تِلۡكَ ٱلۡقُرَىٰ نَقُصُّ عَلَيۡكَ مِنۡ أَنۢبَآئِهَاۚ وَلَقَدۡ جَآءَتۡهُمۡ رُسُلُهُم بِٱلۡبَيِّنَٰتِ فَمَا كَانُواْ لِيُؤۡمِنُواْ بِمَا كَذَّبُواْ مِن قَبۡلُۚ كَذَٰلِكَ يَطۡبَعُ ٱللَّهُ عَلَىٰ قُلُوبِ ٱلۡكَٰفِرِينَ ١٠١
Al-A'raf 7:101
سورة الأعراف
Meccan
Verse: 101/206
Page 163
-
Arifi
الترجمة الطاجيكية - عارفي
[Эй паёмбар] Инҳо шаҳрҳоест, ки бархе аз хабарҳояшонро бар ту ҳикоят мекунем. Бе тардид, паёмбарони онҳо далоили равшан барои эшон оварданд, вале онон намехостанд ба чизе, ки пештар дурӯғ шумурда буданд, имон оваранд. Аллоҳ таоло бар дилҳои кофирон, ин гуна муҳр [-и ғафлат] мениҳад -
Тоҷикӣ translation
الترجمة الطاجيكية
101.Инҳо шаҳрҳое ҳастанд, ки мо аз қавми Нӯҳ, Ҳуд, Солеҳ, Лут ва Шуъайб ахборашонро бар ту, (эй Расул) ҳикоят мекунем. Паёмбаронашон бо далелҳои равшан омаданд. Ва ба он чизҳо, ки аз он пеш дурӯғ хонда буданд, ба сабаби саркашиашон ва тасдиқ накарданашон ҳақро имон наёварданд. Ва Аллоҳ бар дилҳои кофирон инчунин мӯҳр мениҳад! Ин ҷазо ва азобест аз ҷониби Аллоҳ. Ва Аллоҳ бар онҳо ситам накардааст, балки онон худ бар хештан ситам карданд. (1)
1. Тафсири Саъдӣ 1/298 -
Tajik - Tajik translation
Инхо деҳаҳоест, ки мо ахборашонро бар ту ҳиконт кунем. Паёмбаронашон бо далелҳои равшан омаданд. Ва ба он чизҳо, ки аз он пеш дурӯғ хонда буданд, имон наёварданд. Ва Худо бар дилҳои кофирон инчунин мӯҳр мениҳад!
Al-A'raf 7:101
Loading the recitation…
0:00