ﮚ
ترجمة معاني سورة إبراهيم
باللغة الطاجيكية من كتاب الترجمة الطاجيكية
.
من تأليف:
خوجه ميروف خوجه مير
.
ﰡ
1. Алиф, Лом, Ро.(1) Ин Қуръон китобест, ки бар ту эй Паёмбар, нозил кардем, то мардумро (дар партави таълимоти он) ба фармони Парвардигорашон аз торикӣ(2) ба рӯшноӣ(3) ва ба роҳи Аллоҳи пирӯзманде, ки сазовори ситойиш аст, роҳ намоӣ.
____________________
1. Баёни ин ҳарфҳо дар аввали сураи Бақара гузашт. 2. Гумроҳии куфр ва нодонӣ. 3. Нури имон.
____________________
1. Баёни ин ҳарфҳо дар аввали сураи Бақара гузашт. 2. Гумроҳии куфр ва нодонӣ. 3. Нури имон.
2. Аллоҳе, ки ҳар чӣ дар осмонҳову замин аст, азони Ӯст! Пас вой бар кофирон, ки имон ба Аллоҳ наёварданд ва пайрави расул нашуданд ва дар рӯзи қиёмат барояшон азоби сахтест.
3. Ва инҳо касонеанд, ки рӯй тофтанд ва имон ба Аллоҳ наоварданд ва пайравии расулаш накарданд, балки зиндагии дунёро аз охират дӯсттар доранд ва дигаронро аз роҳи Аллоҳ бозмедоранд ва роҳи Аллоҳро нодуруст ва каҷ нишон медиҳанд ва онҳо сахт дар гумроҳии дуру дароз ҳастанд.(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 16\515
____________________
1. Тафсири Табарӣ 16\515
4. (Эй Муҳаммад) ва ҳеҷ
паёмбареро нафиристодем, магар ба забони мардумаш сухангӯ бошад, то паёми Аллоҳро барояшон баён кунад ва ҳақро бифаҳмонад. Пас Аллоҳ ҳар киро ки ба фармонаш гӯш накардааст бихоҳад, гумроҳ мекунад ва ҳар киро ки мувофиқи дастураш амал намудааст бихоҳад, ҳидоят мекунад ва Ӯст пирӯзманду ҳаким!(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\421
паёмбареро нафиристодем, магар ба забони мардумаш сухангӯ бошад, то паёми Аллоҳро барояшон баён кунад ва ҳақро бифаҳмонад. Пас Аллоҳ ҳар киро ки ба фармонаш гӯш накардааст бихоҳад, гумроҳ мекунад ва ҳар киро ки мувофиқи дастураш амал намудааст бихоҳад, ҳидоят мекунад ва Ӯст пирӯзманду ҳаким!(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\421
5. Ва батаҳқиқ Мӯсоро бо оёти худ, ки далолат бар ҳақиқати паёмбарии ӯ мекунад, фиристодем, ки қавми худро аз торикӣ ба рӯшноӣ берун ор ва рӯзҳои Аллоҳро ба ёдашон биёвар ва дар ин ёдовариҳо барои ҳар сабркунандаи итоаткор бар тоати Ӯ ва парҳезгор аз маъсияти Ӯ ва шукргузор бар неъматҳо ва атоҳои Илоҳӣ, ибратҳост!(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\421
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\421
6. Ва ёд ор барои қавмат, эй Паёмбар, қиссаи Мӯсоро ва онгоҳ ки Мӯсо ба қавми худ гуфт: «Неъматеро, ки Аллоҳ бар шумо арзонӣ доштааст, ба ёд оваред, он гоҳ ки шуморо аз фиръавниён наҷот дод. Ба сахтӣ озоратон мекарданд ва писаронатонро мекуштанд ва занонатонро зинда мегузоштанд ва дар ин аз ҷониби Парвардигоратон барои шумо озмойиши бузурге буд».(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 16\523
____________________
1. Тафсири Табарӣ 16\523
7. Ва Мӯсо барояшон гуфт: ба ёд оред вақтеро, ки Парвардигоратон эълом кард, ки агар Маро шукр гӯед, бар неъмати шумо меафзоям ва агар ношукрӣ кунед, бидонед, ки азоби Ман сахт аст!(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\422
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\422
8. Ва Мӯсо барояшон гуфт: «Агар шумо ва ҳамаи мардуми рӯи замин кофир шавед, ҳаргиз ба Аллоҳ чизеро зарар оварда натавонед, зеро, Аллоҳ мӯҳтоҷ нест аз офаридагонаш ва сазовори ситойиш аст дар ҳама ҳол!»
