وَلِلَّهِ ٱلۡأَسۡمَآءُ ٱلۡحُسۡنَىٰ فَٱدۡعُوهُ بِهَاۖ وَذَرُواْ ٱلَّذِينَ يُلۡحِدُونَ فِيٓ أَسۡمَٰٓئِهِۦۚ سَيُجۡزَوۡنَ مَا كَانُواْ يَعۡمَلُونَ ١٨٠
Al-A'raf 7:180
سورة الأعراف
Meccan
Verse: 180/206
Page 174
-
Arifi
الترجمة الطاجيكية - عارفي
Ва зеботарин номҳо барои Аллоҳ таоло аст, пас, Ӯро ба он [номҳо] бихонед ва касонеро, ки дар [мавриди] номҳояш ба инҳироф мераванд [ва онҳоро таъвилу таҳриф мекунанд] раҳо кунед. Онон ба [сазои] ончи мекарданд, муҷозот хоҳанд шуд -
Тоҷикӣ translation
الترجمة الطاجيكية
180. Аз они Аллоҳ аст, некӯтарин номҳо, ки далолат бар камоли азамати Ӯ ҳаст.
Ба он номҳояш нидо кунед, он чиро ки ирода мекунед.
Ва тарк кунед онҳоеро, ки ба номҳои Аллоҳ каҷравӣ (1) мекунанд. Ба зудӣ ҷазои он чиро ки мекунанд, хоҳанд дид.
1. Яъне, номҳои Аллоҳро тағйир медиҳанд ё онҳоро ба дигар маъно баён мекунанд.
-
Tajik - Tajik translation
Аз они Худованд аст некӯтарин номҳо. Ба он номҳояш бихонед. Онҳоро, ки ба номҳои Худо каҷравӣ меварзанд, бигузоред. Инҳо ба ҷазои аъмоли худ хоҳанд расид.
Al-A'raf 7:180
Loading the recitation…
0:00