ﯛ
ترجمة معاني سورة الأحقاف
باللغة الطاجيكية من كتاب الترجمة الطاجيكية
.
من تأليف:
خوجه ميروف خوجه مير
.
ﰡ
ﮑ
ﰀ
1. Ҳо Мим. (Зикри ҳарфҳои муқаттъа дар авалли сураи Бақара гузашт.)
2. Ин Қуръон китобест нозил гардида аз ҷониби Аллоҳи пирӯзманде, ки мағлуб намешавад ва дар тадбиру кардаҳояш боҳикмат аст.
3. Мо осмонҳову замин ва он чиро, ки дар миёни он ду аст, барҳақ(1) ва дар муддати муайян офаридаем. Ва кофирон аз он чи Қуръон бимашон медиҳад, рӯй мегардонанд.
____________________
1. Яъне, то бидонанд бандагон бузургии Парвардигорашонро ва Ӯро ягона ибодат кунанд ва бидонанд, ки Ӯ таъоло қодир аст бандагонро баъд аз маргашон дубора зинда баргардонад, то ки ҳақ ва адлро дар байнашон то вақти муайян кардашуда барпо кунад. Тафсири Саъдӣ 1/ 779

4. Бигӯ эй Паёмбар барои кофирон: Оё дидед он чиро ба ҷуз Аллоҳ мепарастед (аз бутон мурдагон ва тоғутҳо), ба ман нишон диҳед, ки аз ин замин чӣ чизро офаридаанд? Ё дар хилқати (офаридани) осмонҳо бо ҳамроҳи Аллоҳ ширкат доштаанд? Агар рост мегӯед, барои ман китобе, ки пеш аз ин Қуръон омада бошад ё агар донише аз пешиниён мондааст, биёваред!(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 22\92
____________________
1. Тафсири Табарӣ 22\92
5. Ва кист гумроҳтар аз он, ки ба ҷуз Аллоҳ чизеро ба дуъо мехонад, ки то рӯзи қиёмат ба ӯ ҷавоб намедиҳад, чунки онҳо (бутон, ё мурдагон, ё сангҳо ва дарахтон ва монанди инҳо) аз дуъои бутпарастон бехабаранд, на худ мешунаванд ва на мефаҳманд.(1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 7\252
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 7\252
6. Ва чун дар қиёмат мардумро барои ҳисобу китоб ҷамъ оранд, бутон бо парастандагони хеш душман бошанд ва ибодаташонро инкор кунанд.
7. Ва чун оёти равшани Мо ба он мушрикон хонда шавад, кофирон Қуръонеро, ки барояшон нозил шудааст, гӯянд: «Ҷодуи ошкор аст».
8. Ё мегӯянд мушрикон: Ин Қуръон дурӯғест, ки худ Муҳаммад бофтааст! Бигӯ эй Паёмбар: Агар ман онро чун дурӯғе ба ҳам бофта бошам, шумо наметавонед хашми Аллоҳро аз ман боздоред.
Аллоҳ аз он таънаҳое, ки ба ин Қуръон мезанед, огоҳтар аст. Ва шаҳодати Ӯ миёни ману шумо кофист. Ва Ӯст омӯрзандаи тавбакунандагон, меҳрубони бандагони муъмин!(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1/779

9. Бигӯ эй Паёмбар ба мушрикони қавмат: Ман аз миёни дигар паёмбарон нахустин паёмбар нестам, (яъне, пеш аз ман низ дигар паёмбарони Аллоҳ гузаштаанд ва шумо медонед, пас чаро аз паёмбарии
ман ҳайрон шуда инкор мекунед) ва намедонам, ки бар ман ё бар шумо дар дунё чӣ хоҳад расид, чунки илми ғайб намедонам. Ман аз чизе ҷуз он чӣ ба ман ваҳй мешавад, пайравй намекунам ва шуморо низ ба он амр намекунам ва ман ҷуз бимдиҳандаи ошкоре нестам.(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1/779
ман ҳайрон шуда инкор мекунед) ва намедонам, ки бар ман ё бар шумо дар дунё чӣ хоҳад расид, чунки илми ғайб намедонам. Ман аз чизе ҷуз он чӣ ба ман ваҳй мешавад, пайравй намекунам ва шуморо низ ба он амр намекунам ва ман ҷуз бимдиҳандаи ошкоре нестам.(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1/779
10. Бигӯ эй Паёмбар ба мушрикони қавмат: «Ба ман хабар диҳед, агар Қуръон
аз ҷониби Аллоҳ бошад ва шумо ба он имон наоваред ва яке аз мардони бани Исроил (мисли Абдулло ибни Салом)(1) ба он гувоҳӣ диҳад ва имон биоварад, вале шумо гарданкашӣ кардед, оё ситамгар нестед? Албатта, Аллоҳ таъоло мардуми ситамкорро ба сӯи Ислом ҳидоят намекунад!»