9. Эй уммати Муҳаммад, оё ба шумо нарасидааст хабари касоне, ки пеш аз шумо будаанд, чун қавми Нӯҳ ва Од ва Самуд ва низ касоне, ки баъд аз онҳо будаанд? Ҷуз Аллоҳ касеро аз онон огоҳӣ нест. Паёмбаронашон ҳамроҳ бо далелҳои равшан омаданд ва онҳо даст бар даҳон бурданду аз ниҳояти тааҷҷуб ва инкор ангуштони худро газиданд, гуфтанд:
«Мо ба он чӣ ба он амр шудаед, имон намеоварем ва дар чизе, ки моро ба он мехонед, сахт дар шубҳа ҳастем».(1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 4\338
«Мо ба он чӣ ба он амр шудаед, имон намеоварем ва дар чизе, ки моро ба он мехонед, сахт дар шубҳа ҳастем».(1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 4\338
10. Паёмбаронашон гуфтанд: «Оё дар зоти Аллоҳ ва яктопарастии Ӯ, ки офаринандаи осмонҳову замин аст, шакке ҳаст? Шуморо даъват мекунад, то гуноҳонатонро биёмурзад ва то муддати муайян шуморо зинда гузорад ва дар дунё азобатон накунад». Гуфтанд: «Шумо ба ҷуз одамӣ, монанди мо каси дигар нестед. Мехоҳед моро аз он чӣ падаронамон мепарастиданд, боздоред ва дар ҳақиқат будани он чи ки мегӯед барои мо далеле равшан биёваред!»(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\422
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\422
11. Вақте ки паёмбарон суханони қавмашонро шуниданд, барояшон гуфтанд: Мо ба ҷуз одамӣ монанди шумо каси дигар нестем, вале Аллоҳ ба ҳар яке аз бандагонаш, ки бихоҳад, неъмати фаровон медиҳад ва ба рисолати худ бармегузинад. Ва он чи талаб доред аз далели равшан моро мумкин нест, ки ҷуз ба ҳукми Аллоҳ ҳуҷҷате биёварем ва мӯъминон дар ҳама корашон бар Аллоҳ таваккал мекунанд.(1)
____________________
1. Тафсири Ибни Касир 4\483
____________________
1. Тафсири Ибни Касир 4\483
12. Ва чаро бар Аллоҳ таваккал накунем ва ҳол он ки Ӯ роҳи наҷоти моро ба мо нишон дод? Ва бар озорҳое, ки шумо бар мо мерасонед (ба сабаби даъватамон шуморо ба яктопарастӣ) албатта, сабр хоҳем кард
ва таваккалкунандагон бар Аллоҳ тавваккал мекунанд ва аммо касе ки кофир бошад, сарпарасташ шайтон аст».(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 16\539
ва таваккалкунандагон бар Аллоҳ тавваккал мекунанд ва аммо касе ки кофир бошад, сарпарасташ шайтон аст».(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 16\539
13. Ва кофирон ҳолашон аз даъвати паёмбаронашон ба танг омад ба паёмбаронашон гуфтанд: «Ё шуморо аз сарзамини худ меронем, ё ба дини мо бозгардед». Пас, Парвардигорашон ба паёмбарон ваҳй кард, ки ситамкоронро, ҳатман, ҳалок хоҳем кард.(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\423
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\423
14. Ва шуморо пас аз он кофироне, ки ҳалокашон сохтем дар он сарзамин ҷой хоҳем дод. Ин ваъда барои касест, ки аз истодан дар пешгоҳи Ман ва аз ваъдаи азоби Ман битарсад!(1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 4\340
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 4\340
15. Пирӯзӣ хостанд паёмбарон аз Парвардигори худ бар душманонашон ва ҳар золими саркаше ноумед шуд ва ҳалок гашт.(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 16\542
____________________
1. Тафсири Табарӣ 16\542
16. Аз пеши ҳар саркаши кофир ҷаҳаннам аст, то дар он ҷо ӯро аз оби чирку хуне, ки аз бадани ахли дӯзах мерезад, бинӯшонанд.(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 16\546
____________________
1. Тафсири Табарӣ 16\546
17. Қатра-қатра бинӯшад ва натавонад, ки ба осонӣ фурӯ барад онро (яъне аз гулӯяш
ба осонӣ нагузарад) ва биёяд ӯро марг аз ҳар ҷонибе ва ӯ мурда набувад ва пеши вай аст азоби сахт.
