هَٰٓأَنتُمۡ هَٰٓؤُلَآءِ حَٰجَجۡتُمۡ فِيمَا لَكُم بِهِۦ عِلۡمࣱ فَلِمَ تُحَآجُّونَ فِيمَا لَيۡسَ لَكُم بِهِۦ عِلۡمࣱۚ وَٱللَّهُ يَعۡلَمُ وَأَنتُمۡ لَا تَعۡلَمُونَ ٦٦
Al-Imran 3:66
سورة آل عمران
Medinan
Verse: 66/200
Page 58
-
Arifi
الترجمة الطاجيكية - عارفي
Ҳон! Шумо [аҳли китоб] касоне ҳастед, ки дар бораи он чи нисбат ба он огоҳӣ ва илм доштед, баҳсу ситез мекардед; пас, чаро [инак] дар мавриди чизе, ки бад-он илм надоред [ва дар китобҳоятон наёмадааст], баҳсу ситез мекунед? Дар ҳоле ки Аллоҳ таоло [ҳақоиқи умурро] медонад ва шумо намедонед -
Тоҷикӣ translation
الترجمة الطاجيكية
66. Огоҳ шавед шумо! Шумо дар бораи он чи ки ба он илм ва огоҳӣ доштед дар амри Мӯсо ва Исо ва даъво кардед, ки шумо бар дини онон ҳастед ва ҳол он ки Тавроту Инҷил ба шумо нозил шуда буд, ба ҷидол пардохтед, Пас чаро дар мавриди он чи ки дар он илм надоред ва дар китобатон зикр нашуда буд, ки Иброҳим яҳудӣ ё насронӣ буд ҷидол мекунед? Ҳол он ки Аллоҳ медонад ва шумо намедонед.(1)
1. Тафсири Бағавӣ 2/51 -
Tajik - Tajik translation
Шумо ҳамон касоне ҳастед, ки дар он ба он илм доред, баҳсу ҷидол мекардед, чаро дар он чӣ ба он нлм надоред, ҷидол мекунед? Дар ҳоле, ки Худо медонад ва шумо намедонед!
Al-Imran 3:66
Loading the recitation…
0:00