وَلِكُلࣲّ دَرَجَٰتࣱ مِّمَّا عَمِلُواْۖ وَلِيُوَفِّيَهُمۡ أَعۡمَٰلَهُمۡ وَهُمۡ لَا يُظۡلَمُونَ ١٩
Al-Ahqaf 46:19
سورة الأحقاف
Meccan
Verse: 19/35
Page 504
-
Arifi
الترجمة الطاجيكية - عارفي
Ҳар гурӯҳ [биҳиштӣ ё дузахӣ] дараҷоте бар ҳасби аъмолашон доранд [то ҳаққе зоеъ нагардад]. Ва Аллоҳ таоло аъмолашонро ба тамомии пурагӣ медиҳад, бе он ки дар ҳаққашон ситаме шавад -
Тоҷикӣ translation
الترجمة الطاجيكية
19. Ва барои ҳар як аз ду гӯруҳ (аҳли хайр ва аҳли шар) нисбат ба корҳое, ки кардаанд, назди Аллоҳ дараҷотест, то ки Аллоҳ подоши корҳояшонро, ки дар дунё кардаанд, ба пуррагӣ бидиҳад ва ба онон ситам нашавад, на бар гуноҳашон афзуда мешавад ва на аз хубиҳояшон кам карда мешавад.(1)
1. Тафсири Саъдӣ 1\781 -
Tajik - Tajik translation
Ва ҳар якро нисбат ба коре, ки кардааст, дараҷаҳост, то Худо ҷазои корҳояшонро ба тамомӣ бидиҳад ва ба он он ситам намешавад.
Al-Ahqaf 46:19
Loading the recitation…
0:00