قُلۡ مَن ذَا ٱلَّذِي يَعۡصِمُكُم مِّنَ ٱللَّهِ إِنۡ أَرَادَ بِكُمۡ سُوٓءًا أَوۡ أَرَادَ بِكُمۡ رَحۡمَةࣰۚ وَلَا يَجِدُونَ لَهُم مِّن دُونِ ٱللَّهِ وَلِيࣰّا وَلَا نَصِيرࣰا ١٧
AlAhzab 33:17
سورة الأحزاب
Medinan
Verse: 17/73
Page 420
-
Arifi
الترجمة الطاجيكية - عارفي
Бигӯ: «Агар Аллоҳ таоло бароятон мусибат ё раҳмате хоста бошад, кист, ки шуморо дар баробари [иҷрои фармони] Ӯ ҳифз кунад?» ва онон барои хеш ба ҷуз Аллоҳ таоло ҳеҷ корсоз ва ёригаре намеёбанд -
Тоҷикӣ translation
الترجمة الطاجيكية
17. Эй Расул, барояшон бигӯ: Агар Аллоҳ бароятон қасди бадӣ дошта бошад, кист, ки шуморо аз азоби Ӯ нигаҳ дорад ё бихоҳад ба шумо раҳмате арзонӣ дорад, кист, ки шуморо аз иродаи Ӯ нигаҳ дорад. Ба дурустӣ, Ӯ атокунанда, манъкунанда, зараррасонанда ва фоидадиҳанда аст. Он мунофиқон ҷуз Аллоҳ
барои худ дӯст ва мададгоре нахоҳанд ёфт.(1)
1. Тафсири Бағавӣ 6\334 -
Tajik - Tajik translation
Бигӯ: «Агар Худо бароятон қасди баде дошта бошад ё бихоҳад ба шумо раҳмате арзонӣ дорад, кист, ки шуморо аз иродаи Ӯ нигаҳ дорад?» Онҳо ғайри Худо барои худ дӯсту мададкоре нахоҳанд ёфт.
AlAhzab 33:17
Loading the recitation…
0:00