ба осонӣ нагузарад) ва биёяд ӯро марг аз ҳар ҷонибе ва ӯ мурда набувад ва пеши вай аст азоби сахт.
18. Мисоли корҳои касоне, ки ба Аллоҳ кофир шудаанд (ба монанди некӯӣ ва силаи раҳм), чун хокистарест, ки дар рӯзи тӯфоне боди сахте бар он вазад. Тавоноии нигоҳ доштани он чиро, ки ба даст овардаанд, надоранд, зеро куфр амалҳояшонро бирабуд, чунон ки шамол хокистарро. Ин аст гумроҳии дуру дароз!(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\424
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\424
19. Оё надидаӣ,(1) ки Аллоҳ осмонҳову заминро бар ҳақ офаридааст? (Ва офариниши ҳар ду бар камоли қудрати Аллоҳ далолат мекунанд, то Ӯро ба танҳоӣ парастиш кунанд ва ба Ӯ шарик наоранд) Агар бихоҳад, шуморо аз байн мебарад ва офариниши нав меоварад.(2)
____________________
1. Мурод аз ин хито ббарои ҳамаи мардум аст. 2. Тафсири Саъдӣ 1\424
____________________
1. Мурод аз ин хито ббарои ҳамаи мардум аст. 2. Тафсири Саъдӣ 1\424
20. Ва ин ҳалок шуданатон ва дар ҷои шумо махлуқи нав овардан барои Аллоҳ мушкил нест.
21. Ва ҳама халоиқ аз зери қабрҳо берун оянд ва дар пешгоҳи Аллоҳ ҳозир шаванд. Нотавонон (тобеъон) ба мутакаббирон (пешвоён) гӯянд: «Мо пайравони шумо будем. Оё акнун метавонед андаке аз азоби Аллоҳ аз
мо дур кунед?» (Пешвоён барои тобеъонашон) гӯянд: «Агар Аллоҳ моро ҳидоят карда буд, мо низ шуморо ҳидоят мекардем. Ҳоло моро роҳи халосӣ нест. Барои мо баробар аст, чӣ бетоқатӣ кунем, чӣ сабр варзем, ҳеҷ паногоҳе надорем».(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\424
мо дур кунед?» (Пешвоён барои тобеъонашон) гӯянд: «Агар Аллоҳ моро ҳидоят карда буд, мо низ шуморо ҳидоят мекардем. Ҳоло моро роҳи халосӣ нест. Барои мо баробар аст, чӣ бетоқатӣ кунем, чӣ сабр варзем, ҳеҷ паногоҳе надорем».(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\424
22. Чун кор ба поён ояд(1), шайтон гӯяд: «Аллоҳ ба шумо омадани рӯзи қиёматро ваъда дод ва ваъдаи Ӯ дуруст буд ва ман низ ба шумо ваъдаи нусрат додам, вале ваъдаи худ хилоф кардам. Ва бароятон ҳеҷ далелу бурҳоне наёвардам, ҷуз он ки ба куфру гумроҳӣ даъвататон кардам, шумо низ даъвати маро иҷобат кардед, пас маро маломат макунед, худро маломат кунед зеро гуноҳ, гуноҳи шумост. На ман фарёдраси
шумоям аз азоби Аллоҳ, на шумо фарёдраси ман. Аз ин ки маро пеш аз ин дар дунё шарики Аллоҳ карда будед, безорам». Зеро барои ситамкорон азобест дардовар!(2)
____________________
1. Вақте ки биҳиштиён ба биҳишт ва дӯзахиён ба дӯзах дароянд. 2. Тафсири Тафбарӣ 16\561
шумоям аз азоби Аллоҳ, на шумо фарёдраси ман. Аз ин ки маро пеш аз ин дар дунё шарики Аллоҳ карда будед, безорам». Зеро барои ситамкорон азобест дардовар!(2)
____________________
1. Вақте ки биҳиштиён ба биҳишт ва дӯзахиён ба дӯзах дароянд. 2. Тафсири Тафбарӣ 16\561
23. Ва касонеро, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд, ба биҳиштҳое,
ки дарёҳо дар он ҷорист, дароваранд, ба фармони Парвардигорашон дар он ҷо ҷовидона бимонанд ва дурудашон дар он ҷо салом гуфтан аст.
