كُلُّ نَفۡسࣲ ذَآئِقَةُ ٱلۡمَوۡتِۗ وَإِنَّمَا تُوَفَّوۡنَ أُجُورَكُمۡ يَوۡمَ ٱلۡقِيَٰمَةِۖ فَمَن زُحۡزِحَ عَنِ ٱلنَّارِ وَأُدۡخِلَ ٱلۡجَنَّةَ فَقَدۡ فَازَۗ وَمَا ٱلۡحَيَوٰةُ ٱلدُّنۡيَآ إِلَّا مَتَٰعُ ٱلۡغُرُورِ ١٨٥
Al-Imran 3:185
سورة آل عمران
Medinan
Verse: 185/200
Page 74
-
Arifi
الترجمة الطاجيكية - عارفي
Ҳар касе чашандаи [таъми] марг аст ва яқинан рӯзи қиёмат подошҳоятонро ба тамомӣ хоҳед гирифт; пас, ҳар киро аз оташ дур доранд ва дар биҳишт дароваранд, ҳатман, растагор шудааст; ва зиндагии дунё чизе ҷуз мояи фиреб нест -
Тоҷикӣ translation
الترجمة الطاجيكية
185.Ҳар нафс таъми маргро мечашад ва бегумон дар рӯзи қиёмат подошҳоятон ба таври комил ба шумо дода мешавад. Пас ҳар кас ки аз оташи ҷаҳаннам наҷот дода шавад ва дар биҳишт дохил гардонда шавад, воқеъан комёб шуда ва зиндагии дунё ҷуз мояи фиреб чизи дигаре нест. (1)
1. Мафҳуми оят ин аст, ки ҳар кас аз оташи ҷаҳаннам дур нагардад ва ба биҳишт дохил гардонда нашавад, комёб ва муваффақ нашуда, балки ба бадбахтии ҳамешагӣ гирифтор ва ба ғазаби ҳамешагӣ мубтало гардидааст. Тафсири Саъдӣ 1 \ 159 -
Tajik - Tajik translation
Ҳама кас маргро мечашад ва дар хақиқат дар рӯзи қиёмат музди аъмоли шуморо ба камол хоҳанд дод. Ва ҳар касро аз оташ дур созанд ва ба бихишт дароваранд, ба пирӯзӣ расидааст. Ва ин зиндагли дунё ҷуз матоъе фиребанда нест.
Al-Imran 3:185
Loading the recitation…
0:00