ӯ бар ҳама чиз тавоност
                                                                        Ӯст, ки шуморо офарид; пас, [гурӯҳе] аз шумо кофиранд ва [гурӯҳе] аз шумо муъмин ҳастанд; ва Аллоҳ таоло аз он чи мекунед, огоҳ аст
                                                                        Осмонҳо ва заминро ба ҳақ офарид ва шуморо [дар раҳими модаронатон] шаклу сурат бахшид. Пас, шаклу сурататонро наку [ва зебо] гардонд, ва бозгашт [-и ҳама] ба сӯйи Ӯст
                                                                        Он чиро, ки дар осмонҳо ва замин аст медонад ва он чиро пинҳон медоред ва он чиро ки ошкор мекунед, [низ] медонад; ва Аллоҳ таоло аз он чи дар синаҳост, огоҳ аст
                                                                        Оё хабари касонеро, ки пеш аз ин кофир шуданд, ба шумо нарасидааст? Онҳо [таъми] кайфари кори худро чашиданд ва азоби дардноке хоҳанд дошт
                                                                        Ин бад-он сабаб аст, ки паёмбаронашон бо муъҷизот [ва далоили равшан] ба сӯйи онон омаданд, пас, [онҳо аз рӯи такаббур] гуфтанд: «Оё башаре [монанди мо] мехоҳад ҳидоятамон кунад?». Он гоҳ кофир шуданд ва рӯй гардонданд ва Аллоҳ таоло [аз онон ва имонашон] бениёз буд; ва Аллоҳ таоло бениёзи сутуда аст
                                                                        Касоне, ки кофир шуданд, гумон бурданд, ки ҳаргиз барангехта нахоҳанд шуд. Бигӯ: «Оре; ба Парвардигорам савганд, яқинан [ҳама] барангехта хоҳед шуд; он гоҳ аз он чи мекардед, ба шумо хабар хоҳанд дод ва ин [кор] бар Аллоҳ таоло осон аст»
                                                                        Пас, ба Аллоҳ таоло ва Паёмбараш ва нуре, ки нозил кардаем, имон биёваред; ва Аллоҳ таоло аз он чи мекунед, огоҳ аст.
                                                                        Рӯзе, ки ҳамаи шуморо [дар маҳшар] гирд меоварад. Он рӯз рӯзи зиёнкоре аст ва ҳар кас ба Аллоҳ таоло имон оварад ва корҳои шоиста анҷом диҳад, гуноҳони ӯро мебахшад ва ӯро ба боғҳое [аз биҳишт] ворид мекунад, ки ҷӯйборҳо зери [дарахтони] он ҷорӣ аст; ҷовидона дар он мемонанд. Ин комёбии бузург аст.
                                                                        Ва касоне, ки кофир шуданд ва оёти Моро такзиб карданд, онон аҳли оташ [-и дузах]-анд ва ҷовидона дар он мемонанд; ва чи бад [саранҷом ва] ҷойгоҳе аст!
                                                                        Ҳеҷ мусибате [ба инсон] намерасад, магар ба ҳукм [-у фармони] Аллоҳ таоло; ва ҳар кас ба Аллоҳ таоло имон оварад, [Аллоҳ таоло] қалбашро ҳидоят мекунад; ва Аллоҳ таоло ба ҳама чиз доност.
                                                                        Аз Аллоҳ таоло итоат кунед ва расулро [низ] итоат кунед. Пас, агар рӯй бигардонед, [бидонед, ки] фиристодаи Мо вазифае ҷуз иблоғи ошкор надорад.
                                                                        Аллоҳ таоло аст, ки ҳеҷ маъбуде [ба ҳақ] ҷуз Ӯ нест; пас муъминон бояд бар Аллоҳ таоло таваккал кунанд.
                                                                        Эй касоне, ки имон овардаед, ба ростӣ, ки [баъзе] аз ҳамсаронатон ва фарзандонатон душманони шумо ҳастанд; пас, аз онҳо барҳазар бошед; ва агар афв кунед ва чашм бипӯшед ва бибахшед, бе гумон, Аллоҳ таоло омурзандаи меҳрубон аст.
                                                                        Ҷуз ин нест, ки амволу фарзандонатон василаи омурзиши [шумо] ҳастанд; ва Аллоҳ таоло аст, ки подоши бузург назди Ӯст.
                                                                        Пас то он ҷо ки метавонед, аз Аллоҳ таоло парво кунед ва [ҳақро] бишнавед ва фармон баред ва инфоқ кунед, ки барои худи шумо беҳтар аст; ва касоне, ки аз бухлу ҳирси нафси хеш дар амон бимонанд, ононанд, ки растагоранд.
                                                                        Агар ба Аллоҳ таоло қарзи наку диҳед, онро барои шумо афзун мекунад ва шуморо меомурзад; ва Аллоҳ таоло қадршиноси бурдбор аст.
                                                                        [Ӯ] Донои ниҳону ошкор [ва] бузургу баландмартаба аст