يَحۡسَبُونَ ٱلۡأَحۡزَابَ لَمۡ يَذۡهَبُواْۖ وَإِن يَأۡتِ ٱلۡأَحۡزَابُ يَوَدُّواْ لَوۡ أَنَّهُم بَادُونَ فِي ٱلۡأَعۡرَابِ يَسۡـَٔلُونَ عَنۡ أَنۢبَآئِكُمۡۖ وَلَوۡ كَانُواْ فِيكُم مَّا قَٰتَلُوٓاْ إِلَّا قَلِيلࣰا ٢٠
AlAhzab 33:20
سورة الأحزاب
Medinan
Verse: 20/73
Page 420
-
Arifi
الترجمة الطاجيكية - عارفي
[Мунофиқон] мепиндоранд [ки лашкариён] аҳзоб [ҳануз аз атрофи Мадина] нарафтаанд; ва агар аҳзоб бозгарданд, [ин сустбоварон] орзу мекунанд, ки миёни бодиянишинон [пинҳон] бошанд [ва аз ҳамон ҷо] ахбори [даргирии] шуморо ҷӯё шаванд; ва [ҳатто] агар байни [сипоҳи] шумо буданд, ҷуз андаке намеҷангиданд -
Тоҷикӣ translation
الترجمة الطاجيكية
20. Мунофиқон аз бими тарсашон гумон мекунанд, ки лашкарҳои Аҳзоб(1) ҳанӯз нарафтаанд ва агар он лашкарҳои кофирон бори дигар ба Мадина баргарданд орзу мекарданд ин мунофиқон, ки кош аз Мадина ғоиб мебуданд ва дар миёни аъроби бодиянишин мебуданд ва аз ахбори шумо мепурсиданд, агар ҳам дар миёни шумо мебуданд, ба сабаби бисёр буздилиашон ҷуз андаке ҷанг намекарданд.(2)
1. Онон, ки Аллоҳ таоло ба шикасти бад дучорашон кард. 2. Тафсири Саъдӣ 1\660 -
Tajik - Tajik translation
Мепиндоранд, ки лашкари кофирон нарафтааст. Ва агар он лашкарҳо бозмеомаданд, орзу мекарданд, ки кош дар миёни аъроби бодиянишин мебуданд ва ҳамеша аз ахбори шумо мепурсиданд. Агар ҳам дар миёни шумо мебуданд, ғайри андаке ҷанг намекарданд.
AlAhzab 33:20
Loading the recitation…
0:00