ﰈ
surah.translation
.
من تأليف:
خوجه ميروف خوجه مير
.
ﰡ
ﭜﭝ
ﰀ
1. Аллоҳ савганд ёд мекунад: Савганд ба офтоб ва равшаниаш ба ҳангоми чошт
2. ва савганд, ба моҳ чун аз паи он барояд
3. ва савганд, ба рӯз, чун дунёро равшан кунад
4. ва савганд, ба шаб, чун рӯзро бипӯшад
5. ва савганд, ба осмон ва ба он ки онро бино кард
6. ва савганд, ба замин ва ба он ки онро паҳн кард
7. ва савганд, ба нафси одамӣ ва ба он ки некӯяш биёфарид,
8. сипас шинохти бадиҳову парҳезгориҳояшро(1) ба ӯ илҳом кард.
____________________
1. Роҳи баду некро
____________________
1. Роҳи баду некро
9. Ҳамоно касе, ки нафсашро пок дошт, наҷот ёфт.
10. Ҳамоно касе, ки нафсашро палид сохт ва онро дар маъсият одат дод, ҳалок шуд.
11. Қавми Самуд паёмбарашонро аз рӯи саркашии худ, дурӯғ бароварданд.
12. Он гоҳ, ки бадбахттаринашон бархост ва рафт аз барои куштани шутур.
13. Паёмбари Аллоҳ Солеҳ алайҳиссалом ба онҳо гуфт, ки ба шутур коре надошта бошед, ҳамоно ин муъҷизаи Аллоҳ аст ва ӯро аз навбати обаш боз надоред.
14. Ӯро дурӯғ бароварданд ва шутурро куштанд. Пас Парвардигорашон ба сабаби гуноҳашон бар сарашон азоб овард ва бо хок баробар сохт.
15. Ва Ӯ таъоло баъд аз фуруд овардани азоб аз оқибати кори онҳо наметарсад.