Al-Imran 3:165

سورة آل عمران

Medinan Verse: 165/200 Page 71

أَوَلَمَّآ أَصَٰبَتۡكُم مُّصِيبَةࣱ قَدۡ أَصَبۡتُم مِّثۡلَيۡهَا قُلۡتُمۡ أَنَّىٰ هَٰذَاۖ قُلۡ هُوَ مِنۡ عِندِ أَنفُسِكُمۡۗ إِنَّ ٱللَّهَ عَلَىٰ كُلِّ شَيۡءࣲ قَدِيرࣱ ١٦٥

  1. Arifi

    الترجمة الطاجيكية - عارفي

    [Эй муъминон] Оё чун ба шумо [дар ҷанги Уҳуд] мусибате расид – [бо он ки дар ҷанги Бадр] ду баробарашро [ба душманони худ] расондед – гуфтед: "Ин [мусибат] аз куҷо [ба мо] расид"? [Эй паёмбар] Бигӯ: "Он [шикаст] аз ҷониби худатон [ва натиҷаи нофармонӣ аз дастури паёмбар] аст". Бе гумон, Аллоҳ таоло ба ҳар коре тавоност
  2. Тоҷикӣ translation

    الترجمة الطاجيكية

    165.   Ва он ҳангом, ки мусибате ба шумо дар ҷанги Уҳуд расид, ки шумо ба мушрикон зарба задед ва ду баробари онҳоро шикаст додед. Шумо ҳафтод нафар аз бузургонашонро дар ҷанги Бадр куштед ва ҳафтод нафарро ба асир гирифтед, гуфтед: Аз куҷо ин мусибат ба мо расид ва мо чӣ гуна шикаст хӯрдем? Бигу:
    Он аз ҷониби худатон аст ва аз пайдо кардани ихтилоф ва нофармонии шумост. Ҳамоно Аллоҳ бар ҳар чизе тавоност. Пас аз гумони бад нисбат ба Аллоҳ бипарҳезед, зеро Ӯ бар ёрӣ карданатон тавоно аст. (1)
    1. Тафсири Саъдӣ 1/156
  3. Tajik - Tajik translation


    Ва оё ҳангоме ки осебе ба шумо расид, ки шумо худ дучанди он расонда будед, гуфтед: «Ин осеб аз куҷо расид?» Бигӯ: «Аз ҷониби худатон». Албатта Худо бар ҳар чизе тавоност!

Read the whole surah Arabic tafsir