Traducerea Surei القيامة în الطاجيكية din الترجمة الطاجيكية
Verse 1
ﮊﮋﮌﮍ
ﮎ
1. Аллоҳ таъоло савганд ёд мекунад: Қасам мехӯрам ба рӯзи қиёмат рӯзе, ки ҳисобу ҷазо аст.
Verse 2
ﮏﮐﮑﮒ
ﮓ
2. Ва қасам мехӯрам ба нафси мӯъмини парҳезгор, ки соҳибашро бар тарки тоъатҳо ва муртакиб шудани гуноҳҳо маломатгар аст!
Verse 3
ﮔﮕﮖﮗﮘ
ﮙ
3. Оё инсони кофир мепиндорад, ки Мо ҳаргиз устухонҳояшро гирд нахоҳем овард, баъд аз он ки пӯсид ва парокандагардид?
Verse 4
ﮚﮛﮜﮝﮞﮟ
ﮠ
4. Оре, мо тамоми устухонҳои пӯсидаи инсонро гирд меоварем ва ҳатто аз ин ҳам фаротар қодир ҳастем, ки сарангуштҳояшро баробар кунем, чунонки пеш аз марг дар ҳаёти дунё буданд.(1)
1. Тафсири Табарӣ 24\51
Verse 5
ﮡﮢﮣﮤﮥ
ﮦ
5. Балки, инсони мункир ба рӯзи баъс мехоҳад, ки дар оянда низ ба корҳои ношоиста пардозад.
Verse 6
ﮧﮨﮩﮪ
ﮫ
6. Инсони кофир аз рӯи такаббур ва ришханд мепурсад: «Рӯзи қиёмат чӣ вақт хоҳад буд?»
Verse 7
ﮬﮭﮮ
ﮯ
7. Рӯзе, ки чашмҳо аз шиддати сахтии рӯзи қиёмат хира шавад
Verse 8
ﮰﮱ
ﯓ
8. ва моҳ тира шавад ва нураш аз байн равад
Verse 9
ﯔﯕﯖ
ﯗ
9. ва офтобу моҳ бо рафтани нурашон дар як ҷой гирд оянд.
Verse 10
ﯘﯙﯚﯛﯜ
ﯝ
10. Инсон дар он рӯз мегӯяд: «Роҳи гурез аз азоб куҷост?»(1)
1. Тафсири Бағавӣ 8\282
Verse 11
ﯞﯟﯠ
ﯡ
11. Амр на чунон аст, ки эй инсон, ту таманно мекунӣ. Ҳаргиз (дар он рӯз паноҳгоҳе нест!
Verse 12
ﯢﯣﯤﯥ
ﯦ
12. Қароргоҳи ҳама дар он рӯз назди Парвардигори туст! Пас ҳар якеро тибқи амалҳояш ҷазои муносиб хоҳад дод(1).
1. Тафсири Саъдӣ 1\899
Verse 13
ﯧﯨﯩﯪﯫﯬ
ﯭ
13. Дар он рӯз одамиро аз тамоми амалҳои неку баде, ки он чӣ пешопеш дар ҳаёти худ фиристода ва он чӣ баъд аз хеш гузоштааст, хабар дода мешавад.(1)
1. Тафсири Ибни Касир 8\277
Verse 14
ﯮﯯﯰﯱﯲ
ﯳ
14. Балки инсон бар нафси худ бино аст ва ҳақиқати коре, ки аз тоъат ё маъсият анҷом додааст, медонад.
Verse 15
ﯴﯵﯶ
ﯷ
15. Ҳарчанд узрҳои худро дар миён оварад, ба ҳолаш ҳеҷ фоидае намекунад(1).