ки дарёҳо дар он ҷорист, дароваранд, ба фармони Парвардигорашон дар он ҷо ҷовидона бимонанд ва дурудашон дар он ҷо салом гуфтан аст.
24. Оё намедонӣ, эй Расул, ки Аллоҳ чӣ гуна мисол меорад? Сухани пок(1) чун дарахти (хурмо) пок аст, ки решааш дар замин устувор ва шохаҳояш боло ба сӯи осмон аст.(2)
____________________
1. Ва он калимаи тавҳид аст: "Ло илоҳа иллаллоҳ!" 2. Тафсири Саъдӣ 1\425
____________________
1. Ва он калимаи тавҳид аст: "Ло илоҳа иллаллоҳ!" 2. Тафсири Саъдӣ 1\425
25. Ба фармони Аллоҳ ҳар фасле меваи худро медиҳад. Ҳамчунин дарахти имон решааш дар дили мӯъмин устувор аст ҳам дар илм ва ҳам дар эътиқод ва шохаҳояш амалҳои солеҳ ва ахлоқи ҳамида аст, ки ба сӯи
Аллоҳ боло мераванд ва ҳама вақт соҳиби савоб мешавад, Аллоҳ барои мардум мисолҳо меоварад, шояд, ки панд гиранд!(1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 4\347
Аллоҳ боло мераванд ва ҳама вақт соҳиби савоб мешавад, Аллоҳ барои мардум мисолҳо меоварад, шояд, ки панд гиранд!(1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 4\347
26. Ва мисоли сухани нопок (куфр) чун дарахти нопок(1) аст, ки реша дар замин надорад ва барпо натавонад монд. Ҳамчунин сухани куфри кофир ва маъсияташ устувор нест ва дар вай хайр вуҷуд надорад ва амалҳояш ба сӯи Аллоҳ боло намераванд ва аз он чизе қабул намешавад.(2)
____________________
1. Ба мисли дарахти ҳанзал, ки таъмаш нохуш ва решаҳояш қариб аст аз рӯи замин ва асли он устувор нест ва шохаҳои баланд надорад. 2. Тафсири Ибни Касир 4\494
____________________
1. Ба мисли дарахти ҳанзал, ки таъмаш нохуш ва решаҳояш қариб аст аз рӯи замин ва асли он устувор нест ва шохаҳои баланд надорад. 2. Тафсири Ибни Касир 4\494
27. Аллоҳ мӯъминонро дар зиндагонии дунё ба сабаби эътиқоди мустаҳкамашон, ки он гувоҳӣ доданашон ба калимаи "Ло илоҳа иллаллоҳу Муҳаммадан расулуллоҳ" аст ва дар охират (яъне, дар қабр ба ҷавоб додани суоли Накиру Мункар) устувор медорад. Ва золимонро гумроҳ месозад дар дунёву охират ва Аллоҳ ҳар чӣ хоҳад, ҳамонро мекунад.(1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 4\349
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 4\349
28. Оё надидаӣ (эй Муҳаммад) он касонеро, ки (аз қурайшиҳо ва қавмат) неъмати Аллоҳро(1) ба куфр иваз сохтанд ва мардуми худро ба диёри ҳалокат бурданд?
____________________
1. Яъне, Аллоҳ бар қурайшиҳо аз ҷинси худашон Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва салламро паёмбар ва раҳмат фиристод, онҳо ӯро тасдиқ накарданд ва куфр варзиданд.
____________________
1. Яъне, Аллоҳ бар қурайшиҳо аз ҷинси худашон Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва салламро паёмбар ва раҳмат фиристод, онҳо ӯро тасдиқ накарданд ва куфр варзиданд.
