Traducerea Surei الإنشقاق în الطاجيكية din الترجمة الطاجيكية
Verse 1
ﭣﭤﭥ
ﭦ
1. Чун осмон дар рӯзи қиёмат шикофта шавад
Verse 2
ﭧﭨﭩ
ﭪ
2. ва ба фармони Парвардигораш гӯш диҳад ва ҳақ бувад, ки чунин кунад
Verse 3
ﭫﭬﭭ
ﭮ
3. ва ҳангоме ки замин бозкашида ва паҳн мешавад ва кӯҳҳои он дар ҳам кӯбида шавад
Verse 4
ﭯﭰﭱﭲ
ﭳ
4. ва ҳар чиро ки дар дарун дорад аз хазинаҳо ва мурдаҳо берун партояд ва холӣ гардад
Verse 5
ﭴﭵﭶ
ﭷ
5. ва ба фармони Парвардигораш гӯш диҳад ва ҳақ бувад, ки чунин кунад.
Verse 6
6. Эй инсон, ту дар роҳи Парвардигорат ранҷи фаровон мекашӣ, баъд аз он ба Парвардигори хеш дар рӯзи қиёмат дидор мебинӣ, пас мукофоти амалатро ба фазлу адли Аллоҳ хоҳӣ дид.
Verse 7
ﮁﮂﮃﮄﮅ
ﮆ
7. Ҳар кас, ки номаашро ба дасти росташ диҳанд, ӯ мӯъмин аст,
Verse 8
ﮇﮈﮉﮊ
ﮋ
8. ба зудӣ аз ӯ ба таври осон ҳисоб кунанд
Verse 9
ﮌﮍﮎﮏ
ﮐ
9. ва шодмон дар ҷаннат ба сӯи аҳлаш бозгардад.
Verse 10
ﮑﮒﮓﮔﮕﮖ
ﮗ
10. Аммо ҳар кас, ки номаи аъмолаш аз пушти сар дода шавад, вай кофир аст,
Verse 11
ﮘﮙﮚ
ﮛ
11. ба зудӣ нобудӣ ва ҳалокиро талаб кунад.(1)
1. Яъне, бигӯяд: «Вой бар ман, ки ҳалок шудам».
Verse 12
ﮜﮝ
ﮞ
12. Ва ба оташи афрӯхта дарояд.
Verse 13
ﮟﮠﮡﮢﮣ
ﮤ
13. Зеро ӯ да р дунё назди аҳли худ шодмону мағрур зиста буд.
Verse 14
ﮥﮦﮧﮨﮩ
ﮪ
14. Ва мепиндошт, ки ҳаргиз ба назди Парвардигораш барои ҳисоб, бознахоҳад гашт.
Verse 15
15. Оре, Парвардигораш ба аҳволи ӯ бино буд, аз замоне, ки ӯро биёфарид, то замоне ки ӯро аз нав зинда гардонид.
Verse 16
ﯔﯕﯖ
ﯗ
16. Пас, Аллоҳ мегӯяд: ба сурхии канораи осмони шом савганд(1) мехӯрам
1. Ба ҷуз Аллоҳ барои ҳеҷ кас сазовор нест, ки ба махлуқ савганд хӯрад, агар чунин кунад, ба Аллоҳу таъоло шарик овардааст.
Verse 17
ﯘﯙﯚ
ﯛ
17. ва савганд ба шаб ва ҳар чиро ки фаро бигирад аз чорпоён ва ҳашарот ва ғайраҳо
Verse 18
ﯜﯝﯞ
ﯟ
18. ва савганд ба моҳ, чун пурра шавад нури он,
Verse 19
ﯠﯡﯢﯣ
ﯤ
19. ки эй одамон, ба ҳоле баъд аз ҳоли дигар хоҳед расид.(1)
1. Яъне, аз нутфа ба хуни баста ва ба пораи гӯшт ва ба дамидани рӯҳ ва ба марг ва ба рӯзи зинда гардонидани баъд аз миронидан...
Verse 20
ﯥﯦﯧﯨ
ﯩ
20. Ононро чи шудааст, ки ба Аллоҳ ва рӯзи қиёмат имон намеоваранд?
Verse 21
21. Ва ҳангоме ки Қуръон бар онҳо хонда шавад, саҷда намекунанд?
Verse 22
ﯲﯳﯴﯵ
ﯶ
22. Балки кофирон ҳақро дурӯғ мешуморанд.
Verse 23
ﯷﯸﯹﯺ
ﯻ
23. Ва Аллоҳ ба он чӣ дар дил доранд, донотар аст.
Verse 24
ﯼﯽﯾ
ﯿ
24. Пас эй Расул, ононро ба азоби дардоваре мужда бидеҳ,
Verse 25
25. магар касоне, ки ба Аллоҳ ва Расули Ӯ имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд, подоши ҳамешагӣ доранд.
تقدم القراءة