وَجَٰوَزۡنَا بِبَنِيٓ إِسۡرَٰٓءِيلَ ٱلۡبَحۡرَ فَأَتَوۡاْ عَلَىٰ قَوۡمࣲ يَعۡكُفُونَ عَلَىٰٓ أَصۡنَامࣲ لَّهُمۡۚ قَالُواْ يَٰمُوسَى ٱجۡعَل لَّنَآ إِلَٰهࣰا كَمَا لَهُمۡ ءَالِهَةࣱۚ قَالَ إِنَّكُمۡ قَوۡمࣱ تَجۡهَلُونَ ١٣٨
Al-A'raf 7:138
سورة الأعراف
Meccan
Verse: 138/206
Page 167
-
Arifi
الترجمة الطاجيكية - عارفي
Ва Бани Исроилро аз дарё гузарондем, пас, [дар роҳ] ба қавме расиданд, ки барои [парастиши] бутҳояшон гирд омада буданд, [пас, онон низ] гуфтанд: «Эй Мӯсо, ҳамонгуна ки онон маъбудоне доранд, барои мо [низ] маъбуде таъйин кун». [Мӯсо] Гуфт: «Бе тардид, шумо гурӯҳе ҳастед, ки нодонӣ мекунед [ва азамати Аллоҳ таолоро намедонед] -
Тоҷикӣ translation
الترجمة الطاجيكية
138.Ва бани Исроилро аз баҳр гузаронидем. Пас бар қавме омаданд, ки парастиши бутҳои худро пайваста анҷом медоданд. Гуфтанд: «Эй
Мӯсо, ҳамон тавр, ки онҳоро маъбудонест, барои мо ҳам маъбуде қарор бидеҳ». Ин гуфторашон аз рӯи шак набуд, балки аз ҷиҳати таъзим ва наздик шудан ба Аллоҳ буд. Аз ҳамин сабаб Мӯсо барояшон гуфт: «Шумо мардуми нодон ва бехирад ҳастед ва таъзими Аллоҳро намедонед, ки ибодат ҷуз ба Аллоҳи якто ба дигар чизе сазовор нест. (1)
1. Тафсири Бағавӣ 3/274 -
Tajik - Tajik translation
Ва банӣ-Исроилро аз дарё гузаронидем. Бар қавме гузаштанд, ки ба парастиши бутҳои худ дил баста буданд. Гуфтанд: «Эй Мӯсо, ҳамон тавр, ки онҳоро худоёнест, барон мо ҳам худое бисоз». Гуфт: «Шумо мардуме бехирад ҳастед.
Al-A'raf 7:138
Loading the recitation…
0:00