وَنَادَىٰٓ أَصۡحَٰبُ ٱلۡجَنَّةِ أَصۡحَٰبَ ٱلنَّارِ أَن قَدۡ وَجَدۡنَا مَا وَعَدَنَا رَبُّنَا حَقࣰّا فَهَلۡ وَجَدتُّم مَّا وَعَدَ رَبُّكُمۡ حَقࣰّاۖ قَالُواْ نَعَمۡۚ فَأَذَّنَ مُؤَذِّنُۢ بَيۡنَهُمۡ أَن لَّعۡنَةُ ٱللَّهِ عَلَى ٱلظَّٰلِمِينَ ٤٤
Al-A'raf 7:44
سورة الأعراف
Meccan
Verse: 44/206
Page 156
-
Arifi
الترجمة الطاجيكية - عارفي
Биҳиштиён дузахиёнро нидо медиҳанд, ки: «Мо он чиро, ки Парвардигорамон ба мо ваъда дода буд, дуруст ёфтем. Оё шумо [низ] он чиро, ки Парвардигоратон ваъда карда буд, дуруст ёфтед?» Онон мегӯянд: «Оре». Пас, нидодиҳандае миёнашон нидо медиҳад, ки: «Лаънати Аллоҳ таоло бар ситамгорон [кофирон] бод»! -
Тоҷикӣ translation
الترجمة الطاجيكية
44. Биҳиштиён дӯзахиёнро овоз диҳанд, ки мо
ба ҳақиқат ёфтем он савоби амалҳое, ки Парвардигорамон ба мо ваъда дода буд, оё шумо низ ба ҳақиқат ёфтаед он иқоби амалҳое, ки Парвардигоратон ваъда дода буд? Гӯянд: «Оре».
Он гоҳ нидодиҳандае дар миёнашон садо диҳад, ки лаънати Аллоҳ бар кофирон бод! (1)
1. Тафсири Табарӣ 12/447 -
Tajik - Tajik translation
Биҳиштиён дузахиёнро овоз диҳанд, ки мо ба ҳақиқат ёфтем он чиро, ки Парвардигорамон ваъда дода буд, оё шумо низ ба ҳақиқат ёфтаед он чиро, ки Парвардигоратон ваъда дода буд? Гӯянд: «Оре». Он гоҳ овоздиҳандае дар он миён овоз диҳад, ки лаънати Худо бар кофирон бод!
Al-A'raf 7:44
Loading the recitation…
0:00