وَأَوۡرَثۡنَا ٱلۡقَوۡمَ ٱلَّذِينَ كَانُواْ يُسۡتَضۡعَفُونَ مَشَٰرِقَ ٱلۡأَرۡضِ وَمَغَٰرِبَهَا ٱلَّتِي بَٰرَكۡنَا فِيهَاۖ وَتَمَّتۡ كَلِمَتُ رَبِّكَ ٱلۡحُسۡنَىٰ عَلَىٰ بَنِيٓ إِسۡرَٰٓءِيلَ بِمَا صَبَرُواْۖ وَدَمَّرۡنَا مَا كَانَ يَصۡنَعُ فِرۡعَوۡنُ وَقَوۡمُهُۥ وَمَا كَانُواْ يَعۡرِشُونَ ١٣٧
Al-A'raf 7:137
سورة الأعراف
Meccan
Verse: 137/206
Page 166
-
Arifi
الترجمة الطاجيكية - عارفي
Ва ба он гурӯҳе, ки ҳамвора мавриди ситам воқеъ мешуданд, [бахшҳои] шарқӣ ва ғарбии сарзамин [-и Шом]-ро, ки ба он баракат бахшида будем, ба мерос ато кардем ва ба подоши он ки шикебоӣ карданд, ваъдаи некуи Парвардигорат ба Бани Исроил [ёрии ситамдидагон] таҳаққуқ ёфт ва он чиро, ки Фиръавн ва қавмаш месохтанд ва бармеафроштанд, [яксара] вайрон кардем -
Тоҷикӣ translation
الترجمة الطاجيكية
137.Ва ба он мардуме (яъне бани Исроил), ки ба нотавонӣ афтода буданд, шарқу ғарби он сарзаминро (яъне Шом), ки баракат дода будем (бо зироат, меваҳо ва дарёҳо), ба мерос додем ва ваъдаи некӯе, (1) ки Парвардигори ту ба бани Исроил дода буд, ба он сабаб, ки сабр варзида буданд, таҳқиқ ёфт ва ҳар чиро Фиръавну қавмаш месохтанд аз иморатҳо ва он чизеро, ки бино мекарданд, аз қасрҳо вайрон кардем!
1. Ваъдаи Аллоҳ барои нусрат додани онҳо. -
Tajik - Tajik translation
Ва ба он мардуме, ки ба нотавонӣ афтода буданд, шарқу ғарби он сарзаминро, ки баракат дода будем, ба мерос додем ва ваъдаи некӯе, ки Парвардигори ту ба банӣ—Исроил дода буд, ба он сабаб, ки сабр намуда буданд, ба камол расид ва ҳар чиро Фиръавну қавмаш месохтанд ва қасрҳоеро, ки бармеафроштанд, вайрон кардем!
Al-A'raf 7:137
Loading the recitation…
0:00