وَرَسُولًا إِلَىٰ بَنِيٓ إِسۡرَٰٓءِيلَ أَنِّي قَدۡ جِئۡتُكُم بِـَٔايَةࣲ مِّن رَّبِّكُمۡ أَنِّيٓ أَخۡلُقُ لَكُم مِّنَ ٱلطِّينِ كَهَيۡـَٔةِ ٱلطَّيۡرِ فَأَنفُخُ فِيهِ فَيَكُونُ طَيۡرَۢا بِإِذۡنِ ٱللَّهِۖ وَأُبۡرِئُ ٱلۡأَكۡمَهَ وَٱلۡأَبۡرَصَ وَأُحۡيِ ٱلۡمَوۡتَىٰ بِإِذۡنِ ٱللَّهِۖ وَأُنَبِّئُكُم بِمَا تَأۡكُلُونَ وَمَا تَدَّخِرُونَ فِي بُيُوتِكُمۡۚ إِنَّ فِي ذَٰلِكَ لَأٓيَةࣰ لَّكُمۡ إِن كُنتُم مُّؤۡمِنِينَ ٤٩
Al-Imran 3:49
سورة آل عمران
Medinan
Verse: 49/200
Page 56
-
Arifi
الترجمة الطاجيكية - عارفي
Ва паёмбаре ба сӯйи Бани Исроил аст, ки [ба онон мегӯяд]: "Ман аз сӯйи Парвардигоратон барои шумо нишонае овардаам: Ман аз гил бароятон [чизе] ба шакли парранда месозам; он гоҳ дар он медамам ва ба фармони Аллоҳ таоло [он гили беҷон табдил ба] паррандае мешавад; ва [ҳамчунин] ба фармони Аллоҳ таоло кӯри модарзод ва мубталоён ба песиро беҳбудӣ мебахшам ва мурдагонро зинда мекунам ва аз он чи мехӯред ва дар хонаҳоятон захира мекунед, ба шумо хабар медиҳам. Мусалламан, агар имон дошта бошед, дар инҳо нишонае барои шумост [ки нубувватамро бовар кунед] -
Тоҷикӣ translation
الترجمة الطاجيكية
49. Ва ӯро барои бани Исроил пайғамбар гардонид, то бигӯяд барояшон: Ман бо мӯъҷизае аз Парвардигоратон назди шумо омадаам. Бароятон аз лой чизе чун парранда месозам ва дар он медамам, ба фармони Аллоҳ паррандае шавад ва кӯри модарзодро ва бемории песро шифо медиҳам. Ва ба фармони Аллоҳ мурдаро зинда мекунам. Ва барои шумо мегӯям, аз он чи ки мехӯред ва аз он чи ки захира мекунед дар хонаҳои худ. Ҳамоно дар ин мӯъҷизот нишонаҳои бузургест, ки аз қудрати башар хориҷ аст; ва ин далолат бар паёмбарии ман мекунад, агар мӯъмин бошед.(1)
1. Тафсири Саъдӣ 1/131 -
Tajik - Tajik translation
Ва ба пайғамбарӣ бар банӣ-Исроилаш мефиристад», ки ман ба мӯъҷизае аз Парвардигоратон назди шумо омадаам. Бароятон аз лой чизе чун парранда месозам ва дар он медамам, ба амри Худо паррандае шавад ва кӯри модарзодро ва пес гирифтаро шифо медиҳам. Ва ба фармони Худо мурдаро зинда мекунам. Ва ба шумо мегӯям, ки чӣ хурдаед ва дар хонаҳои худ чӣ захира кардаед. Агар аз мӯъминон бошед, инҳо барои шумо нишонаҳои ҳаққонияти ман аст!
Al-Imran 3:49
Loading the recitation…
0:00