وَعَلَى ٱلَّذِينَ هَادُواْ حَرَّمۡنَا كُلَّ ذِي ظُفُرࣲۖ وَمِنَ ٱلۡبَقَرِ وَٱلۡغَنَمِ حَرَّمۡنَا عَلَيۡهِمۡ شُحُومَهُمَآ إِلَّا مَا حَمَلَتۡ ظُهُورُهُمَآ أَوِ ٱلۡحَوَايَآ أَوۡ مَا ٱخۡتَلَطَ بِعَظۡمࣲۚ ذَٰلِكَ جَزَيۡنَٰهُم بِبَغۡيِهِمۡۖ وَإِنَّا لَصَٰدِقُونَ ١٤٦
Al-An'am 6:146
سورة الأنعام
Meccan
Verse: 146/165
Page 147
-
Arifi
الترجمة الطاجيكية - عارفي
Ва ҳар [ҳайвони] чанголдореро бар яҳудиён ҳаром кардем ва аз гову гӯсфанд, чарбҳои он дуро бар онон ҳаром кардем, магар чарбҳое, ки бар пушти онҳо ё даври рӯдаҳост ё он чи бо устухон даромехтааст. Ин гуна ононро ба сазои саркашияшон муҷозот кардем ва бе тардид, Мо ростгӯем -
Тоҷикӣ translation
الترجمة الطاجيكية
146. Ва (ба ёд ор эй Паёмбар), ки бар яҳуд ҳаром кардем ҳар ҳайвон ва паррандаи соҳибнохунеро ва аз гову гӯсфанд, чарбуи он ҳар дуро ҷуз он чӣ бар пушти онҳост ё бар чарби рудаи онҳост ё ба устухонашон часпида бошад. Ин ҳаромшудаҳоро бар яҳудиён аз сабаби ситамкорияшон ҷазояшон додем ва ҳароина Мо дар ҳар чи мегӯем ростгӯ ва росткор ҳастем! (1)
1. Тафсири Саъдӣ 1/277 -
Tajik - Tajik translation
Ва бар яҳуд ҳаром кардем ҳар ҳайвони соҳибнохунеро ва аз гову гӯсфанд чарбуи он дуро ҷуз он чӣ бар пушти онҳост ё бар чарби рудаи онҳост ё ба устухонашон часпида бошад. Ба сабаби ситамкорияшон инчунин ҷазояшон додем ва Мо ростгӯёнем!
Al-An'am 6:146
Loading the recitation…
0:00