____________________
1. Яъне, Абдулло ибни Салом, олими аҳли китоб, ки аз илми Таврот бо хабар буд аз омадани паёмбари охири замон огоҳӣ дошт ва ба паёмбарии Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) имон овард. Тафсири Бағавӣ 7/254

11. Ва кофирон ба мӯъминон гуфтанд: «Агар он чи ки Муҳаммад аз Қуръон ва нубувват овардааст хубие мебуд, инҳо дар пазируфтанаш бар мо сабқат ва пешдастӣ намекарданд». Ва чун ба василаи Қуръон роҳи ҳидоят наёфтанд, пас мегӯянд, ки ин Қуръон дурӯғи дерина аст.
12. Ва пеш аз ин Қуръон китоби Мӯсо (яъне Таврот) барои бани Исроил роҳнамову раҳмат буд ва ба он иқтидо мекарданд. Ва ин Қуръон китобест тасдиқкунандаи китобҳои пешина, ба забони арабӣ нозил шудааст, то ситамкорон (кофирон)-ро биме ва некӯкорон (мӯъминон)-ро муждае бошад.
13. Албатта, онон, ки гуфтанд, Парвардигори мо Аллоҳ аст ва баъд дар имонашон мустаҳкам истоданд, пас ҳеҷ тарсу андӯҳе нест барояшон аз тарси қиёмат ва бар он чизҳое, ки дар дунё боқӣ гузоштаанд баъд аз маргашон, андӯҳгин намешаванд.
14. Инҳо аҳли биҳиштанд ва (ба раҳмати Аллоҳ) дар он ҷо ҷовидон бошанд, ба сабаби амалҳои шоистае, ки дар дунё мекарданд.
15. Ва одамиро ба некӣ кардан бо падару модари худ дар ҳаёташон ва баъд аз маргашон амр кардаем. Албатта модараш ӯро ҳангоми ҳомилагӣ бо душворӣ бардошт ва ба душворӣ ба замин ниҳод (яъне, таваллуд кард). Ва муддати ҳамл ва то аз шир ҷудо шуданаш, сӣ моҳ аст,(1) то чун ба синни ҷавонӣ (пурқувватӣ) расад ва ба чиҳилсолагӣ медарояд, дуъо карда мегӯяд: «Эй Парвардигори ман, ба ман тавфиқ деҳ, то шукри неъмате, ки бар ман ва бар падару модарам арзонӣ доштай, ба ҷой орам ва кори
шоиста бикунам, ки Ту аз он хушнуд шавӣ ва фарзандони маро солеҳ гардон. Албатта тавба кардам аз тамоми гуноҳҳоям ва бозгаштам ба сӯи Ту. Ҳамоно ман аз зумраи мусулмононам».(2)
____________________
1. Ин оят далел аст ба бартар будани ҳаққи модар аз падар. 2. Яъпе, аз онҳое, ки сар фуруд оварданд барои тоаътат ва таслим шудаанд ба амрҳоят ва наҳйҳоят.

16. Инҳо касоне ҳастанд, ки корҳои некашонро мепазирем ва аз гуноҳашон дармегузарем. Дар зумраи аҳли биҳиштанд. Ин ваъдаи ростине аст, ки ба онҳо дода мешавад.
17. Ва касе, ки ба падару модараш, гуфт: «Уф (безорам) аз шумо, оё ба ман ваъда медиҳед, ки аз гӯрам зинда берун оварда хоҳам шуд ва ҳол он ки мардуме пеш аз ман будаанд ва зинда нашуданд. Ва он ду (волидайн) аз даргоҳи Аллоҳ мепурсанд ҳидояташро ва гӯянд: «Вой бар ту, имон биёвар, ки албатта, ваъдаи Аллоҳ ҳақ аст ҳамаро зинда мекунад!», мегӯяд: «Инҳо (яъне, он чи ки шумо дар бораи зинда шудани пас аз марг мегӯед) ҷуз ҳамон афсонаҳои пешиниён нест!»(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 22\118
____________________
1. Тафсири Табарӣ 22\118
18. Дар бораи инҳо(1) ҳамон сухан, ки (воҷиб шудани азоб) дар бораи умматҳои пешин аз ҷинну инс гуфта шуда буд, собит шуда буд. Ҳароина, инҳо зиёнкорон буданд.
