وَقَالَ ٱلۡمَلَأُ مِن قَوۡمِ فِرۡعَوۡنَ أَتَذَرُ مُوسَىٰ وَقَوۡمَهُۥ لِيُفۡسِدُواْ فِي ٱلۡأَرۡضِ وَيَذَرَكَ وَءَالِهَتَكَۚ قَالَ سَنُقَتِّلُ أَبۡنَآءَهُمۡ وَنَسۡتَحۡيِۦ نِسَآءَهُمۡ وَإِنَّا فَوۡقَهُمۡ قَٰهِرُونَ ١٢٧
Al-A'raf 7:127
سورة الأعراف
Meccan
Verse: 127/206
Page 165
-
Arifi
الترجمة الطاجيكية - عارفي
Ва бузургони қавми Фиръавн [ба ӯ] гуфтанд: «Оё Мӯсо ва қавмашро раҳо мекунӣ, то дар ин сарзамин фасод кунанд ва ту ва маъбудонатро вогузорад»? [Фиръавн] Гуфт: «[Ҳаргиз, балки] Писаронашонро хоҳем кушт ва занонашонро [барои канизӣ] зинда хоҳем гузошт ва мо бар онон чираем» -
Тоҷикӣ translation
الترجمة الطاجيكية
127.Пешвоёни қавми Фиръавн гуфтанд: «Оё Мӯсо ва қавмашро мегузорӣ, то дар замин фасод кунанд ва туву маъбудонатро тарк гӯянд?» Фиръавн гуфт: «Писаронашонро хоҳам кушт ва занонашонро зинда хоҳам гузошт. Мо болотар аз онҳоем ва бар онҳо пирӯзӣ меёбем (ва онҳо наметавонанд аз фармони мо сар битобанд ва берун раванд!») (1)
1. Тафсири Саъдӣ 1/300 -
Tajik - Tajik translation
Меҳтарони қавми Фиръавн гуфтанд: Оё Мӯсо ва қавмашро мегузорӣ, то дар замин фасод кунанд ва туву худоёнатро тарк гӯянд?» Гуфт: «Писаронашонро хоҳам кушт ва занонашонро зинда хоҳам гузошт. Мо болотар аз онҳоем ва бар онҳо ғалаба меёбем!»
Al-A'raf 7:127
Loading the recitation…
0:00