وَمِنَ ٱلۡإِبِلِ ٱثۡنَيۡنِ وَمِنَ ٱلۡبَقَرِ ٱثۡنَيۡنِۗ قُلۡ ءَآلذَّكَرَيۡنِ حَرَّمَ أَمِ ٱلۡأُنثَيَيۡنِ أَمَّا ٱشۡتَمَلَتۡ عَلَيۡهِ أَرۡحَامُ ٱلۡأُنثَيَيۡنِۖ أَمۡ كُنتُمۡ شُهَدَآءَ إِذۡ وَصَّىٰكُمُ ٱللَّهُ بِهَٰذَاۚ فَمَنۡ أَظۡلَمُ مِمَّنِ ٱفۡتَرَىٰ عَلَى ٱللَّهِ كَذِبࣰا لِّيُضِلَّ ٱلنَّاسَ بِغَيۡرِ عِلۡمٍۚ إِنَّ ٱللَّهَ لَا يَهۡدِي ٱلۡقَوۡمَ ٱلظَّٰلِمِينَ ١٤٤
Al-An'am 6:144
سورة الأنعام
Meccan
Verse: 144/165
Page 147
-
Arifi
الترجمة الطاجيكية - عارفي
Ва аз шутур як ҷуфт ва аз гов як ҷуфт [офарид].Бигӯ: «Оё Аллоҳ таоло] он ду нарро ҳаром кардааст ё ду модаро? Ё он чи ки раҳимҳои [ин] ду мода дар бар дорад? Оё вақте Аллоҳ таоло шуморо ба ин [таҳрим] супориш мекард, [онҷо] ҳозир будед? Пас, кист ситамгортар аз он ки бар Аллоҳ таоло дурӯғ мебандад, то бидуни ҳеҷ [санаду] илме мардумро гумроҳ кунад? Ба ростӣ, ки Аллоҳ таоло гурӯҳи ситамгоронро ҳидоят намекунад» -
Тоҷикӣ translation
الترجمة الطاجيكية
144. Ва (бигӯ эй Расул барои мушрикон) чор ҷуфти дигар аз шутур нару мода ва аз гов нару мода,: «Оё он ду нарро ҳаром кардааст ё он ду модаро ё он чиро, ки дар шиками модагон аст аз нару мода, пас чаро баъзеро ҳалол меҳисобед ва баъзеро ҳаром? Оё он ҳангом, ки Аллоҳ чунин фармон медод, шумо он ҷо ҳозир будед?» Пас чӣ кас ситамкортар аз он касест, ки ба Аллоҳ дурӯғ мебофад, то аз рӯи бехабарӣ мардумро аз роҳи ҳақ боздошта гумроҳ кунад? Албатта Аллоҳ ситамкоронеро, ки бар Аллоҳ дурӯғ мебофанд ва мардумро гумроҳ мекунанд, ба роҳи рост ҳидоят намекунад. (1)
1. Тафсири Ибни Касир 3/352 -
Tajik - Tajik translation
Ва аз шутур нару мода ва аз гов нару мода, бигӯ: «Оё он ду нарро ҳаром кардааст ё он ду модаро ё он чиро, ки дар шиками модагон аст? Оё он ҳангом, ки Худо чунин фармон медод, шумо он ҷо будед?» Пас чӣ касс ситамкортар аз он касест, ки ба Худо дурӯғ мебофад, то аз рӯи бехабарӣ мардумро гумроҳ кунад? Албатта Худо ситамкоронро ҳидоят намекунад.
Al-An'am 6:144
Loading the recitation…
0:00