ترجمة سورة التكاثر

الترجمة الطاجيكية - عارفي
ترجمة معاني سورة التكاثر باللغة الطاجيكية من كتاب الترجمة الطاجيكية - عارفي .
من تأليف: فريق متخصص مكلف من مركز رواد الترجمة بالشراكة مع موقع دار الإسلام .

Зиёдахоҳӣ шуморо ба худ машғул [ва аз ёди Парвардигор ғофил] сохт
То [поёни] коратон ба гуристон расид
Ҳаргиз чунин нест [ки шумо мепиндоред]; ба зудӣ хоҳед донист
Боз [ҳам] чунин нест; ба зудӣ хоҳед донист
Чунин нест [ки шумо гумон мекунед]; агар ба дониши яқинӣ [ва тардиднопазир ҳақиқати қиёматро] медонистед, [аз зиёдахоҳӣ ва ифтихор ба амволу фарзандонатон даст бармедоштед]
Савганд, ки дузахро хоҳед дид
Боз ҳам савганд, ки онро бо чашми яқин хоҳед дид
Он гоҳ, ҳатман, дар рӯзи қиёмат аз [тамоми] неъматҳо бозхост хоҳед шуд
Icon