surah.translation .

ҚАЛАМ


Нун, савганд ба қалам ва он чӣ менависанд,

ки ту ба фазли Парвардигорат девона нестӣ

ва турост мукофоте бепоён

ва турост хулқе азим.

Ба зудӣ ту бубинӣ ва онҳо низ бубинанд,

ки девонагӣ дар кадом як аз шумост.

Албатта Парвардигори ту беҳтар медонад чӣ касе аз тариқи Ӯ гумроҳ гашта, ва Ӯ ба роҳёфтагон донотар аст.

Пас ба такзибкунандагон (дурӯғ шуморандагон) итоъат макун.

Дӯст доранд, ки нармӣ кунӣ, то нармӣ кунанд,.

Ба ҳар фурӯмояе (пасте), ки бисёр: савганд мехӯрад пайравӣ макун:

айбҷӯе, ки барои суханчинӣ ин ҷову он ҷо меравад,

боздоранда аз хайр, аз ҳад гузаранда, гуноҳкор,

дағалмарде, ношинохтанасаб,

ба он ҷиҳат, ки соҳиби молу фарзанд аст.

Чун оёти Мо бар ӯ хонда шавад, гӯяд: «Афсонаҳои пешиниён аст».

Ба зудӣ бар биниаш доғ гузорем.

Мо онҳоро озмудем, чунон ки соҳибони он бустонҳоро озмудем. Он гоҳ., ки қасам хӯрданд, ки фардо бомдод меваҳоро хоҳанд чид.

Ва иншооллоҳ нагуфтанд.

Пас шабҳангом, ки ба хоб буданд, офате аз осмон омад,

ва бӯстонҳо сиёҳ шуд.

Ва саҳаргоҳон якдигарро нидо доданд:

«Агар мехоҳед, мева бичинед, бомдодон ба киштзори худ биравед!»

Ба роҳ афтоданд ва оҳиста мегуфтанд;

ки имрӯз набояд бенавое ба бӯстони шумо дарояд.

Субҳгоҳон ба ин ният, ки метавонанд бенаворо манъ кунанд, берун шуданд.

Чун бӯстонҳои худро диданд, гуфтанд: «Роҳро гум кардаем.

На, мо аз ҳосил маҳрум шудаем».

Некмардашон гуфт: «Шуморо нагуфгам, чаро Худоро тасбеҳ намегӯед?»

Гуфтанд,: «Пок аст Парвардигори мо, мо ситамкор будем».

Пас забон ба маломати якдигар кушуданд.

Гуфтанд: «Вой бар мо, мо мардуме саркаш будаем,

бошад, ки Парвардигори 'мо дар иваз чизе беҳтар аз он моро диҳад, Мо ба Парвардигори худ рӯй овардаем!»

Инчунин аст азоб! Ва агар бидонанд, азоби охират бузургтар аст!

Барои парҳезгорон дар назди Парвардигорашон бӯстонҳоест пурнеъмат.

Оё бо таслимшудагон чун ба гунаҳкорон рафтор мекунем?

Шуморо чӣ мешавад? Чӣ тавр доварӣ мекунед?

Оё шуморо китобест, ки аз он мехонед?

Ва ҳар чӣ ихтиёр кунед, дар он ҳаст?

Ё бо Мо паймоне, ки то рӯзи қиёмат кашад, бастаед, ки ба ҳар чӣ ҳукм кунед, ҳаққи шумо бошад?

Аз онҳо бипурс, кадом якашон зомини чунин паймонест?

Ё онҳоро шариконест? Агар рост мегӯянд, шарикони худро биёваранд.

Рӯзе, ки он воқеъаи азим рӯй диҳад ва онҳоро ба саҷда даъваткунанд, вале натавонанд.

Ваҳшат дар чашмонашон пайдост, хори бар онҳо ғолиб шудааст, пеш аз ин низ онҳоро дар айни тандуруст ба саҷда даъват карда буданд.

Пас Маро ба онҳо, ки ин суханро дурӯғ мебароранд вогузор, то андак-андак,: чунон ки дарнаёбанд, ба азоб гиремашон

ва ба онҳо мӯҳлат диҳам. Албатта макри Ман макре устувор аст.

Ё аз онон музде талабидаӣ ва акнун аз адои он дар ранҷанд?

Ё илми ғайб медонанд ва онҳо, менависанд?

Дар баробари фармони Парвардигорат собир бош ва чун соҳиби моҳӣ мабош, ки бо диле пурандӯҳ нидо дардод.

Агар неъмати Парвардигораш набуд, дар айни бадҳолӣ ба саҳрое беобу гиёҳ меафтод.

Пас Парвардигораш ӯро ихтиёр кард ва дар зумраи солеҳонаш даровард.

Ва кофирон чун Қуръонро шуниданд, наздик буд, ки туро, бо чашмони худ билағжонанд ва мегӯянд, ки ӯ девона аст

ва ҳол он ки Қуръон барои ҷаҳониён фақат панде аст!