ﯼ
                    surah.translation
            .
            
    
                                    من تأليف: 
                                            فريق متخصص مكلف من مركز رواد الترجمة بالشراكة مع موقع دار الإسلام
                                                            .
                                                
            ﰡ
                                                                                                                
                                    ﮢﮣ
                                    ﰀ
                                                                        
                    Савганд ба фариштагоне, ки ҷон [-и кофирон]-ро ба шиддат берун мекашанд
                                                                        
                                                                                                                
                                    ﮥﮦ
                                    ﰁ
                                                                        
                    Ва савганд ба фариштагоне, ки ҷон [-и муъминон]-ро ба нармӣ ва осонӣ мегиранд
                                                                        
                                                                                                                
                                    ﮨﮩ
                                    ﰂ
                                                                        
                    Ва савганд ба фариштагоне, ки [ба амри Аллоҳ таоло аз осмон ба сӯйи замин] шиноваранд
                                                                        
                                                                                                                
                                    ﮫﮬ
                                    ﰃ
                                                                        
                    Ва савганд ба фариштагоне, ки [дар иҷрои авомири илоҳӣ] бар якдигар сабқат мегиранд
                                                                        
                                                                                                                
                                    ﮮﮯ
                                    ﰄ
                                                                        
                    Ва савганд ба фариштагоне [ки ба амри илоҳӣ] корҳоро тадбир мекунанд
                                                                        Рӯзе, ки [пас аз аввалин дамидан дар сур] замин [ва кӯҳҳо ва ҳама чиз] ба ларза дарояд
                                                                        
                                                                                                                
                                    ﯖﯗ
                                    ﰆ
                                                                        
                    [Ва] Дар пайи он [дамидани дувуми ҳашр] биёяд
                                                                        Дар он рӯз дилҳое сахт музтариб [ва тарсон] аст
                                                                        
                                                                                                                
                                    ﯝﯞ
                                    ﰈ
                                                                        
                    Ва чашмҳои онон [аз тарсу шармсорӣ] фуру афтодааст
                                                                        [Кофирон дар дунё] Мегӯянд: «Оё мо [пас аз марг дубора] ба ҳоли аввали худ бозгардонда мешавем?
                                                                        Оё ҳангоме ки устухонҳои пӯсида шудем [ва ба хок табдил гаштем, боз ҳам зинда мешавем]?»
                                                                        Гӯянд: «[Агар чунин ваъдае дуруст бошад] он гоҳ он бозгаште зиёнбор аст»
                                                                        Пас он [бозгашт] танҳо бо як бонги боҳайбат аст
                                                                        Ва ногаҳон ҳамагӣ бар арсаи замин [-и маҳшар] зоҳир] мешаванд
                                                                        [Эй Паёмбар] Оё достони Мӯсо ба ту расидааст?
                                                                        Он гоҳ ки Парвардигораш ӯро дар сарзамини муқаддаси «Туво» нидо дод [ва фармуд]
                                                                        «Ба сӯи Фиръавн бирав, ки ӯ туғён кардааст
                                                                        Ва ба ӯ бигӯ: «Оё мехоҳӣ [аз куфру гуноҳ] пок шавӣ?
                                                                        Ва ман туро ба сӯйи Парвардигорат ҳидоят кунам, то [аз Ӯ] битарсӣ [ва фармонбардор шавӣ]?
                                                                        Пас, [Мӯсо] муъҷизаи бузургро ба ӯ нишон дод
                                                                        
                                                                                                                
                                    ﭧﭨ
                                    ﰔ
                                                                        
                    Аммо ӯ такзибу саркашӣ кард
                                                                        Сипас пушт кард ва ба кӯшишу талош [алайҳи ӯ] пардохт
                                                                        
                                                                                                                
                                    ﭮﭯ
                                    ﰖ
                                                                        
                    Пас, [қавмашро] ҷамъ карду нидо дод
                                                                        Ва гуфт: «Ман Парвардигори бартари шумо ҳастам»
                                                                        Пас, Аллоҳ таоло ӯро ба азоби охират ва дунё гирифтор кард
                                                                        Бе гумон, дар ин [воқеа] барои ҳар кас, ки [аз Аллоҳ таоло] метарсад, ибрате ҳаст
                                                                        Оё офариниши шумо [баъд аз марг] сахттар аст ё осмоне, ки [Аллоҳ таоло] онро бино кард?
                                                                        Сақфи онро барафрошту ба он шаклу назм дод
                                                                        Ва шабашро торик ва рӯзашро равшан гардонид
                                                                        Ва заминро баъд аз он густаронид
                                                                        Ва аз он об [чашмаҳо ва чоҳҳо ва] чарогоҳашро берун овард
                                                                        
                                                                                                                
                                    ﮞﮟ
                                    ﰟ
                                                                        
                    Ва кӯҳҳоро муҳкам ва устувор [бар рӯйи замин] қарор дод
                                                                        [Ҳамаи инҳо] барои баҳрагирии шумо ва чаҳорпоёнатон аст
                                                                        Пас, ҳангоме ки [он] ҳодисаи бузург [-и қиёмат] фаро расад
                                                                        Дар он рӯз инсон [тамоми аъмолу] талошҳои худро ба ёд меоварад
                                                                        Ва ҷаҳаннам барои ҳар бинандае ошкор мешавад
                                                                        Пас, он кас, ки туғён [ва саркашӣ] карда бошад
                                                                        Ва зиндагии дунёро [бар охират] тарҷеҳ дода бошад
                                                                        Бе тардид, ҷаҳаннам ҷойгоҳи ӯст
                                                                        Ва аммо касе, ки аз истодан дар ҳузури Парвардигораш бимнок буда ва нафсро аз ҳаво [ва ҳавас] боздошта бошад
                                                                        Ҳатман, биҳишт ҷойгоҳи ӯст
                                                                        [Эй Паёмбар] Дар бораи қиёмат аз ту мепурсанд, ки дар чи замоне воқеъ мешавад?
                                                                        Туро бо ёдоварии ин сухан чи кор аст?
                                                                        [Саранҷом ва] Мунтаҳои [илми] он назди Парвардигори туст
                                                                        Ту, ҳатман, бимдиҳандаи касоне ҳастӣ, ки аз он метарсанд
                                                                        Рӯзе, ки [кофирон қиёматро] бубинанд, [чунин эҳсос мекунанд, ки] гӯӣ [дар дунё] ҷуз як шомгоҳ ё бомдод ба сар набурдаанд