1. Тафсири Бағавӣ 8\283
Verse 16
ﯸﯹﯺﯻﯼﯽ
ﯾ
16. Эй Паёмбар ҳангоми фуруд омадани ваҳй башитоб забон ба хондани Қуръон маҷунбон, ба хотири он ки ҳифзи он аз ёди ту наравад,
Verse 17
ﯿﰀﰁﰂ
ﰃ
17. ки ҳароина, ҷамъ овардану хонданаш бар ӯҳдаи Мост, баъд аз он ҳар куҷо ки хоҳӣ бихон, аз хотират намеравад,
Verse 18
ﰄﰅﰆﰇ
ﰈ
18. чун онро ба забони Ҷабраил алайҳиссалом бар ту бихондем, ба диққат гӯш фаро деҳ ва аз хондани он пайравӣ кун,
Verse 19
ﰉﰊﰋﰌ
ﰍ
19. сипас баёни маъноҳо ва ҳукмҳои он бар ӯҳдаи Мост.(1)
1. Тафсири Саъдӣ 1\899
Verse 20
ﭑﭒﭓﭔ
ﭕ
20. Ҳаргиз чунин нест, ки шумо мушрикон мепиндоред, ки дубора зинда шудан ва ҷазо нест, балки шумо ин ҷаҳони зудгузарро дӯст медоред
Verse 21
ﭖﭗ
ﭘ
21. ва охиратро бо неъматҳояш тарк мекунед.(1)
1. Тафсири Табарӣ 24\70
Verse 22
ﭙﭚﭛ
ﭜ
22. Дар он рӯз барои мӯъминони саъодатманд чеҳраҳое ҳаст зебову дурахшон,
Verse 23
ﭝﭞﭟ
ﭠ
23. ки сӯи Парвардигорашон назар мекунанд.
Verse 24
ﭡﭢﭣ
ﭤ
24. Ва дар он рӯз барои кофирони бадбахт чеҳраҳое ҳаст абусу турш, (пешонӣ дар ҳам кашида, зиштрӯй),
Verse 25
ﭥﭦﭧﭨﭩ
ﭪ
25. ки медонад он азоби камаршикан бар ӯ фуруд ояд.
Verse 26
ﭫﭬﭭﭮ
ﭯ
26. Оре, чун ҷон ба ҳалқум (ба гулӯ) расад
Verse 27
ﭰﭱﭲﭳ
ﭴ
27. ва гуфта шавад, ки чӣ касест, ки афсун бихонад ва ӯро наҷот диҳад?
Verse 28
ﭵﭶﭷ
ﭸ
28. Ва одами миранда яқин кунад, ки замони ҷудоӣ фаро расида
Verse 29
ﭹﭺﭻ
ﭼ
29. ва соқҳои по дар ҳам печида шаванд,
Verse 30
ﭽﭾﭿﮀ
ﮁ
30. он рӯз, рӯзи рондан ва бозгаштан ба сӯи Парвардигори туст. Ва оқибати кори бандагон ба ҷаннат аст ё ба дӯзах.
Verse 31
ﮂﮃﮄﮅ
ﮆ
31. На тасдиқ кардааст ин инсони кофир ба паёмбар ва Қуръон ва рӯзи охират ва на барои Парвардигораш намоз гузоридааст.
Verse 32
ﮇﮈﮉ
ﮊ
32. Вале Қуръонро дурӯғ бароварда ва аз имон рӯй гардонидааст.
Verse 33
ﮋﮌﮍﮎﮏ
ﮐ
33. Он гоҳ ба рафтори хиромон ва сармаст назди аҳли худ рафтааст.
Verse 34
ﮑﮒﮓ
ﮔ
34. Вой (ҳалок) бар ту, пас вой (ҳалок) бар ту!
Verse 35
ﮕﮖﮗﮘ
ﮙ
35. Боз ҳам вой (ҳалок) бар ту, пас вой (ҳалок) бар ту!(1)
1. Тафсири Табарӣ 24\82
Verse 36
ﮚﮛﮜﮝﮞ
ﮟ
36. Оё инсони мункир ба рӯзи баъс мепиндорад, ки ӯро ба ҳоли худ вогузоштаанд? Пас на мавриди амру наҳй ва на мавриди ҳисобу ҷазо қарор хоҳад гирифт?
Verse 37
ﮠﮡﮢﮣﮤﮥ
ﮦ
37. Оё ӯ нутфае аз манӣ, ки дар бачадоне рехта мешуд, набуд?
Verse 38
ﮧﮨﮩﮪﮫ
ﮬ
38. Сипас баъд аз нутфа ба сурати хуни баста даромад. Пас Аллоҳ ӯро офарид ва дуруст ва устувор сохт.
Verse 39
ﮭﮮﮯﮰﮱ
ﯓ
39. Пас аз ӯ ду ҷуфт: нару мода падид овард.
Verse 40
40. Оё чунин Офаридагор қодир нест, ки мурдагонро зинда созад? Оре бар ин кор тавоност, зеро бозгардонидани офариниш аз эҷоди нахустини он осонтар аст.(1)
1. Тафсири Табарӣ 24\82
تقدم القراءة