سَنُلۡقِي فِي قُلُوبِ ٱلَّذِينَ كَفَرُواْ ٱلرُّعۡبَ بِمَآ أَشۡرَكُواْ بِٱللَّهِ مَا لَمۡ يُنَزِّلۡ بِهِۦ سُلۡطَٰنࣰاۖ وَمَأۡوَىٰهُمُ ٱلنَّارُۖ وَبِئۡسَ مَثۡوَى ٱلظَّٰلِمِينَ ١٥١
Al-Imran 3:151
سورة آل عمران
Medinan
Verse: 151/200
Page 69
-
Arifi
الترجمة الطاجيكية - عارفي
Ба зудӣ дар дилҳои касоне, ки куфр варзиданд, биму ҳарос хоҳем афканд; бад-ин хотир, ки чизеро шарики Аллоҳ таоло қарор додаанд, ки ҳеҷ далеле бар [ҳаққонияти] он нозил накардааст; ва ҷойгоҳашон оташ аст ва ҷойгоҳи ситамгорон чӣ бад аст! -
Тоҷикӣ translation
الترجمة الطاجيكية
151. Дар дили кофирон тарсу ваҳм хоҳем афканд ба сабаби он, ки бо Аллоҳ чизеро шарик муқаррар сохтанд, ҳол он ки Аллоҳ барои ибодати он бутҳо ҳеҷ ҳуҷҷате нафиристодааст. Ҳолати кофирон дар дунё; тарсу ваҳм аст аз мӯьминон. Аммо дар охират маконашон ва ҷойгоҳашон дӯзах мебошад. Ва ин ҳама ба сабаби ситам ва душманиашон мебошад. Ва чи бад ҷойгоҳест! (1)
1. Тафсири Саъдӣ 1/151 -
Tajik - Tajik translation
Дар дили кофирон тарс хоҳем афканд. Зеро чизеро, ки аз осмон барои он ҳуҷҷате нафиристодааст, шарики Худо гирифтанд. Ҷои онон ҷаҳаннам аст, ки барои ситамкорон макони бадест!
Al-Imran 3:151
Loading the recitation…
0:00