Al-Imran 3:168

سورة آل عمران

Medinan Verse: 168/200 Page 72

ٱلَّذِينَ قَالُواْ لِإِخۡوَٰنِهِمۡ وَقَعَدُواْ لَوۡ أَطَاعُونَا مَا قُتِلُواْۗ قُلۡ فَٱدۡرَءُواْ عَنۡ أَنفُسِكُمُ ٱلۡمَوۡتَ إِن كُنتُمۡ صَٰدِقِينَ ١٦٨

  1. Arifi

    الترجمة الطاجيكية - عارفي

    Касоне, ки [худ дар хона] нишастанд [аз ҷиҳод сар боз заданд] ва дар бораи бародарони худ гуфтанд: "Агар онҳо аз мо пайравӣ мекарданд, кушта намешуданд". [Эй паёмбар, ба ин мунофиқон] Бигӯ: "Агар рост мегӯед, пас, маргро аз худ дур созед"
  2. Тоҷикӣ translation

    الترجمة الطاجيكية

    168.  Мунофиқоне, ки аз ҷанг кардан бозистоданд ва дар бораи он бародаронашон, ки бо ҳамроҳии мусалмонон дар ҷанги Уҳуд ба мусибат гирифтор шуданд, мегуфтанд; агар ба сухани мо гӯш медоданд, кушта намешуданд, бигӯ эй Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам): «Агар ростгӯй ҳастед дар даъвоятон, маргро аз худатон дур кунед» (1)
    1. Тафсири Табарӣ 7/382
  3. Tajik - Tajik translation


    Ба онон, ки аз ҷанг бозистоданд ва дар бораи бародарони худ гуфтанд, ки агар сухани моро шунида буданд кушта намешуданд, бигӯ: «Агар рост мегӯед, маргро аз худ биронед!»

Read the whole surah Arabic tafsir