وَٱتَّخَذَ قَوۡمُ مُوسَىٰ مِنۢ بَعۡدِهِۦ مِنۡ حُلِيِّهِمۡ عِجۡلࣰا جَسَدࣰا لَّهُۥ خُوَارٌۚ أَلَمۡ يَرَوۡاْ أَنَّهُۥ لَا يُكَلِّمُهُمۡ وَلَا يَهۡدِيهِمۡ سَبِيلًاۘ ٱتَّخَذُوهُ وَكَانُواْ ظَٰلِمِينَ ١٤٨
Al-A'raf 7:148
سورة الأعراف
Meccan
Verse: 148/206
Page 168
-
Arifi
الترجمة الطاجيكية - عارفي
Ва қавми Мӯсо пас аз [рафтани] ӯ [ба кӯҳи Тур] аз зеварҳояшон муҷассамаи гӯсолаеро сохтанд [ва парастиданд], ки садое [ҳамчун садои гӯсола] дошт. Оё намедиданд, ки [он пайкари беҷон] бо онон сухан намегӯяд ва ба роҳе ҳидояташон намекунад? Онро [ба парастиш] гирифтанд ва [ба хотири ин ширк нисбат ба хеш] ситамгор буданд -
Тоҷикӣ translation
الترجمة الطاجيكية
148. Қавми Мӯсо баъд аз рафтани ӯ ба ваъдагоҳи Парвардигораш ба кӯҳи Тур аз зеварҳояшон шакли гӯсолае сохтанд ва онро маъбуди худ гирифтанд, ки ӯ ҷасаде буд. (1) Оё намебинанд, ки он гӯсола бо онҳо сухан намегӯяд ва онҳоро ба ҳеҷ роҳе ҳидоят намекунад?»
Онро барои худ маъбуд гирифтанд ва бар худ ситам карданд.
1. Ҷасадеро сохтанд аз тилло ва ҷон надошт ва аз он овозе мебаромад. Тафсири Бағавӣ 3\283 -
Tajik - Tajik translation
Қавми Мӯсо баъд аз ӯ аз зеварҳояшон шакли гӯсолае сохтанд, ки овоз мекард. Оё намебинанд, ки он гӯсола бо онҳо сухан намегӯяд ва онҳоро ба хеҷ роҳе ҳидоят намекунад?» Онро ба худоӣ гирифтанд ва бар худ ситам карданд.
Al-A'raf 7:148
Loading the recitation…
0:00