____________________
1. Яъне, онҳое, ки ба Аллоҳ ва ба дубора аз нав зинда шудан имон надоранд. Тафсири Табарӣ 22/119
____________________
1. Яъне, онҳое, ки ба Аллоҳ ва ба дубора аз нав зинда шудан имон надоранд. Тафсири Табарӣ 22/119
19. Ва барои ҳар як аз ду гӯруҳ (аҳли хайр ва аҳли шар) нисбат ба корҳое, ки кардаанд, назди Аллоҳ дараҷотест, то ки Аллоҳ подоши корҳояшонро, ки дар дунё кардаанд, ба пуррагӣ бидиҳад ва ба онон ситам нашавад, на бар гуноҳашон афзуда мешавад ва на аз хубиҳояшон кам карда мешавад.(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\781
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\781
20. Ва рӯзе, ки кофиронро бар оташ барои азоб пешкаш кунанд, ба онон гуфта шавад: шумо дар зиндагии дунявӣ аз чизҳои покиза ва хуш баҳраманд шудед ва онҳоро аз байн бурдед. Имрӯз эй кофирон, ба азобу хорӣ дар дӯзах подошатон медиҳанд. Ва ин ба он сабаб аст, ки дар замин бе ҳеҷ ҳаққе гарданкашӣ мекардед ва исёнгарӣ пеш гирифта будед.
21. Ва ба ёд биёвар эй паёмбар, бародари қавми Одро,(1) ки чун қавми худро дар Аҳқоф(2) аз омадани азоби илоҳӣ тарсонд ва ба ростӣ пеш аз ӯ паёмбароне буданд ва рафтанду пас аз ӯ паёмбароне омаданд, бо ин паём, ки ҷуз Аллоҳи якторо напарастед, ки ҳароина, ман аз азоби рӯзи бузурги қиёмат бар шумо метарсам ба сабаби ширк оварданатон.(3)
____________________
1. Яъне, паёмбари Аллоҳ Ҳуд (алайҳис салом)-ро, бародари насабӣ на динӣ. 2. Яъне, ҷануби ҷазираи Арабистон (регистонҳои Яман). Тафсири Саъдӣ 1/782 3. Тафсири Табарӣ 22\125
____________________
1. Яъне, паёмбари Аллоҳ Ҳуд (алайҳис салом)-ро, бародари насабӣ на динӣ. 2. Яъне, ҷануби ҷазираи Арабистон (регистонҳои Яман). Тафсири Саъдӣ 1/782 3. Тафсири Табарӣ 22\125
22. Қавми Ҳуд гуфтанд: «Оё омадаӣ, бо дурӯғҳоят то моро аз парастиши маъбудонамон баргардонӣ? Пас агар рост мегӯӣ, ҳар чӣ ба мо ваъда медиҳӣ, аз азоби бузург ба миён биёвар».
23. Гуфт (Ҳуд алайҳис салом):
Ин ваъдаи омадани азобро танҳо Аллоҳ медонад ва ман фиристодаи Аллоҳ ҳастам ва он чиро ба он фиристода шудаам, ба шумо мерасонам. Вале мебинам, ки мардуми нодон ҳастед, дар талаб кардани азоб ва нофармонӣ карданатон ба Аллоҳ.

24. Пас чун қавми Ҳуд азобро дар ҳайати абре диданд, ки рӯй оваранда ба сӯи водиҳояшон, гуфтанд: Ин абрест, ки борон меорад ба мо. Пас гуфт Ҳуд алайҳиссалом ба онон: Не, балки ин ҳамон азобе аст, ки ба шитоб талаб намудед омадани онро. Ин бодесг, ки дар он уқубату азоби дарднок аст.
25. Бо фармон ва хоҳиши Парвардигораш ҳама чизро нобуд мекунад. Пас чунон шуданд, ки ҷуз хонаҳояшон чизи дигаре дида намешуд. Мо ин тавр гунаҳгоронро (ба сабаби туғёнашон) ҷазо медиҳем.(1)
____________________
1. Ба сабаби гуноҳҳояшон. Тафсири Бағавӣ 7/263
____________________
1. Ба сабаби гуноҳҳояшон. Тафсири Бағавӣ 7/263
26. Ва ҳамоно ба қавми Од дар дунё чунон тавоноию қудрат дода будем, ки ба шумо надодаем эй куффори Қурайш. Барояшон хӯши, шунаво то бишунаванд ва чашмҳои бино то бубинанд ва дилҳо то дарк кунанд, қарор дода будем. Вале гӯшу чашму дилашон ба ҳолашон ҳеҷ фоидае накард,(1) чунки оёти Аллоҳро инкор мекарданд ва он азоберо, ки ба масхарааш мегирифтанд, онҳоро фаро гирифт.
____________________
1. Яъне, ин неъматҳоро дар роҳи гуноҳ ва ғазаби Аллоҳ истифода бурданд.
____________________
1. Яъне, ин неъматҳоро дар роҳи гуноҳ ва ғазаби Аллоҳ истифода бурданд.