29. Он сарои нобудӣ ҷаҳаннам аст, ки дохили он мешаванд ва ҷойгоҳи баде аст.(1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 4\352
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 4\352
30. Ва инҳо кофирон барои Аллоҳ ҳамтоёне қарор доданд, то мардумро аз роҳи Ӯ гумроҳ созанд. Бигӯ барояшон эй Муҳаммад: «Акнун дар зиндагонии дунёи фонӣ баҳра ва лаззат баред, ки оқибати бозгаштатон оташ аст».(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\426
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\426
31. Ба бандагони Ман, ки имон овардаанд, бигӯ, эй Расул, то намоз бигузоранд ва аз он чӣ рӯзияшон додаем, ниҳону ошкоро инфоқ (харҷ) кунанд, пеш аз он, ки рӯзе фаро расад, ки дар он на хариду фурӯше бошад ва на ҳеҷ дӯстие ба кор ояд.
32. Аллоҳ аст, ки осмонҳову заминро (аз нестӣ) офарид ва аз осмон борон нозил кард ва замини мурдаро зинда гардонд ва ба он борон барои рӯзии шумо меваҳо рӯёнид ва киштиҳоро роми шумо кард, то ба фармони Ӯ дар баҳрҳо равон шаванд ва дарёҳоро мутеъи шумо сохт.
33. Ва офтобу моҳро, ки ҳамеша дар ҳаракатанд, роми шумо кард ва шабро барои истироҳат ва рӯзро барои маишати зиндагӣ фармонбари шумо гардонид.(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\426
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\426
34. Ва ҳар чӣ аз Ӯ хостед, ба шумо арзонӣ доштааст ва агар хоҳед, ки неъматҳояшро шумор кунед, натавонед ҳисоби онро ва на адо намудани шукрашро, ки ҳароина, одамӣ бисёр ситамкор ва ношукри неъмат аст!(1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 4\354
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 4\354
35. Ва ба ёд ор, эй Расул, вақте ки Иброҳим ба Парвардигораш дуо хонда гуфт: «Эй Парвардигори ман, ин сарзаминро эмин гардон ва марову фарзандонамро аз парастиши бутон дур бидор.
36. Эй Парвардигори ман, ин бутҳо бисёре аз мардумро хумроҳ кардаанд, пас ҳар кас, ки аз ман пайравӣ кунад, аз дин ва суннати ман аст ва ҳар кас фармони ман набарад, ту омурзандаву меҳрубонӣ!(1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 4\355
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 4\355
37. Эй Парвардигори мо, баъзе аз фарзандонамро ба водии бекишт, наздики хонаи гиромии Ту ҷой додам, эй Парвардигори мо, ин ҳама ба фармони Ту кардаам, то намозро барпо доранд. Дилҳои мардумонро чунон кун, ки таваҷҷӯҳи ба онҳо кунанд ва аз ҳар меваҳо рӯзиашон деҳ, бошад, ки сипос гузоранд!
38. Эй Парвардигори мо, ҳар чиро пинҳон медорем, ё ошкор месозем, Ту ба он огоҳи. Ва назди Аллоҳ ҳеҷ чиз дар замину осмон пӯшида нест!
39. Сипос Аллоҳеро, ки дар синни пирӣ Исмоилу Исҳоқро ба ман ато кард. Парвардигори ман дуоҳоро мешунавад ва маро ноумед нагардонд!
40. Эй Парвардигори ман, манро ва фарзандони маро (ба пуррагӣ) барпойдорандагони намоз гардон. Эй Парвардигори мо, дуои маро бипазир.
41. Эй Парвардигори мо, манро ва падару модарам ва ҳамаи мӯъминонро дар рӯзе, ки ҳисоб барпо мегардад(1), биёмурз!(2)
____________________
1. Рӯзи қиёмат. 2. Ва ин дуо пеш аз душмании падараш бо Аллоҳ буд. Ва чун барои ӯ ошкор шуд, ки падараш душмани Аллоҳ аст, аз ӯ безорй ҷуст ва барояш тарки омурзиши гуноҳ кард. Тафсири Саъдӣ 1\427
____________________
1. Рӯзи қиёмат. 2. Ва ин дуо пеш аз душмании падараш бо Аллоҳ буд. Ва чун барои ӯ ошкор шуд, ки падараш душмани Аллоҳ аст, аз ӯ безорй ҷуст ва барояш тарки омурзиши гуноҳ кард. Тафсири Саъдӣ 1\427
42. Ва мапиндор, эй Расул, ки Аллоҳ аз кирдори ситамкороне, ки туро ва дигар паёмбаронро дурӯғ мебароранд ва мӯъминонро азият медиҳанд, ғофил аст. Азобашонро то он рӯз, ки чашмҳо дар он хира мемонанд, ба таъхир мегузорад!
