قُل لَّآ أَجِدُ فِي مَآ أُوحِيَ إِلَيَّ مُحَرَّمًا عَلَىٰ طَاعِمࣲ يَطۡعَمُهُۥٓ إِلَّآ أَن يَكُونَ مَيۡتَةً أَوۡ دَمࣰا مَّسۡفُوحًا أَوۡ لَحۡمَ خِنزِيرࣲ فَإِنَّهُۥ رِجۡسٌ أَوۡ فِسۡقًا أُهِلَّ لِغَيۡرِ ٱللَّهِ بِهِۦۚ فَمَنِ ٱضۡطُرَّ غَيۡرَ بَاغࣲ وَلَا عَادࣲ فَإِنَّ رَبَّكَ غَفُورࣱ رَّحِيمࣱ ١٤٥
Al-An'am 6:145
سورة الأنعام
Meccan
Verse: 145/165
Page 147
-
Arifi
الترجمة الطاجيكية - عارفي
Бигӯ: «Дар он чи [аз аҳкоми илоҳӣ, ки] ба ман ваҳй шудааст, [ғизои] ҳаромеро, ки хӯрданаш барои хӯрандае ҳаром бошад, намеёбам, магар [гӯшти] мурдор ё хуни рехта ё гӯшти хук, ки ҳатман, палид [наҷасу ҳаром] аст, ё [қурбоние, ки ҳангоми забҳ] аз рӯйи нофармонӣ, номи ғайри Аллоҳ таоло бар он бурда бошанд». Пас, ҳар ки [барои ҳифзи ҷони худ, ба хӯрдани онҳо] ночор шавад, агар саркаш ва зиёдахоҳ набошад [бар ӯ гуноҳе нест]. Ба ростӣ, ки Парвардигорат омурзандаи меҳрубон аст -
Тоҷикӣ translation
الترجمة الطاجيكية
145. Бигӯ эй Расул: «Дар миёни он чӣ бар ман ваҳй шудааст, чизеро, ки хӯрдани он ҳаром бошад, намеёбам, ҷуз худмурда (1) ё хуни рехта дар вақти забҳ, ё гӯшти хук, ки ҳамоно палид аст ё ҳайвоне, ки дар куштанаш аз ҷиҳати нофармонӣ кардан, бе гуфтани номи Аллоҳ забҳаш кунанд».Ва ҳар, ки дармондаву ночор шавад ба сабаби гуруснагии сахт, пас бихурад аз ин ҳаромшудаҳо ғайри таҷовузкунанда. Ҳамоно Парвардигори ту омӯрзандаву меҳрубон аст. (2)
1. Яъне бе забҳи шаръӣ мурда бошад
2. Тафсири Табарӣ 19 \ 190
-
Tajik - Tajik translation
Бигӯ: «Дар миёни он чӣ бар ман ваҳй шудааст, чизеро, ки хӯрдани он ҳаром бошад, намеёбам ҷуз мурдор ё хуни рехта, ё гӯшти хук, ки палид аст ё ҳайвоне, ки дар куштанаш аз ҷиҳати нофармонӣ кардан, бе гуфтани номи Оллоҳ забҳаш кунанд». Агар касе ночор ба хӯрдан гардад, ҳар гоҳ бемайлй ҷӯяд ва аз хад нагузаронад; бидонад, ки Худо бахшанда ва меҳрубон аст!
Al-An'am 6:145
Loading the recitation…
0:00