أَمِ ٱتَّخَذُواْ مِن دُونِهِۦٓ ءَالِهَةࣰۖ قُلۡ هَاتُواْ بُرۡهَٰنَكُمۡۖ هَٰذَا ذِكۡرُ مَن مَّعِيَ وَذِكۡرُ مَن قَبۡلِيۚ بَلۡ أَكۡثَرُهُمۡ لَا يَعۡلَمُونَ ٱلۡحَقَّۖ فَهُم مُّعۡرِضُونَ ٢٤
Al-Anbiya' 21:24
سورة الأنبياء
Meccan
Verse: 24/112
Page 323
-
Arifi
الترجمة الطاجيكية - عارفي
Оё [мушрикон] ба ҷуз Ӯ маъбудоне баргузидаанд? [Ба онон] Бигӯ: «Далелатонро биёваред. Ин [Қуръон] китобест, ки ҳамроҳи ман аст ва [инҳо низ] китобҳоест [мутааллиқ ба паёмбароне], ки пеш аз ман буданд [ва дар ҳеҷ кадом далеле бар ҳаққонияти шумо вуҷуд надорад]», балки бештарашон ҳақро намедонанд ва [аз он] рӯйгардонанд -
Тоҷикӣ translation
الترجمة الطاجيكية
24. Оё ин мушрикон ғайр аз Ӯ (Аллоҳи барҳақ) маъбудоне гирифтаанд, ки на фоида меоранд ва на зарар ва на зинда мегардонанд ва намемиронанд? Бигӯ эй Паёмбар: «Ҳуҷҷати худ биёваред. Дар ин китоб сухани касонест, ки бо ман ҳастанд аз умматони ман ва сухани касоне, ки пеш аз ман будаанд аз умматони гузашта», балки бештарашон ҳақро намедонанд ва аз рӯи ҷаҳолат ва тақлид ширк меоранд, пас аз он рӯй мегардонанд.(1)
1. Тафсири Ибни Касир 5\337 -
Tajik - Tajik translation
Оё ба ҷуз Ӯ худоёнро интихобидаанд? Бигӯ: «Ҳуҷҷати худ биёваред. Дар ин китоб сухани касонест, ки бо ман ҳастанд ва сухане касоне, ки пеш аз ман будаанд». На, бештаринашон чизе аз ҳақ намедонанд ва аз он рӯй мегардонанд.
Al-Anbiya' 21:24
Loading the recitation…
0:00