مَا كَانَ لِنَبِيٍّ أَن يَكُونَ لَهُۥٓ أَسۡرَىٰ حَتَّىٰ يُثۡخِنَ فِي ٱلۡأَرۡضِۚ تُرِيدُونَ عَرَضَ ٱلدُّنۡيَا وَٱللَّهُ يُرِيدُ ٱلۡأٓخِرَةَۗ وَٱللَّهُ عَزِيزٌ حَكِيمࣱ ٦٧
Al-Anfal 8:67
سورة الأنفال
Medinan
Verse: 67/75
Page 185
-
Arifi
الترجمة الطاجيكية - عارفي
Барои ҳеҷ паёмбаре сазовор нест, ки асироне [аз лашкари кофирон] дошта бошад, ки [битавонад бо эъдоми онҳо] дар замин куштори бисёре ба роҳ андозад [то ба ин васила душманро ба ваҳшат биандозад], Шумо [муъминон бо гирифтани фидя аз асирони Бадр сарват ва] колои дунёро мехоҳед ва Аллоҳ таоло охиратро [бароятон] мехоҳад ва Аллоҳ таоло шикастнопазиру ҳаким аст -
Тоҷикӣ translation
الترجمة الطاجيكية
67.Барои ҳеҷ паёмбаре шоиста нест, ки дар вақти асир гирифтани кофирон, онҳоро ба хотири фидя гирифтан озод кунад, бояд онҳо аз байн бурда шаванд ва шарри онҳо кам гардад. Шумо бо гирифтани фидя ва зинда нигоҳ доштани онҳо молу матоъи дунёро мехоҳед ва Аллоҳ маслиҳати охиратро мехоҳад. Ва Ӯ пирӯзманду ҳаким аст!(1)
1. Тафсири Саъдӣ 1/326 -
Tajik - Tajik translation
Барои ҳеҷ паёмбаре насазад* ки асирон дошта бошад, то ки дар рӯи замин куштори бисёр кунад. Шумо матоъи инҷаҳониро мехоҳед ва Худо охиратро мехоҳад. Ва Ӯ пирӯзманду ҳаким аст!
Al-Anfal 8:67
Loading the recitation…
0:00