أَوَلَمۡ يَرَ ٱلَّذِينَ كَفَرُوٓاْ أَنَّ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضَ كَانَتَا رَتۡقࣰا فَفَتَقۡنَٰهُمَاۖ وَجَعَلۡنَا مِنَ ٱلۡمَآءِ كُلَّ شَيۡءٍ حَيٍّۚ أَفَلَا يُؤۡمِنُونَ ٣٠
Al-Anbiya' 21:30
سورة الأنبياء
Meccan
Verse: 30/112
Page 324
-
Arifi
الترجمة الطاجيكية - عارفي
Оё касоне, ки куфр варзиданд, надиданд, ки [дарҳои неъмати] осмонҳо ва замин баста буд [на бороне меборид ва на гиёҳе мерӯид], пас, он дуро боз кардем ва ҳар чизи зиндаеро аз об падид овардем? Пас, оё имон намеоваранд? -
Тоҷикӣ translation
الترجمة الطاجيكية
30. Оё кофирон намедонанд, ки осмонҳову замин фурӯ баста буданд, на борон аз осмон меборид ва на гиёҳ аз замин мерӯид, пас Мо онҳоро ба қудрати худ кушодем(1). Ва ҳар чизи зиндаеро аз об падид овардем? Чаро имон намеоваранд?(2)
1. Аз осмон боронро фурӯд овардем ва аз замин гиёҳро баровардем. 2. Тафсири Саъдӣ 1\522 -
Tajik - Tajik translation
Оё кофирон намедонанд, ки осмонҳову замин ба ҳам якҷоя часпида буданд, Мо онҳоро ҷудо кардем ва ҳар чизи зиндаеро аз об пайдо кардем? Чаро имон намеоваранд?
Al-Anbiya' 21:30
Loading the recitation…
0:00