وَقَطَّعۡنَٰهُمۡ فِي ٱلۡأَرۡضِ أُمَمࣰاۖ مِّنۡهُمُ ٱلصَّٰلِحُونَ وَمِنۡهُمۡ دُونَ ذَٰلِكَۖ وَبَلَوۡنَٰهُم بِٱلۡحَسَنَٰتِ وَٱلسَّيِّـَٔاتِ لَعَلَّهُمۡ يَرۡجِعُونَ ١٦٨
Al-A'raf 7:168
سورة الأعراف
Meccan
Verse: 168/206
Page 172
-
Arifi
الترجمة الطاجيكية - عارفي
Ва ононро дар замин ба сурати гурӯҳҳои мухталиф пароканда сохтем. [Бархе] Аз онон шоистаанд ва [бархе миёнарав ҳастанд ва гурӯҳе низ] ғайр аз инанд. Ва ононро ба некиҳо ва бадиҳо озмудем, бошад, ки [ба роҳи ҳақ] боз гарданд -
Тоҷикӣ translation
الترجمة الطاجيكية
168. Ононро (яҳудиёнро) гурӯҳ- гурӯҳ дар замин тақсим кардем, баъзе аз онҳо некӯкор ҳастанд ва баъзе дигар ғайри он ҳастанд.
Ва онҳоро ба некиҳову (фаровонӣ ва тандурустӣ) бадиҳо (қаҳтӣ ва вазнинӣ) озмудем, шояд ба тоъати Аллоҳ бозгарданд ва тавба кунанд. (1)
1. Тафсири Бағавӣ 3/295 -
Tajik - Tajik translation
Ононро гурӯҳ-гурӯҳ дар замин тақсим кардем, баъзе некӯкор ва баъзе ғайри он-Ва ба некиҳову бадиҳо озмудем, шояд бозгарданд.
Al-A'raf 7:168
Loading the recitation…
0:00