43. Рӯзе ситамкорон аз қабрҳояшон бошитоб бармехезанд барои ҳисоб, сарҳо ба боло шах шуда, аз сахтии он рӯз чашм бар ҳам намезананд ва дилҳояшон холӣ аст ба ҷуз аз ғаму ғусса.(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\427
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\427
44. Эй Расул), мардумро аз он рӯзи қиёмат, ки азоб фаро мерасад, битарсон. Ва он замон ситамкорон мегӯянд: "Бор Илоҳо, моро каме мӯҳлат деҳ, то даъвати Туро иҷобатт кунем". (Пас барояшон гуфта шавад:) Оё шумо пеш аз ин дар ҳаёти дунё савганд ёд намекардед, ки ҳаргиз аз байн намеравед?(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\427
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\427
45. Дар хонаҳои касоне, ки худ бар хештан ситам мекарданд (ба монанди қавми Ҳуд ва Солеҳ), ҷой гирифтед ва барои шумо баён карда шуд, ки бо онон чӣ гуна рафтор кардем ва бароятон дар Қуръон мисолҳо овардем. Пас, чаро панд намегиред?(1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 4\363
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 4\363
46. Ҳамоно мушрикони Макка барои куштани Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) магру ҳила намуданд. Ва Аллоҳ доност ба макру ҳилаашон. Ва ҳарчанд, ки бо макрашон кӯҳҳо аз ҷо канда шаванд, вале макрашон заифу ночиз аст.
47. Мапиндор эй Расул, ки Аллоҳ ваъдаеро,(1) ки ба паёмбаронаш додааст, хилоф мекунад. Аллоҳ пирӯзманд ва интиқомгиранда аст.(2)
____________________
1. Нусрат додани мӯъминон ва ҳалок гардондани кофирон. Тафсири Бағавӣ 4\361 2. Хитоб агарчи ба Паёмабар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) хос аст, вале барои ҳамаи уммат ом мебошад.
____________________
1. Нусрат додани мӯъминон ва ҳалок гардондани кофирон. Тафсири Бағавӣ 4\361 2. Хитоб агарчи ба Паёмабар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) хос аст, вале барои ҳамаи уммат ом мебошад.
48. Он рӯз, ки замин ба замине ғайри ин замин (монанди нуқра тоза) иваз шавад ва инчунин осмонҳо ба осмони дигар ва ҳама аз қабрҳояшон берун оянд ва дар пешгоҳи Аллоҳи ягонаи ғолиб ҳозир оянд!(1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 4\363
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 4\363
49. Эй Расул, гунаҳкоронро дар он рӯзи қиёмат бо занҷирҳо, дасту по ба гардан, баста бубинӣ, ки дар ҳолати хорӣ ва пастӣ бошанд.
50. Ҷомаҳояшон аз миси гудохташуда алангазанандааст ва оташ чеҳраҳояшонро мепӯшад.(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 17\55
____________________
1. Тафсири Табарӣ 17\55
51. То Аллоҳ ҳар касро баробари амалаш нек ё бад ҷазо диҳад, ҳароина, Аллоҳ зуд ҳисобгир аст!
52. Ин Қуръон паёмест барои мардум, то ба он бим карда шаванд ва бидонанд, ки Ӯст маъбуди якто(1) ва то хирадмандон панд бигиранд!
____________________
1. Ба ягонагӣ Ӯро ибодат кунанд ва ба Ӯ шарик наоранд. Тафсири Табарӣ 17\55
____________________
1. Ба ягонагӣ Ӯро ибодат кунанд ва ба Ӯ шарик наоранд. Тафсири Табарӣ 17\55