27. Ба таҳқиқ, Мо ҳамаи деҳаҳоеро(1), ки дар атрофи шумо (эй аҳли Макка) буданд, ҳалок кардем ва Мо оёти худро ба суратҳои гуногун баён доштем, бошад, ки онҳо аз куфри худ баргарданд.
____________________
1. Деҳаҳои қавми Од ва Самуд.
____________________
1. Деҳаҳои қавми Од ва Самуд.
28. Пас, чаро касонеро, ки ба ғайри Аллоҳ (барои наздикӣ ба Аллоҳи ягона) маъбуд гирифта буданд, ёриашон накарданд, балки аз назарашон гум шуданд?(1) Ин дурӯғ ва бофтаҳои онҳо буд, (яъне, ақида доштанд, ки бутҳо моро ба Аллоҳ наздик месозанд)!(2)
____________________
1. Яъне, аз онҳо пушту бонӣ накарданд ва ёриашон накарданд. Тафсири Саъдӣ 1/783
2. Тафсири Табарӣ 22\133
____________________
1. Яъне, аз онҳо пушту бонӣ накарданд ва ёриашон накарданд. Тафсири Саъдӣ 1/783
2. Тафсири Табарӣ 22\133
29. Ва ба ёд овар эй паёмбар, чун гурӯҳе аз ҷинҳоро назди ту равона кардем, то Қуръонро бишнаванд. Чун ба наздаш расиданд ва Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) Қуръон мехонд, гуфтанд: «Хомӯш бошед, то Қуръонро бишнавем!
Пас чун тиловати Қуръон ба поён расид ҳамоно Қуръон ба онҳо таъсир кард, онҳо ба сӯи қавми худ, ҳушдордиҳанда бозгаштанд, то онҳоро аз азоби Илоҳӣ битарсонанд, агар имон наоранд.(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 22/140

30. Гуфтанд: «Эй қавми мо, ҳароина, мо китоберо шунидем, ки баъд аз Мӯсо нозил шуда, китобҳои пешинро, ки ба паёмбаронаш нозил кардааст, тасдиқ мекунад ва ба ҳақ ва роҳи рост роҳ менамояд.
31. Эй қавми мо, суханҳои ин фиристодаи Аллоҳ (Муҳаммад)-ро қабул кунед ва ба ӯ имон биёваред, то Аллоҳ гуноҳҳоятонро биёмӯрзад ва шуморо аз азоби дардовар дар амон Дорад.
32. Ва ҳар касе, ки қабул накунад даъвати даъваткунандаи Аллоҳро, ки даъват мекунад ба сӯи Аллоҳ, наметавонад, дар рӯйи замин аз азоби Аллоҳи барҳақ бигурезад ва ӯро ҷуз Аллоҳи барҳақ ҳеҷ ёваре нест ва дар гумроҳии ошкорест!»
33. Оё намебинанд ва надонистаанд, Аллоҳе, ки осмонҳову заминро нахустин бор биёфарид(1), дар офаридани онҳо оҷиз намондааст. Ӯ тавоност, бар он ки мурдагонро зинда кунад. Бале, ин кор ба Аллоҳ осон аст. Ӯ бар ҳар коре тавоност!
____________________
1. Бе ғайри мисоли пешина, яъне аз дигар осмон ё замине руй бардор карда нашудааст.
____________________
1. Бе ғайри мисоли пешина, яъне аз дигар осмон ё замине руй бардор карда нашудааст.
34. Ва рӯзи қиёмат, ки кофирон бар оташи дӯзах барои азоб пешкаш карда шаванд, пас гуфта шавад ба онон: Оё ин азоб ҳақ нест? Гӯянд: «Бале, савганд ба Парвардигорамон!» Парвардигорашон мефармояд: «Ба хотири куфре(1), ки меварзидаед, азобро бичашед!»
____________________
1. Яъне, инкор мекардед дар дунё азоби дузахро. Тафсири Табарӣ 22/144
____________________
1. Яъне, инкор мекардед дар дунё азоби дузахро. Тафсири Табарӣ 22/144
35. Пас, сабр кун эй паёмбар, ба озору азияти мушрикон, ҳамчунон ки паёмбарони улулазм(1) сабр карда буданд. Ва дар азоб додани онҳо шитоб макун. Он рӯз, ки он ваъдаеро, ки ба онҳо дода шудааст, бингаранд, пиндоранд, ки ҷуз дар дунё ба қадри соате аз рӯз ҳаёт надидаанд. Ин хабар асту бас барои онон ва ғайрашон.
Пас танҳо мардуми фосиқи бадкор, ҳалок (азоб) карда мешаванд.
____________________
1. Яъне, ҳиммати олидошта ба мисли Нӯҳ, Иброҳим, Мӯсо, Исо ва ту эй Паёмбар (саллаллоху алайка ва алайҳимуссаллоту ва саллом). Тафсири ибни Касир 7/305