وَرَبُّكَ ٱلۡغَنِيُّ ذُو ٱلرَّحۡمَةِۚ إِن يَشَأۡ يُذۡهِبۡكُمۡ وَيَسۡتَخۡلِفۡ مِنۢ بَعۡدِكُم مَّا يَشَآءُ كَمَآ أَنشَأَكُم مِّن ذُرِّيَّةِ قَوۡمٍ ءَاخَرِينَ ١٣٣
Al-An'am 6:133
سورة الأنعام
Meccan
Verse: 133/165
Page 145
-
Arifi
الترجمة الطاجيكية - عارفي
Ва Парвардигорат бениёзу дорои раҳмат [-и бекарон] аст. [Эй бандагони гунаҳгор, Аллоҳ таоло] Агар бихоҳад, шуморо [бо азоб аз миён] мебарад ва пас аз шумо ҳаркиро бихоҳад, ҷойнишин месозад, ҳамчунонки шуморо низ аз насли гурӯҳи дигар офарид -
Тоҷикӣ translation
الترجمة الطاجيكية
133. Ва Парвардигори ту, ки мардумро ба ибодати худ амр намуд, аз тоъати бандагонаш бениёз аст, балки тамоми халқаш ба сӯи Ӯ мӯҳтоҷанд ва Ӯ ба бандагонаш меҳрубон аст. Ва ҳамчунон ки шуморо аз насли мардумони дигар биёфарида аст, агар бихоҳад, шуморо мебарад ва пас аз шумо ҳар киро, ки бихоҳад, ҷонишинатон месозад. (1)
1. Тафсири Табарӣ 12/126 -
Tajik - Tajik translation
Ва Парвардигори ту бениёзу меҳрубон аст. Ва ҳамчунон ки шуморо аз насли мардумони дигар биёфарида аст, агар бихоҳад, шуморо мебарад ва пас аз шумо ҳар чиро, ки бихоҳад, ҷонишинатон месозад.
Al-An'am 6:133
Loading the recitation…
0:00