إِذۡ يُرِيكَهُمُ ٱللَّهُ فِي مَنَامِكَ قَلِيلࣰاۖ وَلَوۡ أَرَىٰكَهُمۡ كَثِيرࣰا لَّفَشِلۡتُمۡ وَلَتَنَٰزَعۡتُمۡ فِي ٱلۡأَمۡرِ وَلَٰكِنَّ ٱللَّهَ سَلَّمَۚ إِنَّهُۥ عَلِيمُۢ بِذَاتِ ٱلصُّدُورِ ٤٣
Al-Anfal 8:43
سورة الأنفال
Medinan
Verse: 43/75
Page 182
-
Arifi
الترجمة الطاجيكية - عارفي
[Ба ёд овар] Он гоҳ ки Аллоҳ таоло [иддаи] ононро дар хобат ба ту андак нишон дод ва агар эшонро бисёр нишон медод, мусалламан, суст [-у баддил] мешудед ва дар кори [ҷанг] ихтилоф мекардед. Вале Аллоҳ таоло [шуморо аз сустӣ ва ихтилоф] дар амон нигоҳ дошт. Бе гумон, Ӯ ба ончи дар синаҳост, огоҳ аст -
Тоҷикӣ translation
الترجمة الطاجيكية
43. Ба ёд ор (эй Паёмбар), Аллоҳ дар хоб миқдори душманонатро ба ту кам нишон дод. Пас мӯъминонро ба ин хабар додӣ, дилашон қувват пайдо кард ва бар ҷанги онҳо ҷасорат пайдо карданд. Агар шумораи онҳоро бисёр нишон медод, аз тарс нотавон мешудед ва дар тасмим ба ҷанг ба низоъ (ихтилоф) бармехостед, вале Аллоҳ шуморо аз душманон дар амон дошт, ки Ӯ ба он чӣ дар дилҳост, огоҳ аст! (1)
1. Тафсири Бағавӣ 3/364 -
Tajik - Tajik translation
Дар хоб Худо шуморашонро ба ту андак нишон дод. Агар шумори онҳоро бисёр нишон дода буд, аз тарс нотавон мешудед ва дар тасмим ба ҷанг ба низоъ бармехостед, вале Худованд шуморо аз душманон дар амон дошт, ки Ӯ ба он чӣ дар дилҳост, огоҳ аст!
Al-Anfal 8:43
Loading the recitation…
0:00