Terjemahan Surah الضحى dalam الطاجيكية dari الترجمة الطاجيكية
Verse 1
ﮉ
ﮊ
1. Аллоҳ савганд ёд мекунад: Савганд ба вақти чошт.(1)
1. Мурод аз чошт тамоми рӯз аст.
Verse 2
ﮋﮌﮍ
ﮎ
2. Ва савганд,(1) ба шаб, чун бипӯшад бо торикии худ атрофро,
1. Аллоҳ ба он чӣ хоҳад аз махлуқоти худ қасам ёд мекунад, аммо барои махлуқ ҷоиз нест, ба ғайри номи Аллоҳ қасам хӯрад, зеро ин амали ширк аст.
Verse 3
ﮏﮐﮑﮒﮓ
ﮔ
3. Эй Муҳаммад, ки Парвардигорат туро тарк накардааст ба сабаби таъхири ваҳй ва бад ҳам надидааст.
Verse 4
ﮕﮖﮗﮘﮙ
ﮚ
4. Албатта охират барои ту беҳтар аз дунёст.
Verse 5
ﮛﮜﮝﮞ
ﮟ
5. Ба зудӣ Парвардигорат туро эй Муҳаммад аз неъматҳои гуногун ато хоҳад дод, то хушнуд шавӣ.
Verse 6
ﮠﮡﮢﮣ
ﮤ
6. Оё туро қабл аз ин ятим наёфт ва ҷоят дод?
Verse 7
ﮥﮦﮧ
ﮨ
7. Ва туро роҳгумкарда ёфт, ки намедонистӣ чӣ аст китоб ва чӣ аст имон, пас таълим дод туро он чиро, ки намедонистӣ ва ба некӯтарин амалҳо ҳидоятат кард?
Verse 8
ﮩﮪﮫ
ﮬ
8. Ва туро фақир ва бечиз ёфт ва ба қаноъат ва сабр сарватманд ва дороят гардонд?
Verse 9
ﮭﮮﮯﮰ
ﮱ
9. Пас ятимро маёзор
Verse 10
ﯓﯔﯕﯖ
ﯗ
10. ва гадоро марон, балки таъом деҳ ва ҳоҷаташро баробар гардон
Verse 11
ﯘﯙﯚﯛ
ﯜ
11. ва аз неъмати Парвардигорат, ки ба ту арзонӣ кардааст, сухан бигӯй.
تقدم القراءة