فَبِمَا رَحۡمَةࣲ مِّنَ ٱللَّهِ لِنتَ لَهُمۡۖ وَلَوۡ كُنتَ فَظًّا غَلِيظَ ٱلۡقَلۡبِ لَٱنفَضُّواْ مِنۡ حَوۡلِكَۖ فَٱعۡفُ عَنۡهُمۡ وَٱسۡتَغۡفِرۡ لَهُمۡ وَشَاوِرۡهُمۡ فِي ٱلۡأَمۡرِۖ فَإِذَا عَزَمۡتَ فَتَوَكَّلۡ عَلَى ٱللَّهِۚ إِنَّ ٱللَّهَ يُحِبُّ ٱلۡمُتَوَكِّلِينَ ١٥٩
Al-Imran 3:159
سورة آل عمران
Medinan
Verse: 159/200
Page 71
-
Arifi
الترجمة الطاجيكية - عارفي
[Эй паёмбар] Ба [сабаби] раҳмати илоҳӣ аст, ки ту бо онон [асҳоб] нармхӯ [ва меҳрубон] шудӣ; ва агар тундхӯ ва сангдил будӣ, ҳатман, аз атрофат пароканда мешуданд; пас, аз эшон даргузар ва барояшон омурзиш бихоҳ ва дар корҳо бо онон машварат кун ва он гоҳ ки тасмим [бар анҷоми коре] гирифтӣ, бар Аллоҳ таоло таваккал кун; [чаро ки] бе тардид, Аллоҳ таоло таваккалкунандагонро дӯст медорад -
Тоҷикӣ translation
الترجمة الطاجيكية
159. Ба сабаби раҳмати Аллоҳ аст, ки эй Паёмбар ту бо онҳо инчунин хушхӯю меҳрубон ҳастӣ. Агар дуруштхӯву сахтдил мебудӣ, аз гирди
ту пароканда мешуданд.
Пас онҳоро аз он чизе ки дар ҷанги Уҳуд карданд, бубахшой ва барои онҳо аз Аллоҳ омӯрзиш бихоҳ ва дар корҳо бо онҳо машварат (маслиҳат) кун ва чун қасди коре кунӣ баъди маслиҳат, бар Аллоҳ таваккал кун, ки Аллоҳ таваккалкунандагонро дӯст дорад.(1)
1. Тафсири Бағавӣ 2/124 -
Tajik - Tajik translation
Ба сабаби раҳмати Худост, ки ту бо онҳо инчунин хушхӯю меҳрубон ҳастӣ. Агар тундхӯву сахтдил мебудӣ, аз гирди ту пароканда мешуданд. Пас бар онҳо бубахшой ва бар онҳо омурзиш бихоҳ ва дар корҳо бо онҳо машварат кун ва чун қасди коре кунӣ, бар Худой таваккул кун, ки Худо таваккулкунандагонро дӯст дорад.
Al-Imran 3:159
Loading the recitation…
0:00